БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Таб чист?

Кардиологи бемористон,

доктор Малика Юсупова.

 

Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

Дар сурати то 38 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан ҳам набояд нигарон шуд. Зеро эҳтимол аст, сабаби баланд шудани ҳарорат ҳаводиси физиологӣ дар бадан бошад. Масалан,  ҳангоми машғул шудан ба варзиш ё фаъолияти ҷисмонӣ, истресс, ҳаяҷон ва ё афсурдагӣ, ҳамчунин пӯшондани либоси гарм ба кӯдакон метавонад балоравии андаки ҳарорати бадан мушоҳида мешавад. Танҳо ҳарорати аз 38 дараҷа боло метавонад нигаронкунанда бошад ва он ҳам ба ин маъно нест, ки зуд ба дунболи поин бурдани ҳарорат бошем. Мо бо поин бурдани ҳарорат системи эмании баданро заиф месозем ва аз муборизаи табиии бадан бо авомили хориҷӣ монеъ мешавем.

Сабабҳои баландшавии ҳарорати бадан зиёд аст, аммо маъмултарини онҳо уфунати вирусӣ ё боктериёлӣ мебошад. Дар баробари ин, таб дар натиҷаи бемориҳои марбут ба мағзи сар, бемориҳои саратонӣ ва вокуниши патогенӣ (беморизо) ба бархе аз маводи доруӣ ва шимиёӣ низ боло меравад. Ҳамчунин, заҳролудшавӣ бар асари масрафи хӯроки туршшуда ва бемориҳои ғуддаи дарунрез низ метавонад боиси баланд шудани ҳарорати бадан шавад.

Агар ҳарорати бадан муддати зиёд болотар аз 38 дараҷа бошад ва ҳолати умумии бемор ба таври назаррас бад шавад, он гоҳ ҳатман бояд чораҷуӣ ва ба пизишк муроҷиат кард.

Дар ин ҳолатҳо метавонед ба пизишк муроҷиат кунед:

• Баъд аз гузашти се рӯз агар бибинед, ки ҳанӯз ҳам таб доред ё ба назар мерасад бемортар мешавед;

• Агар табларза дошта бошед ё дандонҳоятон баҳам бихӯрад ва тайи як соат аз байн наравад;

• Агар сардарди шадид дошта бошед, ки баъд аз масрафи доруи мусаккин ё оромибахш ором нашавад;

• Агар бемор гиҷу гаранг, ба таври ғайриодӣ хоболуд ва дучори ҳазёнгӯӣ аст;

• Агар батозагӣ ба хориҷи кишвар сафар карда бошед.

Дар сурати начандон баланд будани ҳарорат чи бояд кард?

• Моеъоти зиёде бинӯшед, бахусус об. Меваву сабзавот масраф кунед. Талош кунед дар сурати таб доштан дар шабонарӯз 2 то 3 литр об нӯшед. Ин кор хатари камбуди обро дар бадан коҳиш медиҳад ва заҳри баданро мешӯяд.

• Либоси сабук бипӯшед ва аз курпаҳои тунуктар истифода кунед.

• Истироҳат кунед. Ду-се соат дар рӯз бихобед.

• Дар сурати зарурат панҷараи хонаро боз кунед, аммо аз сармохӯрдагӣ ҷилавгирӣ кунед.

Имрӯзҳо ба хотири он ки бемории Кувид-19 ҳама ҷо шоеъ шуда ва таб яке аз нишонаҳои маъмулии он аст, баландшавии ҳарорат ҳатто то дараҷаи 37 ҳам боиси нигаронии бисёре аз мардум мешавад. Бояд гуфт, ки Кувид-19 ҳам бемории сироятӣ аст ва табиъист, ки ҳарорати бадан дар ин беморӣ мисли бемориҳои дигар боло меравад, аммо набояд зиёд ҳарос дошт. Дар ин маврид танҳо дар сурати аз 39 дараҷа боло рафтани ҳарорати бадан ва бад шудани вазъияти бемор метавон ба пизишк муроҷиат кард. Агар ҳарорат то 37 ё 37.5 дараҷа боло равад, вале вазъи куллии бемор хуб бошад, ҷои нигаронӣ надорад ва бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ метавонед ба зиндагии маъмулии худ идома диҳед. Баъзе вақтҳо баландшавии ҳарорати бадан ҳангоми бемории Кувид-19 метавонад то як моҳ низ идома пайдо кунад ва он ҳам ҷои нигаронӣ надорад.

ФОТО

 

ВИДЕО