БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бархӯрд бо короновирус!

Дӯстони гиромӣ!

Вируси короно бо ғофилгирӣ дунёро такон дод. Ин офат то чи андоза шикастпазир будани назми дунёи ҷаҳонигаштаро бармало кард. Дар ростои ин офат Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва ҳукумати кишварҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд то зиёни ҷониву молии он камтар шавад.

Паҳншавии вируси мазкур ду паёмад дорад ва вобаста аз он дар ҳоли ҳозир ду бархӯрд дар муқобила бо ин вирус дар амал аст.

Бархӯрди аввалӣ ҳамон қарантина аст, ки дар назари аввал роҳи муассиртар намояд ҳам, дар асл мушкили зиёде пеш овард. Пеш аз ҳама ин офат ба саломатии одамон таҳдид мекунад, ки вобаста аз он кишварҳо барои пешгирии шуюъи он қарантина ворид карданд. Сабаби асосии ворид кардани қарантина кам кардани фишор бар низомҳои беҳдошт ва бемористонҳо буд, зеро теъдоди зиёди мубталошудагон дар Чину Эрон ва Итолиё ба бемористонҳо рехтанд ва маълум шуд, ки бемористонҳо барои қабули чунин теъдод омода нестанд. Вале ворид кардани қарантина ба низоми молии дунё ва кишварҳои алоҳида зарбаи бесобиқа ворид кард, ки ҳукумати кишварҳо маҷбур шуданд, барои дастгирии ширкатҳо сандуқҳои миллиарддолларӣ тахсис диҳанд. Ва муттаассифона маълум нест, ки ин паёмади молӣ то чи андоза ҷонкоҳ хоҳад буд.

Бархӯрди дувум бо назардошти он ки ин вирус дунёгир шуда ва дигар қарантина роҳи пешгирии муассир ба назар намеояд ва илова бар он бӯҳрони бесобиқаи молиро дар пай хоҳад дошт, роҳи пешгирии инфиродӣ аз олудашавиро пешниҳод менамояд. Қобили қайд аст, ки хатари маргумир аз ин вирус бештар ба ҳаёти касоне таҳдид мекунад, ки системи эмании заъиф доранд. Ба ин гурӯҳ касони мубталои бемориҳои диабети қанд, норасоии дилу раг, норасоии гурда, шахсони солхӯрда дохил мешаванд. Ба иттилоъи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва коршиносони соҳа шахсони дигар ин бемориро ба осонӣ пушти сар мекунанд ва баданашон ба он муқовим мегардад.

Аз ин сабаб бархӯрди дувум бар он асос ёфтааст, ки фаъолияти ашхоси гурӯҳи риск бояд сахт контрол шавад ва ҳаддалимкон аз хона берун наоянд. Дигарон бояд бо риояи ҳатмии дастуроти беҳдоштӣ ба фаъолияти рӯзмарраи худ давом диҳанд. Гуфта мешавад, ки бо риояи талаботи беҳдоштӣ ҳатто дар мавзеъи паҳншавии вирус метавон аз олудашавӣ канор монд.

Бори дигар тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро дар ростои пешгирӣ аз олудашавӣ ба Шумо пешниҳод менамоем. Ба умеди саломатии ҳар яки мову шумо!

Тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) барои пешгирӣ аз вируси короно:

1. Вируси короно аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва лутфан пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед.

2. Вируси короно дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи филизӣ аз 12 то 20 cоат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад.

3. Ин вирус то 60 дараҷаи сонтигрод дар бадан зинда аст, вале дар ҳавои кушод дар дамои болои 30 дараҷа мемирад. Пас беҳтар аст, шустушӯҳо ва назофатҳоро бо оби гарм анҷом диҳед.

4. Короновирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн меравад.

5. Либосҳоро зери нури офтоб ё руи гармкунакҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм ҳаммом кунед.

7. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм, чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм бинӯшед.

8. Ҷои ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас мураттаб биниатонро бо оби гарм шустушӯ кунед.

9. Агар ба нӯшидании гарм дастрасӣ надоред, сақич бихоед, то гулӯятон мураттаб бо оби даҳонатон тар ва шустушӯ шавад.

10. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бошад.

11. Дар тӯли рӯз чандин маротиба ба муддати 10-15 сония нафасатонро нигаҳ доред ва сипас хориҷ кунед. Агар сулфа ё тангии нафас пайдо кардед, ҳатман ба маркази дармонӣ муроҷиат кунед. Қабл аз пайдоиши мушкили танаффусӣ ба табиб муроҷиат кунед, то дер нашуда бошад.

12. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед:

- аввалан, фосилаи 1,5 метрӣ аз дигаронро риоят кунед;

- дуввум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500 ноно метр), ва ба замин меуфтад, кафшҳоятон манбаи муҳими олудагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро дохили хона наоред, доим онҳоро тоза кунед.

13. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад аз дигарон фосила гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҷазб шавад ва пароканда нагардад.

14. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз моск истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз моск намегузарад. Вале москро доим бояд хушк нигоҳ дошт. Яъне онро зуд-зуд бояд иваз кард.

Бо орзуи нарасидани пои ин офат ба кишвари азизамон ва саломатии мардуми шарифи Тоҷикистон!

ФОТО

 

ВИДЕО