БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИВЛ чист ва дар наҷоти гирифторони COVID-19 чи нақш дорад?

Кардиологи бемористон,

доктор Малика Юсупова.

 

Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (Аппарат искусственной вентиляции легких)

 

Номи яке аз дастгоҳҳои тиббие ки имрӯз вирди забонҳо шудааст, ҳамин Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (ДТС) аст.

Сабаби зикри зиёди ин дастгоҳ дар сархати хабарҳо ба ҳамагир шудани вируси COVID-19 рабт дорад. Гӯё ин дастгоҳ як мошини мерседеси навбаромад бошад, ки маризони вирусгирифта ба он савор шуда, сиҳат меёфта бошанд.

Ин вирус аз одам ба одам сироят мекунад ва бо ворид шудан ба бадани инсон босуръат афзоиш меёбад ва системи эмании бадани инсон барои мубориза бо он подтан ( антитело, антибоди)  тавлид мекунад. Аксаран системи эмании бадани инсон дар муқобила бо ин вирус дастболо мешавад, вале касоне ки системи эмании заиф ва маризиҳои хос доранд, ба аворизи вазнин дучор мешаванд.

Яке аз узвҳое, ки дар асари ин беморӣ зарар мебинад, шуш аст. Вақте ин вирус шушро фаро мегирад, системи эманӣ барои ҳарчи бештар ба хун ворид шудани подтанҳо шараёнҳоро васеъ менамояд, вале ин дар навбати худ ба ҷамъшавии моеъ дар шушҳо оварда мерасонад, ки боиси нафастангии шадид ва норасоии шушӣ мегардад. Маҳз дар ҳамин ҳолат мариз ба кӯмаки дастгоҳи танаффуси сунъӣ ниёз пайдо мекунад. Қобили зикр аст, ки тибқи омори кишварҳои вирусгирифта ҳамагӣ бист дарсади мубталошудагони вируси короно ба ёрии тиббӣ ниёз пайдо мекунанд ва панҷ дарсад ба дастгоҳи ДТС васл карда мешаванд.

Дар ин навишта чанд нуктаро дар боби истифода аз ин дастгоҳ ба хонандагон ироа медиҳем.

Дастгоҳи мазкур дар бахшҳои эҳёи бемористонҳо истифода мешавад ва ин бахшҳо бояд бо мутахассисони варзидаи беҳушиву эҳёгар ва таҷҳизоти дигари зарурӣ ва дорувориву васоили масрафӣ таъмин бошанд.

Барои ба дастгоҳи мазкур васл кардани мариз сараввал ӯро беҳуш карда, сипас ба гулӯяш лӯла ворид мекунанд(intubation). Аз ин лиҳоз, барои истифодаи ин дастгоҳ ҳузури доимии пизишки эҳёгари беҳушӣ (анестезиолог-реаниматолог) зарур аст, зеро беҳуш гардондан ва дар зери дастгоҳ нигоҳ доштани мариз муроқибати вижа ва доимӣ ниёз дорад. Як пизишки беҳушӣ метавонад чор-панҷ маризи зери дастгоҳро назорат кунад, ба шарте ки ба ҳар мариз як парастори омӯзишдидаи эҳёгар мавҷуд бошад. Яъне теъдоди мутахассисони бахши эҳё бояд на камтар аз як парастор ба як мариз ва як пизишки эҳёгар ба чор ё панҷ мариз бошад. Агар дар як шабонарӯз се басти корӣ ба ҳисоб гирем, адади персоналро ба се зарб задан лозим мешавад. Ин аст, ки тамоми кишварҳои олуда аз нарасидани пизишку парасторон меноланд.

Гуфтанист, ки як омили асосии дигари таъминкунандаи кори ДТС нуқтаи таъмини оксижен ва барқ аст. Ин маризон метавонанд то чанд рӯз дар зери ин дастгоҳ бимонанд аз ин сабаб таъмини барқ ва оксижени доимӣ шарти зинда мондани мариз аст.

Маризи зери Дастгоҳи танаффуси сунъӣ бояст ба монитори тиббӣ васл бошад, то фишори хун ва кори дилу шушаш зери назорати доимӣ қарор бигирад ва вобаста ба нишондодҳои мониторӣ кори ДТС танзим бишавад.

Дастгоҳи дигаре, ки ҷузъи муҳимми бахши эҳё маҳсуб мешавад, Дастгоҳи озмоиши гозҳои хун (Arterial blood gas ABG) мебошад, ки дар ҳолатҳои нафаси сунъӣ нақши муҳимм дорад. Ин дастгоҳ ба мутахассисон иттилоъи дақиқи миқдори оксижен(saturation) ва дигар гозҳои хуни бемори зери дастгоҳро медиҳад ва дар танзими реҷаи кории ДТС муайянкунанда ҳисоб мешавад.

Ғайр аз ин дар ҳолати ба Дастгоҳи танаффуси сунъӣ васл кардани мариз нақши озмоишгоҳи дохили бемористон хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳолатҳои вазнини беморӣ пизишкон зуд-зуд ба озмоишгоҳ барои таҳлили хун ва дигар моеъоти мариз муроҷиат мекунанд ва ҷавоби дурусту саривақтӣ метавонад дар табобат ва наҷоти мариз нақши ҳалкунанда бозад.

Ҳамин тавр метавон хулоса кард, ки Дастгоҳи танаффуси сунъӣ ба танҳоӣ ба ҳеч дарде даво намешавад. Истифодаи Дастгоҳи танаффуси сунъӣ вуҷуди таҷҳизоти зиёди дигар ва ҳузури мутахассиони варзидаро тақозо мекунад. Агар бе мутахассисони беҳушиву эҳёгар ин дастгоҳ ба мошини беронанда монанд бошад, бе бахши эҳёи муҷаҳҳаз бо оксижену дастгоҳҳо ва озмоишгоҳи пешрафтаи дохилибемористонӣ ин дастгоҳро метавон ба мошини бечарху муҳаррик (мотор) монанд кард.

ФОТО

 

ВИДЕО