БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУСОҲИБАИ МУДИРИ БАХШИ ГӮШ, ГУЛӮ ВА БИНИИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО, ДОКТОР НОЗИМ ШОДИЕВ БО ХАБАРНИГОРИ РӮЗНОМАИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо аксари кӯдакон аз мушкилии нафаскашӣ азият мекашанд. Ҳангоми сӯҳбат бо волидони онҳо маълум гардид, ки табибон бисёр вақт доштани гӯшти зиёдатӣ дар ковокии бинӣ ё каҷшудани устухони онро сабаби аслии ин мушкил медонанд. Инчунин маълум гардид, ки ин  мушкил бештар дар фасли сармо кӯдаконро азият медиҳад.

 

Сабабҳои ин беморӣ дар чист ва он чӣ паёмадҳо дошта метавонад. Дар ин маврид сӯҳбате доштем бо доктор Нозим Шодиев, мудири бахши гӯшу гулӯ ва бинии Бемористони Ибни Сино.

Сохтори бинӣ

1.Пеш аз ҳама сабабҳои пайдошавии гӯшт дар роҳҳои болоии нафас, аз ҷумла биниро мегуфтед?

-Пайдоиши салилаҳо (гӯшти зиёдатӣ) дар ковокии бинӣ, сабабҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои асосии он, раванди бодигармӣ (аллергекӣ) аст, ки боиси илтиҳоби луобпардаи ковокии бинӣ мешавад.

2.Дар кадом сину сол пайдо шуданаш мумкин аст?

- Салилаҳои ковокии бинӣ метавонанд дар ҳамаи синну сол вохӯранд, аммо то соли булуғ нисбатан камтар буда, бисёртар пас аз синни булуғ ва бештар дар мардҳо вомехӯранд.

3.Ин иллат чӣ нишонаҳо дорад ва роҳҳои муолиҷаи он кадом аст?

Аломатхои асосии бемори инҳоянд:

-душвории нафаскашӣ бо бинӣ;

-рехтани оби бинӣ;

-ҳиссиёти бӯи бад дар бинӣ;

-кам ё пурра гум шудани ҳисси бӯй.

Роҳҳои табобати ин беморӣ аз раванди беморӣ вобаста буда, метавон дар марҳилаи аввал тавассути доруворӣ табота шавад ва дар ҳолати кӯмак накардани табобати доругӣ ба тариқи ҷарроҳӣ табобат гузаронида мешавад.

4.Агар ин иллатро муолиҷа накунанд, чӣ паёмадҳои ногувор дорад?

Дар ҳоли дуруст муолиҷа накардани ин беморӣ, бемор метавонад ба оризаҳои гуногун дучор шавад, ба монанди : илтиҳоби гӯши миёна, фарингит, ларингит, бронхит, астмаи бронхиалӣ (диққи нафас), пневмония ва ғайраҳо.

5. Боз кадом омил ба душвории нафаскашӣ меорад?

- Каҷшавии миёндевори бинӣ низ ба душвории нафаскашӣ меорад.

6.Фарқияти байни гӯшти зиёдатӣ ва каҷии миёндевори бинӣ дар чист?

Ин ду бемории алоҳида буда, аз рӯи пайдоиш, раванд, аломатҳо ва ҳатто тарзи табобат  аз ҳам фарк мекунанд, ки ин ҳангоми аз тарафи духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ моина шудан, муайян карда мешавад. Агар дар маризи якум сабаби душвории нафаскашӣ салилаҳои (гӯшти зиёдатӣ) ковкии бинӣ бошад,  дар бемории дуввум сабаби душвории нафаскашӣ,  каҷшавии тағояк ё устухони миёндевори бинӣ мебошад, ки бо ин ё он сабаб каҷ шудааст.

7.Ин беморӣ метавонад ирсӣ бошад?

Яке аз назарияҳои пайдоиши салилаҳои ковокии бинӣ ирсият мебошад.

8.Устухони каҷшудаи биниро чӣ гуна муолиҷа мекунанд?

Каҷии миёндевори бинӣ танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф карда мешавад. Табобати гӯшти зиёдатии роҳи нафас ва каҷии устухонҳои дохили биниро мо дар Бемористони Ибни Сино ҳам бо тарзи доругӣ ва ҳам бо тарзи ҷарроҳии эндоскопӣ, ки камзахм аст, анҷом медиҳем.

ФОТО

 

ВИДЕО