БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

Терапевти бемористон,

доктор Ҳамроалиева Ноҳида.

 

Ятрогения (дар юнонии қадим  ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё ҳаяҷонии шахс аст, ки мутахассиси соҳаи тиб нохоста боиси рух додани он гардидааст. Пизишкон аввалин шуда  хатари фаъолияти касбии худро барои ҳаёт ва саломатии одамон дарк карданд.

Аллакай дар асри IV пеш аз мелод Ҳиппократ ваъдаи духтурро овардааст, ки: "Ман беморонро аз ҳама омилҳои зараровар ва барои онҳо номатлуб ҳифз менамоям", ки баъдан ба савганди духтурон табдил ёфтааст ва имрӯз бо истилоҳи “Савганди Ҳиппократ” маъруф аст. Тақрибан ду ҳазор сол қабл, мафҳумҳои : "Primum nоn nосеrе"  (пеш аз ҳама осеб нарасон), "Nihil nосеrе"  (дар  ҳеҷ сурат осебе нарасон), асли фаъолияти пизишкон гардид ва ҳамчун шиори аввалиндараҷаи  пизишк  қабул  шуд.

Баъдтар, бемориҳоеро, ки бар асари расонидани ёрии тиббӣ ба миён меомаданд, ятрогенӣ номиданд, яъне, беморие, ки дар натиҷаи дахолати корманди тибб дар бемор пайдо гардидааст.

Ятрогенияро ба 5 гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

 - рӯҳзодӣ(психогенӣ),

- доруӣ,

- осебӣ,

- сироятӣ,

- омехта.

Ятрогенияи рӯҳӣ дар шакли невроз, мушкилоти рӯҳӣ(психоз), асабсустӣ (неврастения), ғашён(истерия), тарсу ваҳм(фобия), рӯҳафтодагӣ(депрессия), изтироб, ихтилоли рӯҳафтодагӣ ва савдовӣ(ипохондрӣ) зоҳир мегардад. Онҳо аз беэътиноии бемор ба машварати пизишк ва дар натиҷа нодуруст фаҳмидани суханҳои корманди тиб дар бораи вазъи саломатияш, шиносоӣ бо таърихи бемории худ ва надонистани адабиёти махсуси тиббӣ сар мезананд.

Илова шудани ятрогенияи рӯҳӣ  ҷараёни бемории асосиро вазнин гардонида, эҳтимоли пайдоиши бемориҳои навро, масалан дар бемористон, зиёд мегардонад,. Мутаассифона, сабти ятрогенияи рӯҳӣ гузаронида намешавад.

Ятрогенияи доруӣ. Сабаби ин беморӣ доруворие мебошад, ки онро пизишк таъин кардааст. Мафҳуми "бемории доруворизод"-ро ба ҳамаи шаклҳои клиникии бемориҳо, ки бо зарари мустақим ё ғайримустақими баъзе ҷузъҳои доруҳо ва таркибҳои онҳо ба миён меояд, вобаста кардан мумкин аст. Таснифи зиёди бемориҳои доруворизод вуҷуд дорад. Масалан, Андерсон дар байни бемориҳои доруворизод (ба истилоҳи ӯ - аксуламалҳои доруворӣ) аксуламалҳои бадан (пӯст, хун, ҷигар, сар), аксуламалҳои  умумӣ (анафилаксияҳои системавӣ, аксуламалҳои анафилактоидӣ, қаҳири густурда, омоси Квинке, табларзаи доруворӣ, аксуламалҳои аутоиммунӣ, газаки доруворизод, аксуламалҳои ба бемории мушобеҳи зардоба), аксуламалҳои аллержии козиб (псевдо-аллергӣ) -ро тасниф медиҳад. Сабти ҳатмии бемориҳои доруворизод ҳам вуҷуд надорад.

Ятрогенияи осебӣ. Барои бемориҳое, ки бар асари омилҳои зарарноки тиббии табиӣ ва механикӣ рух додаанд, одатан истилоҳи “осебҳои тиббӣ ва оқибатҳои онҳо” истифода бурда мешавад. Ба ин гурӯҳ осебҳои ҷарроҳӣ, амалҳои дастӣ ва тасодуфии тиббӣ, сӯхтагиҳо (радиатсионӣ, гармӣ, кимиёвӣ) ва оқибатҳои осебҳо дохил мешаванд.

Ятрогенҳои сироятӣ (сироятҳои ятрогенӣ). Ҳамаи бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ сироят ёфтаанд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.  

Ятрогения як мушкилии хеле сахт аст. Зараре, ки ҳангоми табобат ба бемор расонида шудааст (масалан, аксуламали эътилолӣ ба дору, иштибоҳ ҳини амалиёти ҷарроҳӣ, осебрасонӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра) ҳамеша аз тарафи беморон ва хешовандони онҳо - ҳамчун хатари махсуси ахлоқӣ ва табоҳиовари равонӣ қабул гардида ба вокуниши шадид мувоҷеҳ мешаванд. Ин бо он вобаста аст, ки ятрогения то андозае зарари дуҷониба дорад: зарари ҷисмонӣ (азияти иловагӣ ба ҳолати ибтидоии бемор) аз сӯи бемор ва наздиконаш  ҳамчун ҳолати дуруст иҷро накардани  ӯҳдадориҳо ва интизориҳои ахлоқӣ аз сӯи корманди тиб маънидод мешавад. Дар ин ҳол мавқеи бемор қобили дарк аст, зеро ӯ  дар ҳолати ранҷу азоб ба кӯмак ниёз дорад ва бо эътимод ба пизишк муроҷиат мекунад ва дар чунин асно ба ӯ ранҷу озори нав расонда мешавад.

Дар асл ҳеч пизишке намехоҳад, ки сабаби ятрогенизм дар бемор гардад ва ду ҳолат аст, ки сабаби ятрогенизм мешавад. Ҳолати аввалро мафҳуми бепарвоӣ ё хунукназарӣ номидан мумкин аст. Баъзан иттифоқ меуфтад, ки пизишк барои ҷилавгирии зарар чораҳои лозимаро намеандешад.

Ҳолати дуввумро бесалоҳиятӣ номидан мумкин аст. Надоштани салоҳият натиҷаи норасоии таҷриба, надоштани маълумоти кофӣ дар бораи беморӣ, иттилоъ дар бораи бемор, кофӣ набудани салиқаи амалӣ ва дастрас набудани имконияти хоси техникӣ ва ҳам ҷисмонӣ буда метавонад. Марзҳои беэътиноӣ ва бесалоҳиятӣ хеле зарифанд ва аксаран беморон на ҳама вақт инро дарк мекунанд. Танҳо коршиносон дараҷаи хунукназарӣ ё бесалоҳиятии пизишкро дар асоси таърихи тиббии бемор, ки дар он тамоми далелҳои рафтори корманди тиббӣ сабт мешавад, арзёбӣ карда метавонанд. Дар ҳолатҳои марганҷомӣ ташхиси хунукназарӣ ё бесалоҳиятии пизишк танҳо бо боз ва баррасӣ кардани ҷасад имконпазир мегардад. Дар Тоҷикистон ташхиси патологоанатомӣ танҳо бо ризоияти хешовандони мавфут  имконпазир аст вале хешовандони бемор одатан дар асоси суннатҳои мазҳабӣ ва миллӣ ба гузарондани ин ташхис иҷозат намедиҳанд, ин омил имкон намедиҳад, ки омори иштибоҳҳои тиббӣ бурда шавад, ки вазъи ятрогениро то андозае беҳтар намояд ва ба саволҳои зиёде посух диҳад, ки дар давоми ҳаёти бемор ташхис нашудааст.

Бо назардошти он ки ятрогения дар айни замон мушкилест, ки ҳам беморон ва ҳам пизишконро ба ташвиш овардааст, шояд, қабули қонун дар бораи ташхиси ҳатмии патологоанатомии мавфут ин имконро фароҳам орад, ки пеши роҳи беэътноӣ ва бесалоҳиятиро то андозае гирифта шавад ва кормандони тиббиро водор созад, ки масъулияти худро бештар эҳсос намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО