БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Оё нархи дармон дар Бемористони Ибни Сино гарон аст?

Сухангӯи бемористон,

Маҳин Даврон.

 

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки нархи муолиҷа дар Бемористони Ибни Сино бисёр болост ва аз тавони онҳо хориҷ аст.

Ва ё аз назари бархе аз онҳо хадамоти ин бемористон бештар барои сарватмандон дар назар гирифта шуда, то барои мардуми одӣ. Бархеҳо аз нархҳои болои хадамоти ин бемористон ибрози нигаронӣ мекунанд ва ҳамеша ба мо менивисанд, ки чаро баҳои хадамотамонро арзонтар намекунем?

Ин нигарониҳо албатта то ҷое дуруст ва қобили дарк аст ва мардуме, ки даромади зиёд надоранд, ҳақ доранд дар ин маврид нигарон бошанд.

Барои ин ки дармонҷӯён бидонанд, ки ин нархҳо чи гуна танзим мешавад, дар ин матлаб саъй мекунем ба ин масъала рӯшанӣ андозем. Агар донем, ки тарзи сарфу харҷи бемористон чи гуна аст, шояд тавонем то андозае пай барем, ки нархи дармон дар ин бемористон бо хадамоте, ки пешниҳод мекунад, то чи андоза ҳамхонӣ дорад.

Пеш аз ҳама бояд дар назар гирифт, ки Бемористони Ибни Сино як бемористони хусусӣ аст ва шеваи кори он бо бемористонҳои дигар фарқ мекунад. Дар бемористонҳои хусусӣ моликон ё саҳомдорон саъй мекунанд фаъолияти бемористонро ба тарзе танзим кунанд, ки харҷу даромадаш баробар бошад, то ҳам битавонанд маоши мутахассисонро таъмин кунанд, ҳам таҷҳизоти беҳтаре дар ихтиёри пизишкон гузоранд, ҳам барои беморон шароити роҳат фароҳам кунанд ва ҳам тавонанд андоз ё молиёти аз сӯи давлат муқарраршударо саривақт пардохт кунанд.

Мудирияти Бемористони Ибни Сино ҳам тавре ба роҳ монда шудааст, ки ҳам кори пизишкону парасторон роҳат бошад ва ҳам беморон аз ҳар гуна даводаву саргардониҳо озод бошанд ва дар муҳите орому осуда дармон шаванд. Инҷо пизишкон саргарми кори худанд ва ҳеч интизоре надоранд, ки бемор ба дасташон пул бидиҳад. Бемор фақат як бор пулро ба хазина мепардозад ва дигар аз пайи овардани доруву васоили дигар намешавад ва пайвандонаш ҳам беруни дари бемористон ҳамеша дар интизори фармоиши пизишкон нестанд. Ҳатто хӯроки солиме инҷо ба беморон дода мешавад ва беморон ниёз надоранд, ки аз хона ҳар рӯз ғизо кашонанд. Бубинем, худи мутахассисони бемористон дар ин бора чи мегӯянд:

Нозим Шодиев пизишки гӯшу гулӯву бинӣ ва ҷарроҳи плостики Бемористони Ибни Сино мегӯяд: “Дар бемористонҳои дигар пардохт қисм-қисм сурат мегирад. Агар бемор барои як амали ҷарроҳӣ фарз кардем сесаду чанд сомонӣ  расман ба хазина пардозад, баъд аз ҷарроҳӣ харҷҳои дигар шурӯъ мешавад. Масалан, ҳар рӯз дору мехаранд меоранд, ғизо меоранд, рафтуомад мешавад, инҳо ҳама харҷ дорад, ки шояд ба чашм наменамояд. Барои ин корҳо хеле пул сарф мешавад. Инҷо дар Бемористони Ибни Сино бемор пешакӣ медонад, ки нархи муолиҷа чанд аст ва чанд рӯз инҷо мемонад, дигар хотираш ҷамъ аст. Пайвандонашро дунболи дору ба дорухонаҳо намефиристад.

Масалан, бемор меояд, мо мегӯем, ки нархи ҷарроҳӣ ё бистарӣ шудан фарзан 3980 сомонӣ аст. Вай мегӯяд 4000 мешавад. Мегӯем не, ҳамон 3980 мешавад ва хотират ҷамъ бошад, ки 20 сомонии дигар ба касе намедиҳӣ. Бисёриҳо ҳайрон мешаванд, бовар намекунанд. Ин қадр фасод дар зеҳни мардуми мо ҷо шуда, ки фикр мекунанд ҳамаҷо бояд ба духтур пул диҳанд.”

Дуктур Нозим Шодиев дар идомаи суҳбат мисоли ҷолиберо аз таҷрибаи як бемори гирифтор ба Кувид-19 овард, ки қабл аз омадан ба Бемористони Ибни Сино дар бемористоне дигар муолиҷа шуда буд. “Ин бемор 10 рӯз дар бемористоне дигар бистарӣ буда ва ба гуфтаи ӯ ду мошин одам пушти тиреза дар беруни бемористон барои ӯ истода ва мунтазир буданд, ки духтурон дору ё чизе мефармоянд, то рафта биёранд. Барои ин ҳама пул, вақт ва неру сарф мешавад. Бемор гуфт, он ҳама пуле, ки барои дармон харҷ карда буд, хеле бештар аз хароҷоти инҷо шуд.”

Дар Бемористони Ибни Сино беморон ҳангоми бистарӣ шудан пулро мепардозанд ва аз тамоми ташвишу саргардониҳо озоданд. Ҳатто метавонанд танҳо худашон бидуни касе ва васоили иловагие биёянду барои муолиҷа бистарӣ шаванд. Пули пардохтшуда тамоми хадамот, аз дармону дору сар карда, то либос, хӯрок ва нигоҳубини парасторонро дар бар мегирад. Ниёз нест бемор як нафари дигарро бо худ барои нигоҳубин ба бемористон биёрад. Илова бар ин, тарзи ироа ва сифати баланди хидматрасонии мутахассисони ботаҷриба низ ҳазина ва харҷи боло мехоҳад, ки Бемористони Ибни Сино барои муштариёни худ фароҳам овардааст. Масалан, аксари ҷарроҳиҳо бо равиши камзахм ва беосеб гузаронда мешаванд ва бемор ҳатто пас аз чанд соат метавонад ба хонаву кораш баргардад.

Сарҳадҷон Бобоалиев кардиолог-интервенсионист ва муовини раиси бемористон доир ба табобат  мегӯяд: “мо беморони анжиопластиро чанд соат пас аз ҷарроҳӣ ҷавоб медиҳем. Дар ҳоле ки ин бемории вазнин аст. Шояд нархи ин амал дар назари  аввал дар бемористонҳои дигар нисбат ба бемористони мо арзонтар намояд, вале дар ниҳоят хароҷоти изофии онҳо аз нархи бемористони мо бештар ҳам мешавад. Дар бемористони мо ҳангоми анжиографӣ контраст зиёд сарф мешавад, масалан аз 100 то 200 мл контраст сарф мешавад. Дар ҷойҳои дигар 50 мл сарф мешавад. Ҳамин 50 мл худаш 500-600 сомонӣ аст. Сабаб ин аст, ки мо иловатан дилро пурра месанҷем, ковокиҳои дарунашро ҳам ва табиъист, ки ин ҳазинаи дармонро боло мебарад. Бинобар ин дар ин ҷо агар барои анжиографӣ 2400 сомонӣ сарф шавад, дар дигар ҷойҳо 1700 сомонӣ харҷ мешавад, вале хароҷоти изофӣ бамаротиб бештар мегардад.»

Дар ҳамин маврид Абдумурод Холиқов мудири молии Бемористони Ибни дар посух ба ин савол, ки нархи хадамоти бемористон аз куҷо меояд ва чи тавр муайян мешавад, гуфт: “аввал ин ки мо ҳамаи васоили масрафӣ ва ҷарроҳиро аз хориҷи кишвар ворид мекунем, аз ширкатҳои муътабар ва бо кайфияти боло. Ҳазинаҳои воридот, ҳамлу нақл, худи арзиши дору гарон аст. Мо наметавонем ин ҳазинаҳоро пойин барем, чун ҳам дору бо нархи гарон ба дасти мо мерасад ва ҳам кайфияташ болост ва фарқ мекунад. Масалан, аторвастатин дар дорухонаҳои шаҳр дар ҷое 60  сомонӣ ва дар ҷои дигар 30 сомонӣ аст. Дар дорухонаи мо 45 сомонӣ нарх дорад. Маводи масрафиро ҳам аз сӯзану дасткашу катетер ва васоили ҷарроҳӣ гирифта то стент ва протезҳоӣ пайванди буғуму ронро аз хориҷа ворид мекунем. Нархи онҳо бо дарназардошти тамоми навъи молиёт, маоши мутахассисон ва дигар хароҷоти бемористон таъин мегардад.”

Ба гуфтаи Фарзона Абдуллоева масъули таъминоти дору ва васоили масрафии тиббии Бемористони Ибни Сино, вуруди тамоми доруҳо, васоили масрафии пизишкӣ ва васоили озмоишгоҳӣ ба бемористон раванди бисёр печида, тӯлонӣ ва пурхарҷ дорад. Хонум Абдуллоева таъкид дошт: «таҷҳизоти пизишкӣ ва васоили масрафӣ ба бемористон асосан аз Олмон, Испониё, Амрико,Туркия ва дигар ширкатҳои муътабари дунё, ки сифати тавлидоташон мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалист, оварда мешаванд.  Доруҳо бошанд, ҳамаашон дар Эрон таҳия ва бастабандӣ мешаванд, ки маводи аввалияи онҳо аз кишварҳои аврупоӣ ворид мешавад. Бинобар ин доруҳо аз аналогҳои аврупоии худ аслан фарқ надоранд. Шароити нигаҳдории маҳсулоти доруӣ дар анбор тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ назорат мешавад.»

Ба ин тартиб, тавре мебинем Бемористони Ибни Сино дарвоқеъ сифати баланди хидматрасонӣ, таҷҳизоти навину бокайфият ва пизишкони бомаҳорати Тоҷикистону Эронро дар ихтиёри муштариён қарор додааст ва илова бар ин беморони бистаришударо аз харҷу давутози иловагӣ озод мекунад.

Муҳимтар аз ин ҳама, хуб медонем, ки саломатӣ худ бебаҳотарин сарват аст. Ҳамон гуна, ки Бузургмеҳри Ҳаким, пири фарзонаи мо гуфтааст, бузургтарин ганҷ тандурустист. Як мақоли мардумӣ ҳам ҳаст “саломатӣ бошад, пулу сарвати дунё ёфт мешавад!”

Воқеан инсон танҳо бо тану ҷони солим метавонад нерӯмандона кор кунад, тиҷорати худро пеш барад, ба офариниши ҳунарӣ машғул бошад, варзиш кунад, ва корҳоеро анҷом диҳад, ки ба худ ва хонаводааш даромад меорад. Пас барои саломатӣ ҳар қадр, ки моя нагузорем, суду баҳраи он метавонад даҳчандон бошад. Пас моро лозим аст харҷу даромадамонро беҳтар мудирият кунем, яъне аз хароҷоти ғайризарурӣ дар заминаҳои дигар бипарҳезем ва бештар сармояамонро сарфи саломатӣ ва беҳдоштамон кунем. Ба ёд дошта бошем, ки барои саломатӣ ҳар андоза, ки харҷ накунем, боз ҳам кам аст.

Ба якояки умо ва аҳли хонадонатон орзӯи беҳрӯзиву тандурустӣ дорем! 

ФОТО

 

ВИДЕО