БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ҳаёт пас аз сактаи миокорд

Кардиологи бемористон, 

доктор Мусоева Марҷона.

 

Сактаи миокорд - марги ҳуҷайраҳои миокорд (кардиомиоситҳо) буда, ба далели ишемия, яъне норасоии таъмини хун ба қитъаи хоси мушаки дил пеш меояд.

Ин ҳолат, бештар дар натиҷаи пурра ё қисман баста шудани шараёни коронарӣ ба василаи тромб ё спозми шадид пайдо мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳам, мисли дигар гӯшаҳои дунё бемории ишемикии дил густардатарин иллати марг ба шумор меравад. Мутаассифона ин беморӣ сол ба сол ҷавонтар мешавад. Ман ҳамчун пизишки қалб дар таҷрибаи кориам ҷавонони зиёдеро дидаам, ки сактаи миокордро паси сар кардаанд. Дар мавриди сабабҳо ва паёмадҳои гирифтории ҷавонон ба сактаи қалбӣ ҳар бор ба натиҷае мерасем, ки саломатии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Тарки саривақтии одатҳои бад, истеъмоли хӯроки дурусту муносиб, тарзи ҳаёти солим ва назорати ҳамешагӣ бар саломатӣ метавонад инсонро аз дучор шудан ба сактаи миокорди шадид наҷот диҳад.

Албатта сакта ҳамеша поёни кор нест ва зиндагӣ баъди он низ метавонад идома ёбад, аммо ин ҳолат тағйироту танзимотеро дар тарзи фикр, тарзи ҳаёт ва муносибати бемор ба худу дигарон эҷод мекунад.

Аз ҳама муҳим дармони саривақтӣ ва муносиб, барқарорсозии марҳилавӣ ва кӯмаки равонӣ мебошад. Ҳангоми барқароршавӣ дар ноҳияи сактаи миокорд бояд ҷои захм шакл бигирад. Ин қитъа дигар наметавонад ба пуррагӣ фаъолият кунад, бинобар ин вазифаи онро қисматҳои ҳамсоя бояд ҷуброн кунанд. 

Тавсия ба беморон

Парҳез

Барои кам кардани сатҳи холестерин бояд миқдори истеъмоли чарбуи ҳайвонотро дар хӯрок ҳам кам кард. Беҳтар аст аз маҳсулоти камравғани ширӣ ва гӯшти парранда истифода кард. 

Моҳии баҳрӣ - манбаи комили сафеда ва кислотаҳои равғании серғизо ба шумор меравад, ки ба болоравии сатҳи холестерини “хуб” (липопротеидҳои зичиашон боло) мусоидат мекунад. Инчунин истеъмоли бештари сабзавоту меваҷот тавсия мешавад. 

Ғайр аз ин истифодаи намак низ бояд то 5 мг дар рӯз кам карда шавад. Ин кор барои кам шудани моеъот ва варамҳо дар бадани инсон тавсия мешавад. 

Назорати вазни бадан

Вазни изофӣ - омили хатар барои рушди фишори болои хун (ҳипертонӣ) ва дигар бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва ғайра ба шумор меравад. Барои кам кардани эҳтимоли рушди такрории сакта мутахассисон тавсия медиҳанд вазнро ба тадриҷ ба василаи парҳез кам карда, фаъолияти муносиби ҷисмониро интихоб намоянд. 

Машқҳо ва фаъолияти ҷисмонӣ

Баъди сактаи миокорд барои ҳар бемор бо сурати фардӣ машқҳои ҷисмонӣ тавсия дода мешавад ва ин машқҳоро мешавад оҳиста - оҳиста афзоиш дод. Машқҳои сабук вп мутавассит (миёна) ба ҳифзи вазни мӯътадил мусоидат карда, мубодилаи моддаҳоро фаъол ва сатҳи қандро дар хун кам мекунад ва инчунин фишори хунро мӯътадил месозад.  Фаъолияти ҷисмонии бемороне, ки сактаро паси сар кардаанд, дар оғоз бояд зери назорати табибон ва баъдан мустақилона сурат бигирад.   

Тарки сигор

Тарки ин одати бад то 50 дарсад хатари сактаи такрорӣ, ноустувории фишори хун ва спозми рагҳоро кам мекунад. 

Тарки машрубот

Тарки ин одати бад фишору сарборӣ бар мушаки дилро кам карда, фишори хуни шараёниро ба танзим медарорад. 

Фишори рӯҳиву равонӣ

Ҳама гуна нигарониҳо барои шахсоне, ки дучори сакта шудаанд, хатарнок ҳамтанд. Бинобар ин, кӯшиш кунед ин беморонро аз шунидани хабарҳои баду нороҳаткунанда ҳифз кунед. Ҳатто сӯҳбати телефоние, ки боиси ранҷиши хотирашон мешавад, низ хатарнок аст. 

Инчунин тавсия мешавад, ки ҳамеша охирин электрокордиогромро бо худ дошта бошед, зеро маълум нест кай ва дар куҷо ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ пайдо мекунед ва дар ин сурат ЭКГ метавонад барои табибон кӯмак намояд. 

Истеъмоли дору ва муоинаи мунтазам

Бемории ишемикии дил ва гипертензияи шараёнӣ табобат ва назорати ҳамешагиро талаб мекунад. Танҳо бо ин роҳ мешавад авориз ва такрори сакта ва дигар бемориҳои дилу рагро пешгирӣ кард. Ба таври қатъӣ гӯш додан ва амал кардан ба тавсияҳои пизишк ва тағйири тарзи ҳаёт баъди сактаи миокорд кӯмак мекунад саломатӣ ҳар чӣ зудтар барқарор ва ба амал омадани сактаи такрории миокорд пешгирӣ шавад. 

 

 

 

ФОТО

 

ВИДЕО