БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОСИМОВ МАҲМАДСАБУР

Касе, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бар сари болини беморони бахши эҳё шабҳо бедорхобӣ мекашад ва  аз онҳо муроқибат мекунад, Маҳмадсабур Қосимов - пизишки бахши муроқибатҳои вижа аст.

 

Маҳмадсабур Қосимов пизишки қалб ва муроқибатҳои вижа ё кардиолог-реаниматологи ҷавон, аммо бисёр кордону ботаҷрибаи Бемористони Ибни Синост.

Ӯ аз Колеҷи тиббӣ дар соли 2008 бо дипломи аъло фориғ шуда, сипас барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ворид шуд. Пас аз хатми таҳсил дар  донишгоҳ соли 2014 давраи интернатура ё корварзиро дар Маркази тиббии шаҳрӣ гузаронд. Аз соли 2015 то 2017 давраи ординатураи клиникиро ба унвони қалбшинос дар Донишкадаи пас аз дипломии кормандони тиб гузаронд.

Маҳмадсабур Қосимов аввалин фаъолияти ҳирфаии худро ба унвони парастор аз соли 2009 дар Бемористони Ибни Сино, замоне ки ҳанӯз дар Донишгоҳи пизишкӣ таҳсил мекард, оғоз кард. Аз соли 2014, яъне баъд аз хатми Донишгоҳи пизишкӣ ҳамчун пизишк фаъолияти худро ба таври комил дар ин бемористон идома дод.

Доктор Қосимов ба ҷуз ин ки қалбшиноси ботаҷриба аст, мутахассиси гувориш ё гастроэнтерологи моҳир низ ҳаст. Дар заминаи табобати бемориҳои гуворишӣ ва ҷигар (гепатология) аз дастпарварони профессор Сиёвуши Мансурӣ, гастроинтерологи варзидаи Эрон, аст. Аз ин рӯ, дар баробари бемориҳои қалб бемориҳои гуворишӣ ва ҷигарро низ табобат мекунад.

Ӯ давраҳои такмили ихтисосро дар шаҳри Ҳамадони Эрон гузарондааст.

Доктор Маҳмадсабур Қосимов дар бахши эҳёи Бемористони Ибни Сино масъул ҳаст, ки то ба ҳуш омадани бемор пас аз амали ҷарроҳӣ аз ӯ муроқибат кунад. Дар муолиҷаи нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемории мушакҳои дил, ҳамчунин табобати бемориҳои гуворишӣ (гастроэнтерологӣ) низ маҳорати баланд дорад.

Рӯзҳои пазириш:

Аз душанбе то ҷумъа - аз соати 8:30 то 16:30

Шанбе - аз 8:30 то 12:00

ФОТО

 

ВИДЕО