БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МАВОДИ УСТУХОНСОЗ

 

Мудири озмоишгоҳи

Бемористони Ибни Сино,

доктор Хуросон Набиева.                                                                                                                                

Тибқи назари мутахассисон, як то ду килло аз вазни умумии бадани инсонро калтсий ташкил медиҳад. Тақрибан тамоми ин килтсий дар сохтмони искелет ва устухонҳо ба кор рафтааст.

Боқимондаи он низ дар сохтмони дандонҳо ва дар дохили хун мавриди истифода қарор гирифтааст. Барои мисол нақши калтсийюми мавҷуд  дар хун  он қадар ҳаётӣ аст, ки  дар сурати лозима, ва камбуди он дар хун,  бадан калтсийюми устухонҳоро мегирад ва вориди хун мекунад. Калтсий ҷудо аз нақши муҳимаш дар саломатии устухонҳо, зарабони қалб ва фишори хунро низ контрол мекунад. Илова бар инҳо мутахассисон мегӯянд, ки калтсий дар паёмрасонии асабӣ ва дар сохтори ҳормонҳои мухталифи бадан, ба хусус онҳое, ки марбут ба  фаъолияти дастгоҳи гувориш ҳастанд, нақш дорад.  Мутахассисон мегӯянд, ки инсон баъд аз синни 35 солагӣ бофтаҳои устухониаш коҳиш меёбанд ва сабаби инро болоравии синну солӣ медонанд. Ба гуфти онҳо ин раванд дар ҳолати оддӣ ва табии барои инсон мушкиле эҷод намекунад. Аммо агар касе дар сини поини зиндагиаш ба мизони кофӣ калтсий захира накарда бошад ва ё дар синни пас аз 35 солагӣ, мийдори зарурии калтсийро дарёфт накунад, тахриби устухонҳояш аз ҳолати табии хориҷ шуда, шиддати бештар мегирад.

Табибон коҳиши таркиби устухониро дар мароҳили аввали он остеопния меноманд ва дар сурати шадид ё вахим шудани ин раванд, онро остеопороз ё пукии устухон ном мебаранд. Ба андешаи мутахассисон истеъмолкунандагони нӯшокиҳои спиртӣ ва ашхоси мубтало ба сигор дар маърази хатари бештаре, барои мубтало шудан ба бемории пукии устухон қарор мегиранд. Тибқи оморҳои расида, таъсири сигор дар коҳиши таркиби устухонҳо то ба он андоза аст, ки он эҳтимоли шикастани пойро, ҳатто дар сурати гирифтор набудан ба бемории пукии устухон ду баробар боло мебарад. Алкул низ бо эҷоди ихтилол дар ҷазби калтсийюм, сабаби коҳиши таркиби устухонӣ мешавад ва инсон ба бемории пукии устухон гирифтор мегардад. Хушбахтона калтсий дар хӯрокҳо ва ғизоҳои мавриди истифодаи рузмарраи мо мавҷуд аст. Ҳама медонанд, ки шир ва соири лабаниёт аз манобеъи аслии дарёфти калтсий шинохта шудаанд. Барои мисол дар як истакон шир ҳудуди 300 миллеграм калтсий мавҷуд аст, ки  як саввуми ниёзи рӯзонаи як фарди бузургсолро ташкил мекунад. Ва пурравған ё камравған будани лабаниёти масрафи шумо,  дар мизони дарёфти калтсий таъсире надорад, чун миқдори калтсий дар лабаниёти пурравған ва камравған як андоза аст. Дигар аз маҳсулоти калтсийдор сабзиҷот, монанди карами броколли, лубиё ва албатта моҳӣ ба шумор мераванд. Мизони лозимаи калтсийии мавриди ниёзи рӯзона, ҳудуди 1 000 миллеграм мебошад. Мутаасифона аз нисф зиёди инсонҳо, ҳатто дар кишварҳои пешрафта, ин миқдор калтсийро дар рӯз дарёфт намекунанд.

ФОТО

 

ВИДЕО