БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ташрифи мутахассисони варзидаи эронӣ ба Бемористони Ибни Сино.

Имрӯз, 5 декабр дар Бемористони Ибни Сино мутахассисони варзидаи эронӣ-доктор Сиёвуши Мансурӣ, гастроэнтолог, устоди донишгоҳи Теҳрон, муовини раиси Анҷумани

гастроэнтологии Урупо ва доктор Сайид Муаяди Алавиён, Раиси Маркази бемориҳои ҷигари Ховари Миёна, Раиси коллеҷи гепотологии Дубай , устоди донишгоҳи   Теҳрон, Раиси анҷумани ҷигари Эрон ба қабули беморон оғоз карданд. Қабули машвараии онҳо фардо 6 декабр низ идома меёбад. Тибқи тафоҳуми ҳосилшуда дар байни мудирияти Бемористон ва ин мутахассисон доктор Мансурӣ ва доктор Алавиён минбаъд низ барои мушовара ва дармони беморон ба Бемористони Ибни Сино ташриф хоҳанд овард.

ФОТО

 

ВИДЕО