БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИИ ҶОҒАР

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббос Тавакуллиён.

 

Бемории ҷоғар, яъне ғадуди сипаршакл аз андоза калонтар шудан аст. Дар сурати ботаҷриба будани табиби эндокринолог метавонад тағйироти андозаи ғадуди сипаршаклро бо муоина ташхис гузорад. Дар сурате, ки табиб натавонад бо муоина андоза ва хусусиятҳои зобро муайян созад, он гоҳ тавассути УЗИ метавонад онро муайян созад.

Вуҷуд доштани гиреҳҳо дар ғадуди сипаршакл тавасути УЗИ муайян мешавад.

Ҷоғари содда дар ҳоле гуфта мешавад, ки андозаи ғадуди сипаршакл аз меъёр калон шудаст, вале миқдори ҳормонҳо дар ҳадди меъёр мебошанд. Одатан ҷоғари содда хеҷ аломати хос надорад. Ҳангоме ки миқдори ҳормонҳои ғадуди сипаршакл дар хун кам ё зиёд шавад, дар он сурат нишонаҳои ҷоғар зоҳир мегардад.  Дар ин сурат аломатҳо пайдо мешаванд ва худи бемор инро ҳис мекунад. Бинобар ин барои муайян намудани миқдори ҳормонҳо дар хун бояд озмоиш анҷом дода шавад.

Озмоишҳои аслӣ, ки фаъолити ғадуди сипаршаклро муайян месозанд 3-намуд мебошанд:

1-FT4

2-TSH (ТТГ)

3-TPO – Ab

Ҳадди ақал ин 3-намуд озмоиш анҷом дода шавад.

Ба назар чунин мерасад, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷоғар ба як ҳолати тарс ва суоли оммавӣ табдил шудааст. Ин тарс ва ташвиши берун аз қоида, ба хусус дар назди занҳои ҷавон, ки дар синни авлодоварӣ ҳастанд бештар дида мешаванд. Ин одамҳо аз аломатҳо ва нишонаҳои зиёде шикоят мекунанд ва ҳамаи ин аломатҳоро бо ин ҷоғар вобаста мекунанд ва ҳол он, ки ин гуна нест.

Бемории ҷоғар бояд бо камкории ғадуди сипаршакл (гипотериоз) ё пуркории он (гипертериоз) ҳамроҳ бошад, то аломатҳои бемориро зоҳир созад.  Ва ё ин, ки ғадуди сипаршакл ба илтиҳоб мубтало гардад (тироидит) то бемор дар ноҳияи гулӯ, дард ва эҳсоси нороҳатӣ пайдо кунад.

Аломатҳо ва нишонаҳои бемории ғадуди сипаршакл

Дар ҷоғари камкор (гипотериоз) бемор зуд монда ва хаста мешавад , эҳсоси хунукӣ ва сармо мекунад, камҳосила аст ва ҳолати афсурдагии хафиф дорад, зиёд мехобад,тамоми мушакҳои бадан ва буғумхои баданаш дард мекунанд, рӯи бемор бахусус зери чашмон варам мекунад, ранги рӯи бемор аз сурхӣ ба зардӣ ва рангпаридагӣ мегузарад,вазни бадан каме изофа мешавад, пӯст хушк ва шахшул мешавад, садо ғафс ва ҳангоми гапзанӣ паст мегардад. Бенамозиҳо номураттаб мегардад ва миқдори хунравӣ зиёд мегардад.

Дар ҷоғари пуркор ё (гипертериоз) бемор ҳангоми ҳаракати ҷисмонӣ ё баромадан ба баландӣ бо зинаҳо зуд хаста мешавад, дилаш тез-тез мезанад ва нафастангӣ дорад, эҳсоси гармӣ ва баланд шудани ҳарорати баданро дорад, хеле зуд арақ мекунад ва тоқати мондан дар ҷои гармро надорад. Дастонаш меларзанд ва пойҳо ҳангоми аз зинаҳо боло рафтан хаставу ларзон мешаванд. Кафи дастон сурх аст ва арақи гарм дорад. Вазни баданаш дар муддати кӯтох коҳиш меёбад ва бемор хароб мешавад. Бемор изтироби шадид дорад, эҳсоси нигаронии бедалел мекунад, хеле зуд асабонӣ мешавад ва пархош мекунад. Пилкҳои чашмҳо аз меъёри маъмулӣ бозтар мешаванд ва чашмон эҳсоси хирагӣ мекунад дар баъзе маврид як чашм ё ҳардуи чашм аз косахонаи чашм берун мезанад ва чашм ба берун барҷаста мешавад.

Дар илтиҳоби ғадуди сипаршакл аввал бемор ҳарораташ баланд мешавад, дард дар минтақаи гардан, гулӯ ва гӯши ҳамон тараф низ пеш меояд. Як ҳолати гулӯдарди чиркӣ, ки беш аз як ҳафта давом меёбад ва хуб намешавад. Бадани бемор дард мекунад ва чанд кило хароб  мешавад. Хастагии тамоми бадан ва тез-тез задани дил низ вуҷуд дорад. Асли аломат ин аст, ки ҳангоме ба ғадуди сипаршакл даст мезанем ва рӯи он фишор ворид мекунем ,хеле дарднок ва нороҳаткунанда аст.

Зоб ё ҷоғари гиреҳдор

Аввалин ҷумлае,ки дар бораи ин мавзӯъ бояд гуфта шавад ва шумо бояд дар хотир дошта бошед ин аст, ки аз 100-нафар ки барои УЗИ-и ғадуди сипаршакл ба бемористон меоянд, 20-25 нафарашон дар ғадуди сипаршакл як ё якчанд гиреҳ доранд. Яъне як чаҳоруми мардум ҷоғари гиреҳдор доранд ва худашон асосан хабар надоранд. Бинобар ин як ё якчанд гиреҳ ё киста дар ғадуди сипаршакл як мавзӯи комилан содда ва оддист, на як иттифоқи хатарнок ва муҳим. Аз ҳар 100-нафар 1- нафаре, ки бо ҷоғари гиреҳдор ба назди эндокринолог меоянд, 97% -онҳо гиреҳҳои хушсифат  ҳастанд ва ҳеҷ кори ҷидии дармонӣ лозим надоранд.Он чӣ ки зарурат аст, пайгирии солонаи ин беморон бо муоина ва як узист.То замоне ин гиреҳҳо аз назари андоза ва хусусиятҳо тағйири асосӣ накарда бошанд ба онҳо коре надорем.Фақат 3-5% чоғари гиреҳдор мухим ҳастанд, ки бояд бо сӯзани нозук биопсӣ шаванд. Пайдоиши як гиреҳ вакте дорои аҳамият аст,ки хусусиятхои зерро дошта бошад:

Гиреҳ фақат як адад бошад (гиреҳи ягона).Бар хилофи он чӣ шумо фикр мекунед , ҳар чӣ шумораи гиреҳҳо зиёд бошад, хатари бадсифатии онҳо камтар аст. Хатари як гирехе, ки андозааш 15мм мебошад, зиёдтар аст аз оне, ки якчанд гиреҳҳои хурд дар ҳар ду тарафи ғадуди сипаршакл ҷой доранд.

Агар гиреҳ хеле зуд рушд карда ва бузург шуда бошад, гиреҳҳое, ки дар арзи чанд моҳ ва босуръат калон мешаванд, мавриди аҳамият карор доранд. Гиреҳҳое, ки солҳои зиёд дар ғадуди сипаршакл буданд ва калон нашуданд он қадар аҳамият надоранд.

Агар ҷинси гиреҳ сифт ва сахт бошад ва ҳангоми муоина каме дарднок бошад аҳамият дорад.

Дар ҳамон тарафи гардан, ки гиреҳ дорад, ғадудхои лимфоиди калон пайдо шуда бошад аҳамият дорад.

Ёдатон бошад, ки пайдо шудани гиреҳ дар зоби як нафар, ки камтар аз 20-сол дошта бошад бисёр ҷиддӣ аст ва ҳатман бояд биопсӣ шавад то фикри мо ором шавад. Пас як духтар ё писар як гиреҳ дар гадуди сипаршаклаш пайдо шавад ҳамеша муҳим ва ҷиддист.

6- Ягон гиреҳи бузург ки боиси гирифтагӣ ва хушунати садо шуда бошад низ муҳим аст. Яъне садои бемор дучори ишкол шуда бошад.

Нуқтаи бисёр арзишманд:

Мабодо  бо як ҷоғари гиреҳдор ки ҳеҷ хусусиятҳои болоро надорад ва биопсӣ ҳам нашудааст ба тавсия барои амали ғадуди сипаршакл иҷоза бидиҳед. Ёдатон бошад ва ба дигарон ҳам бигӯед, ки дар аксари мавридҳо ҷаррохии ғадуди сипаршакл ба маротиб аз гиреҳи ғадуди сипаршакл хатарноктар мебошад. Ёдатон наравад, ки 20-25% аз ҳамаи аҳолии Тоҷикистон барои УЗИ-и ғадуди сипаршакл ба бемористон биёянд, бо як барга ки рӯи он навишта, ҷоғари гиреҳдор аз бемористон хориҷ хоханд шуд. Оё 20-25 дарсади аҳолии Душанбе барои амали ғадуди сипаршакл назди беморхона саф бибанданд? Барои ташхиси дақиқи як гиреҳ дар ҷоғар дар марҳилаи аввал муоинаи дақиқ лозим аст ва баъд аз он лозим шавад як УЗИ бо чанд озмоиши хун супорида мешавад ва агар гиреҳ шубҳанок бошад бо як сӯзани нозук биопсӣ мешавад. Агар дар биопсӣ гуфта шавад, ки гиреҳ ошкоро бадсифат аст он вақт мавриди чарроҳӣ қарор бигирад. Ёдатон бошад, ки ташхиси дақиқи гиреҳҳои ғадуди сипаршакл вазифаи пизишки эндокринолог аст на ҷарроҳ.Тасмими охир ҳам на ҷарроҳ, балки бояд эндокринолог бигирад. 

Ҷоғари камкор ва хамчунин ҷоғари пуркор (зоби заҳрдор) ба ҷуз аз мавриди хос, дармони тӯлонӣ ва бештари вақт дармони ҳамаи умрро лозим доранд. Ҷоғари камкори ташхисшуда аз рӯи анализи хун, агар беш аз як сол идома ёбад, ин аз он шаҳодат медихад,ки беморӣ то охири умр мемонад ва қурси левотироксин бе танаффус истифода мешавад ва ба мудати 4-6 моҳ як маротиба озмоиши ТТГ анҷом бояд шавад ва аз рӯи ин озмоиш миқдори масрафи дору танзим шавад.

Дар мавриди гипертериоз қурси Метимазол, Тиразол ё Мерказол бояд бо миқдори танзимшуда (бар асоси  миқдори ТТГ ва FT4)солҳо идома ёбад ва қатъ нашавад.

Барои дармони Гипертериоз табобати дигар мавҷуд аст ба мисли йоди радиоактивӣ, ки мутаассифона дар кишвари мо нест. Бинобар ин мо аз ҳамон қурси Метимазол ба микдори кам идома медиҳем ва дигар ҳам ба йоди радиоактивӣ зарурат нест.

ФОТО

 

ВИДЕО