БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ФИЗИОТЕРАПӢ ҲАНГОМИ ОСТЕОХОНДРОЗИ СУТУНМӮҲРА!

Мудири бахши физиотерапӣ,

Бемористони Ибни Сино,

доктор Каримов Муҳибулло.

 

Ба бемории остеохондрози сутунмуҳра бештар одамони солхурда гирифтор мешуданд, аммо солҳои охир остеохондроз миёни ҷавонон ҳам зиёд паҳн гардидааст.

Ин беморӣ метавонад таъсири зиёди манфӣ ба ҳалқаҳои байнисутунмуҳравӣ расонида, баландии онҳоро тағйир диҳад ва билохира ба баромадагӣ (протрузия) ва чурраи (грыжа) сутунмӯҳра оварда расонад. Дар бобати пайдоиши остеохондроз низ назарҳо мутафовитанд. Баъзеҳо сабаби онро ҷароҳатҳо, баъзеи дигар тағйиротҳои синну соли дар бофтаҳо ва бархе дар бад шудани гардиши сегментарии хун медонанд. Остеохадроз, маъмулан қисмати камару чорбанди сутунмӯҳраро фаро мегирад, ки ин метавонад боиси эҷоди дарду кашиши мушакҳо, сардард, ҳолати карахтӣ дар дасту пой, халал дар гардиши хун ва кори дастгоҳи вистибулёри гардад.

Остеохандроз ниёз ба табобати ҷомеъ бо дорӯ ва бо равишҳои физиотерапӣ дорад. Физиотерапӣ усули муосир ва бисёр самараноки табобати остеохандроз ба шумор меравад. Ин усули табобат дақиқан ба маҳалли илтиҳоб таъсир расонида, узвҳо ва бофтаҳои умумро фаро намегирад. Ба василаи физиотерапӣ ҳисси дард аз байн бурдашуда, муҳраҳои зарардида ду бора барқарор мегарданд ва ҳаҷми чурраҳо хурд мешавад. Инчунин истифодаи ин усул, илтиҳоби сутунмӯҳраро коҳиш дода, ҳаракати муҳраҳоро барқарор мекунад ва варами бофтаҳоро бартараф намуда, гардиши хунро дар қисмати илтиҳобӣ барқарор мекунад. Физиотерапӣ кори тамоми узвҳои даруниро ба танзим дароварда, инчунин системаи иммунии баданро тақвият мебахшад. Ин натиҷаро ба василаи тазриқи дорӯ намешавад ба даст овард, чун дорӯҳо бо хун ба тамоми бадан мунтақил меёбанд ва ба тамоми узвҳо таъсир мегузоранд.

Дар бахши физиотерапии Бемористони Ибни Сино, барои табобати остеохандроз ва чурраи сутунмӯҳра усулҳои зерини табобати  мавриди истифода қарор гирифтаанд.   

1. Магнитдармонии паст- ва баландбасомад (низко- и высокочастотная магнитотерапия) - ҳангоми истифодаи ин усул, импулсҳои пастбасомади майдони магнитӣ ба бофтаҳо таъсир расонида, часпандагии хунро тағйир медиҳанд, варам ва кашиши мушакҳо бартараф намуда, рагҳои хунгардро васеъ мегардонад. Ҳамаи ин, ба раванди мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳои илтиҳобӣ кумак мерасонад.

2. Электрофорез бо карипазим. Ин усул, роҳи ягонаи бе ҷарроҳӣ кам кардани чурраи сутунмӯҳра ба шумор меравад. Дорӯи "Карипазим" аз шираи попойӣ омода мегардад ва зиёда аз 10 сол аст, ки барои табобати чурраи ҳалқаҳои сутунмӯҳра бо муваффақият мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин усули табобат аз ҷониби бахши эҳёи асабии Пажуҳишгоҳи Илмии Ҷарроҳии асаби ба номи Н.Н. Бурденкои шаҳри Маскав роҳандозӣ гардидааст. Маҳлули хокаи карипазим бо усули электрофорез, дар давраи муолиҷа тазриқ мегардад. Табобат бо дорӯи карипазим, бо эҳтимоли зиёд метавонад ҳангоми чурраҳои хурд (ҳаҷмашон 5-6 мм) дахолати ҷарроҳиро бартараф кунад. Табобат бо ин дорӯ, ҳатто ҳангоми шаклҳои музмин ва пешрафтаи чурраи сутунмӯҳра, натиҷаҳои хуб медиҳад. Аммо аз ҳама бештар истифодаи ин усул, дар давраҳои аввалияи беморӣ самаранок қарор мегирад. Маводҳои фаъоли биологӣ, ки ба таркиби карипазим шомил гардидаанд, ба бофтаҳои ғузруфӣ ҳам таъсири мусбат мерасонанд. Аз ҳама фазилати арзишманди попойё, онзими (ферменти) протеолитикии папаин ба шумор меравад, ки дар таркиби меваҳо ва баргҳои попойӣ фаровон вуҷуд дорад. Таҳти таъсисри папаин, чурра мулоим гардида, қисмати асабӣ пахш кардаро озод мекунад. Умуман ин дорӯ, ба тамоми ҳалқаҳо таъсири мусбат мерасонад. Ҳалқаҳои сутунмӯҳра хуссусиёти ёзандагии худро барқарор намуда, фасеҳтар ва мустаҳкамтар мегарданд. Ин усул 3 давраи табобатро, ки ҳар кадом аз 30 рӯз иборат мебошанд, дар бар мегирад. Миёни давраҳо танаффуси 1-2 моҳа дар назар гирифта мешавад.

Карипазин (карипаин, карипаин-плюс) - 30 шишача, маҳлули физиологӣ (p-p NaCI 0,9%), 10 мл - 30 омпул (ё як шишача 400 мл), димексид - 1 шишача, эуфиллин 2,4% - 10 мл - 30 омпул аз дорухонаҳо дастрас мегардад.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки табобати чурраи сутунмӯҳра ба василаи карипазим метавонад вокунишҳои аллергекиро дар баъзе афрод ба бор орад. Дар ин ҳолат истифодаи дорӯҳои зиддигистаминӣ тавсия мегарданд ва аз маҳлӯли карипазим димексидро хориҷ карда, нерӯи барқро ба сурати ҷудогона бояд интихоб намуд (аммо ин нерӯ набояд аз 4мА камтар бошад). Вақти табобати электрофорез низ камтар карда мешавад (аммо аз 10 дақиқа набояд камтар бошад).

Миёни рузҳои 5 ум ва 8 уми табобат, бемории аслӣ метавонад ташаннуҷи муваққатӣ пайдо кунад, аммо баъди 3-5 амал одатан ташануҷ паст мегардад.

3. Баъди итмоми давраи аввали табобати электрофорез бо карипазим, ки аз 30 амал иборат меёбад, мустаҳкам кардани искелети мушакии камар тавсия мешавад. Ин амалкард бо роҳи таҳлияи (электромиостимулятсия) мушакҳои наздисутанмӯҳравӣ амалӣ мегардад. Табобати мазкур аз 10-12 амал иборат буда, ҳафтае 1-2 амал гузаронида мешавад. Баъди анҷоми ин табобат, бемор бояд ҳолати мушакҳоро бо машқи махсус мувозибат диҳад. 

4. Тамриноти физиотерапӣ - шояд яке аз усулҳоест, ки дар физиотерапӣ барои табобат ва пешгирии остеохандроз дар давраи аввалияаш мавриди истифода қарор мегирад. Барои ҳар як бемор, маҷмӯаи вежаи тамринот (машқҳо) интихоб карда мешавад. Истифодаи усули лозимаро, албатта бо маслиҳати пешакӣ бо бемор ва баъди гузаронидани таҳқиқотҳои ҳолати саломатии ӯ, табиб интихоб мекунад. Муолиҷаи физиотерапиро танҳо ҳангоми имтиёд (ремиссия) ва беҳбудии беморӣ таъин мекунанд.

Ҳолатҳои ғайринишондодӣ барои физиотерапӣ; беморони онкологӣ; ашхосе, ки мубтало ба бемориҳои шадиди бадан мебошанд; афроде, ки мубтало ба бемориҳои системи дилу-раг ва роҳҳои нафаскашӣ мебошанд; афроде, ки халал дар кори ҷигар ва гурдаҳояшон доранд; занони ҳомила; афроди дорои бемориҳои пӯст; ва афроде, ки халалҳои равонӣ доранд.

Ногуфта намонад, ки сари вақт ошкор кардани беморӣ ва муроҷиат ба мутахассиси ҳирфаӣ, имкон медиҳад сутунмӯҳраро пеш аз он, ки мубтало ба мушкилоти ҷиддӣ гардад табобат намуд.                   

ФОТО

 

ВИДЕО