БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Фишори хуни шарёнӣ ё болоравии фишори хун дар рагҳо

Кардиологи бемористон,

Нӯъмонова Мунира.

 

Фишори хуни шарёнӣ гуфта, болоравии давраӣ ё устувори фишори хун дар рагҳоро меноманд.

Ин беморӣ  бо оризаҳои гуногуни худ ба ҳаёти инсон бисёр хатарнок аст. Сабаби ин оризаҳо метавонад ҳам болоравии фишори хуни шарёнӣ  ва ҳам осеб дидани рагҳои хунгард (шарёнҳо) бошад, ки хунро аз дил ба тамоми узв ва бофтаҳои  дигари бадани одам интиқол медиҳанд.

Аворизи шадиди фишори хуни шарёнӣ иборатанд аз:

- атеросклерози рагҳои дил, мағзи сар, гурдаҳо ва пойҳо;

- бемории ишемикии дил (стерокордиҳо) ва сактаи миокорд;

- номуназзамии кори дил;

- сактаи мағзӣ ва энсефалопатияи ҳипертоникӣ (заъфи хотира);

- бемориҳои гурда ва норасоии кори онҳо;

- синдроми метаболик, ки метавонад боиси диобети қанд шавад.

Рақамҳои фишори хун чӣ маъно доранд?

Фишори хунро ҳангоми ченкунӣ бо ду рақам дар миллиметрҳои сутуни симобӣ (мм.ст.сим) тасвир мекунанд:

- рақами болоӣ - фишори систоликӣ;

- рақами поёнӣ - фишори диостоликӣ.

Чи гуна фишори хуни шарёниро мешавад муайян кард?

Фишори хунӣ - 140/90 мм.ст.сим ва болотар фишори хуни шарёнӣ ба шумор меравад.

Фишори хунӣ - 180/110 мм.ст.сим  ва болотар ба фишори хуни шарёнии вазнин(гипертензия) ишора мекунад.

Фишори хунӣ - 130-139/85-89 мм.ст.сим.  - ба ҳолати "пеш аз гипертонӣ" ва хатари рушди ошкорои фишори хуни шарёнӣ дар оянда, ишорат мекунад.

Фишор хуни муътадили афроди калонсол - то 130/ 85 мм.ст.сим. буда, фишори идеалӣ бошад,  поинтар аз 120/80 мм.ст.сим.ба шумор меравад.

Фаъолияти ҷисмонӣ ва фишори рӯҳию равонӣ (стресс)- унсурҳои муҳим дар танзими фишори хун.

Барои танзими фишори хун ҳакарат кардан, машғул шудан ба варзиш, машқҳои аэробикӣ  ба муддати 30-40 дақиқа се бор дар ҳафта, дучархасаворӣ, пиёдаравӣ, шиноварӣ, футбол, воллейбол, ҳаракати зиёд дар зиндагии рӯзмарра, масалан баромадан аз зинапояҳо, на бо лифт лозим аст. Шӯрбахтона аксарият ба ин тавсияҳо кам таваҷҷуҳ мекунанд. Бештари вақти худро назди телевизор ва компютер мегузаронанд. Инчунин ба ҷои пиёда гаштан истифода аз нақлиётро тарфеҳ медиҳанд.

Фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш дилро тақвият бахшида, гардиши хун дар рагҳоро беҳтар месозад.  Вақте инсон варзиш мекунад, кори дил қавӣ шуда шуда, ба кори шиддатнок одат мекунад. Дар натиҷа стресс ё сарбории зиёди ҷисмониро дил  беҳтар таҳаммул мекунад.

- имкони ёзандагӣ ё кашишхӯрии рагҳо бештар мешавад, рагҳо хубтар васеъ мешаванд ва ин дар навбати худ гардиши хунро дар кулли бадан беҳтар месозад.

- тағйироти шимиёие, ки дар ҷисми инсон ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш ба амал меояд, ба рагҳо имкон медиҳанд муддати тулонитар васеъ боқӣ  бимонанд ва ин фишори хунро дар бадан муътадил нигаҳ медорад.

- фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи холестеринро дар хун поин мебарад.

- ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ калорияҳои зиёдатӣ дар бадан об мешаванд ва вазни тан ҳам муътадил мегардад.

Фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш, барои бартараф кардани стресс низ бисёр муфид аст. Варзишҳое мисли дучархасаворӣ, пиёдаравӣ ва шиноварӣ равиши беҳтарини кам кардани стресс буда, хобро ҳам ба танзим медароранд.

Ҳамаи афроди дорои фишори шарёнӣ ва афроди дар ҳолати "пешазгипертонӣ" қарор дошта (барои пешгирии беморӣ дар оянда), бояд қоидаҳои боло бурдани фаъолияти ҷисмонӣ ва кам кардани стрессро риоят кунанд. Табибон  танҳо дар ҳолати бетаъсир будани тавсияҳои боло ба бемор дору таъин мекунад.

Пизишкон ҳангоми табобати фишори хуни шарёнӣ, мекӯшанд сатҳи фишори ҳар беморро муътадил созанд. Ин сатҳи фишорро, "фишори матлуб” унвон кардаанд. Ҳар бемор фишори ҳадафманди худро дорад ва бояд онро бидонад ва барои ба даст оварданаш бикӯшад.

Одатан дар ҳамаи беморон фишори шарёнӣ бояд аз 140/ 90 мм.ст.сим. поин бошад.

Фишори хуни шарёнии афроде, ки сактаи миокорд, сактаи мағзиро пушти сар кардаанд ва ё аз стенокордӣ ва бемории қанд ранҷ мебаранд, бояд аз 130/80 мм. ст.сим. поин бошад.

Фишори хуни шарёнии афроди мубтало ба бемориҳои гурда бояд поинтар аз 125/75 мм.ст.сим. бошад.

Доруҳои зиддифишорӣ танҳо дар сурати истеъмоли доимӣ метавонанд самаранок бошанд. Аслан истеъмоли доруҳои гипертонӣ ҳатто баъди ба фишори матлуб расидан ҳам набояд қатъ гардад.

Бемор бояд номи дору, навъи дору, чи гуна кумак кардани он, таъсироти манфии дору, миқдори истеъмол, таъсири хӯрок ба он, муддати масрафи дору, ва имкони истеъмоли якҷояи онро бо доруҳои дигар бидонад.

Барои он ки табобати фишори хуни шарёнӣ ҳар чи муфидтар бошад, бемор бояд чанд қоидаро риоят кунад.

Ин қоъидаҳо иборатанд аз:

Мунтазам чен кардани фишор. Табобати мунтазами фишори шарёнӣ.  Табобат набояд ҳатто барои як рӯз қатъ шавад, гарчи фишори хун муътадил гардида бошад ҳам ва ё дигар шуморо ташвиш намедиҳад.

Истеъмоли дору танҳо бо тавсияи пизишк.

Доруро аз меъёр зиёд истеъмол набояд кард.

Бидуни машварати пизишк набояд истеъмоли доруро қатъ кард.

Набояд худсарона миқдори(дозаи) доруро тағйир дод.

Бе машварати пизишк набояд доруҳои дигарро истеъмол кард.

Ҳангоми болоравии фишор ё пайдоиши таъсири манфии доруҳо фавран ба табиб муроҷиат бояд кард.

Бе чуну чаро  реҷаи дармонии  пизишконро  риоят бояд кард.

Ба ёд дошта бошед, ки танҳо пизишк метавонад дар мавриди таъини дору ва миқдори он тасмим бигирад.

Агар ин коидаҳои одиро риоят кунед, фишори хуни шумо ҳамеша назми дурусте хоҳад дошт. 

ФОТО

 

ВИДЕО