БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАВСИЯИ МУТАХАССИОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ АВОРИЗИ БАЪДИ ГАРМИИ ҲАВО!

Рӯзҳои наздик ҳавошиносон гарм шудани якбораи ҳаворо дар кишвар пешгӯи мекунанд. Одамон ба гарм шудани муҳит ба тарзи  гуногун  вокуниш нишон медиҳанд - баъзеҳо гарм шудани ҳароратро бе ҳеҷ таъсири манфӣ ба саломатиашон пушти сар мекунанд ва баъзеи дигар бар асари он, рўйи кати беморӣ қарор мегиранд.

Ба гуфтаи мутахассисони  Бемористони Ибни Сино, ҳар одам дорои системи танзими гармии ба худ хосе мебошад, ки ё тариқи коҳиш ёфтани шиддатнокии мубодилаи моддаҳо дар организм ва ё тариқи зиёд гаштани шиддатнокии гармидиҳии бадан, амалӣ мегардад. Дар ҳарорати баланди муҳити атроф, рагҳои пӯст васеъ гардида, хун ба қисмати болои бадан мебарояд ва ҳарорати он баланд мешавад, аммо дар баробари ин гармидиҳии он низ меафзояд. Ҳамагӣ аз ҳисоби ин омилҳо организм дар ҳолати оромӣ то 70% гармии захиравии худро аз даст медиҳад. Боз 27-30 % дигари он, тариқи бухор гардидани об аз болои пӯст ва аз шуш ҳангоми нафаскашӣ истихроҷ мегардад.          

Мутахассисон огоҳ мекунанд, ки ҳавои гарм хусусан ба одамони гирифтор ба бемориҳои қалбӣ, бемориҳои урологӣ (хус усан санги гурда, чун дар ҳавои гарм беобгардии организм ба вуқӯъ мепайвандад ва меъёри калтсий ва маъданҳои дигар дар бадан зиёд гардида, ба шаклгирии сангҳо мусоидат мекунад), беморони диабети қанд, одамони гирифтор ба фишори артериалӣ ва пиронсолону кудакон хатар дорад.  Одамони гирифтор ба бемориҳои қалбӣ, бояд дар ин рӯзҳо мӯ ба мӯ тавсияҳои пизишконро иҷро кунанд ва вақти таъиншуда, доруҳояшонро истеъмол намоянд. Одамони дорои фишори баланд, бояд ҳар рӯз фишори артериалиашонро назорат кунанд ва беморони диабети қанд бошанд, меъёри қандро дар хун  контрол кунанд. Инчунин ҳавои гарм ва офтоби сӯзон барои одамоне, ки антибиотик истеъмол мекунад қатъият манъ аст, чун баъзе антибиотикҳо ҳассосияти пӯстро боло мебаранд.  Инчунин одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, атеросклероз, фарбеҳӣ ва бемориҳои эндокринӣ, дар ҳавои гарм  метавонанд мубтало ба офтобзадагӣ ва гармозадагӣ гарданд. Тафовути офтобзадагӣ аз гармозадагӣ дар он аст, ки ҳангоми офтобзадагӣ рӯйи инсон сурх гардида, ӯ ҷараёни хунро ба қисмати сар эҳсос мекунад. Дар баробари ин, гоҳҳо ҳолатҳои дилбеҳузурӣ, садо дар гӯшҳо, чарх задани сар, сардарди сахт, беҳолӣ, ларза дар дасту пой, ашкрезӣ, хунрави аз бинӣ ва беҳушӣ пайдо мешаванд. Аммо гармозадагӣ метавонад дар дохили бинои ҳарораташ баланд, ки норасоии ҳавои тоза ва намнокии зиёд дорад, ба вуқӯъ пайвандад. Аломатҳои офтобзадагӣ бо гармозадагӣ дар бештари маврид яксонанд, бо ин тафовут, ки дар гармозадагӣ ин аломатҳо оҳистатар буруз мекунанд ва дар инсон пастшавии ҳарорат, пайдоиши арақи часпак, нафаскашии тез-тез дида мешаванд.     

Мутахассисони бемористон барои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҳавои гарм риояти чанд қоъидаро тавсия мекунанд:     

1. Дар бинои камҳаво ва гарм бояд ҳатман конденсионер ё бодбезак насб кард.           

2. Барои рафъи ташнагӣ аз оби ширин ё турушкардашуда, квас, морс ё оби олуболу истифода намуд.       

3. Аз хӯрокиҳои равғанин ва сафедадор сарфи назар намуда, бештар ҷурғоту шир, меваҷот ва сабзавот истеъмол бояд кард.

4. Истеъмоли хӯрокро дар бегоҳирӯзӣ ба роҳ монед.

5. Нӯшокиҳои алкулиро истеъмол накунед.           

 6. Барои пешгирии офтобзадагӣ ва гармозадагӣ сигоркаширо низ кам бояд кард.     

7. Ба берун танҳо бо каллапӯш баромада,  кӯшиш намоед аз соати 11.00 то соати 16.00 дар зери нури офтоб қарор нагиред.

8. Бояд либосҳои фарох ва озоди пахтагинро, ки ба баромадани арақ монеъ намешаванд, пӯшид.       

9. Васоили косметикӣ ва кремҳоеро, ки ба фаъолияти озодонаи пӯст халал ворид мекунанд истифода набаред.       

10. Ҳар рӯз бо оби хунук ва ҳар бегоҳ пеш аз хоб бо оби ширгарм оббозӣ кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО