БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

Гинекологи бемористон,

доктор Ситора Қодирова.

 

Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

Бинобар ин, мехоҳем дар бораи ҷиҳатҳои мусбат  ва манфии  роҳҳои гуногуни пешгирӣ аз ҳамл рӯшанӣ андозем. 

1. Рифолаи мардона

Ҷиҳати мусбати истифодаи рифола пешгирӣ аз ҳамл ва муҳофизат аз бемориҳоест, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд. Дар ин ҳолатҳо таъсири истифодаи рифола 97 дарсад аст.

Ҷиҳати манфии истифодаи рифола ин аст, ки бо сабаби дар таркибаш вуҷуд доштани моеъи равғанӣ метавонад баъзеҳоро дучори ҳассосият(алержӣ) кунад. Имкони сӯрох шудани рифола низ як ҷиҳати манфии он аст.

2. Рифолаи занона

Ҷиҳати мусбати истифода аз ин навъи рифола ин аст, ки 95 дарсад аз ҳамл пешгирӣ мекунад.

Ҷиҳати манфиаш бошад, эҷод кардани нороҳатӣ барои занон ҳангоми гузоштани он ба маҳбал мебошад.

Рифолаи занона ҳангоми робитаи ҷинсӣ метавонад пора шавад ва  хусусияти  зиддибордорӣ ё контрасептивии худро аз даст диҳад.

3.  Доруҳои зиддибордорӣ (контрасептивӣ).

Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки истифода аз доруҳои зиддибордорӣ  барои пешгирӣ аз ҳамл 91 дарсад таъсирбахш аст. Ин доруҳо одатан ба муддати 21 рӯз қабул карда мешаванд. 

Ҷиҳати мусбати истифода аз ҳабҳо ин танзими сикли ҳайз ё одати моҳона, табобати поликистози тухмдонҳо, табобати бемориҳои пӯст ва пешгирӣ аз бордорӣ мебошад.

Ҷиҳатҳои манфии истифода аз доруҳои зиддибордорӣ ин метавонад бошад, ки ҳангоми истеъмоли якҷояи онҳо бо антибиотикҳо таъсири пешгириашон кам мешавад ва хавфи бордоршавӣ дар ин маврид ба вуҷуд меояд.

Ҷиҳати манфии дигари ҳабҳо ин аст, ки  агар истеъмолашон ҳатто як рӯз фаромӯш шавад,  таъсири пешгирӣ ё  контрасептивӣ  заиф гашта, боиси хунравӣ аз роҳҳои таносулӣ мегардад.

4. Омпулҳои зиддибордорӣ то 94 дарсад самарабахшанд ва ба муддати аз 8 то 13 ҳафта таъсир мекунанд.

Ҷиҳати манфии омпулҳо ин аст, ки онҳо метавонанд одати моҳона ё сикли ҳайзро пурра қатъ ва ё вайрон кунанд. Дар ин сурат барқарории сикли ҳайз метавонад то як сол тӯл кашад.

5. Импланти зерипустӣ давоми се сол таъсиргузор аст. Имплант як плостики хурд аст, ки зери пӯсти бозуи занон гузошта мешавад ва он ба воситаи тавлиди ҳормон дар хун метавонад бордориро пешгирӣ кунад.

Хусусияти мусбати имплант ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳамл метавонад аз 3 то 5 сол кумак кунад.

Ҷиҳати манфии имплант вайроншавии сикли ҳайз мебошад.

6. Воситаи дохили раҳмӣ ( ВДР-спираль) яке аз роҳи густардаи пешгирии ҳамл аст ва вобаста ба шакл ва намудаш аз 3 то 5 сол истифода бурда мешавад.  Воситаи дохили раҳмӣ  ду намуд мешавад: ҳормонхориҷкунанда ва филизӣ (металлӣ).

Паёмади манфии истифода аз воситаи дохили раҳмӣ дучор шудани занон ба хунравии зиёд метавонад бошад. Гоҳе он беҷо шуда ба маҳбал меафтад. Хавфи сироят ёфтан низ аз паёмадҳои зиёнбори он аст.

7. Ҳалқаи маҳбалӣ як ҳалқаи гирдшакл аст, ки барои пешгирӣ аз ҳамл ҳар моҳе як бор дар маҳбал гузошта мешавад.

Ҷиҳати манфии ин роҳи пешгирӣ дар он аст, ки бояд ҳар моҳ  иваз шавад ва ба ин хотир хатари сироят ёфтани бонувон афзоиш меёбад.

8. Часпи зиддибордорӣ (контрасептивӣ) дар пӯсти бозу гузошта мешавад ва бояд ҳар ҳафта иваз шавад. Таъсири он низ мисли ҳабҳои ҳормонӣ аст.

9.  Истифода аз малҳам ё шиофҳо (свечи) низ яке аз роҳҳои зиддибордорӣ маҳсуб мешавад. Ин малҳамҳо дар таркибашон маводи  маникуш ё спермосид доранд. Албатта, истифода аз онҳо кори осон аст, аммо таъсири сад дарсадӣ надоранд. Таъсири зиддибордории малҳамҳо 85 дарсад аст. Истифодаи онҳо пеш аз ҳар робитаи ҷинсӣ ҳатмист.

10. Танҳо роҳе, ки натиҷаи сад дарсадӣ дорад, ақимсозӣ ё стерилкунонии зан ё мард мебошад.  Ин амал ба мубодилаи ҳормонҳо таъсири манфӣ намерасонад. Ягона ҷанбаи манфиаш дар он аст, ки шахс барои ҳамеша безурриёт мешавад.

Албатта интихоби ин ё он воситаи пешгирикунандаи ҳамл инфиродӣ буда, танҳо аз сӯи пизишки занон ва бо назардошти омилҳои гуногун сурат мегирад. Дар сурати роҳандозии нодурусти воситаҳои зиддибордорӣ бордории нохоста ба миён меояд ва боиси пеш омадани зиёни маънавӣ барои занон мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО