БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Пизишки умумӣ (GP)

МАШВАРАТИ ПИЗИШКИ УМУМӢ

 

Қабули пизишки умумӣ 47 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

 

1.ЭКГ

 

2. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо стетоскоп, пиксиметр, тонометр, чен намудани ҳарорати бадани мариз ва муоинаи визуалии бадани мариз).

 

3. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

 

4. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

 

5. Баррасии озмоишҳо (сабти ЭКГ, ренгенографияи устухонҳо, буғумҳо ва узвҳои қафаси сина, УЗИ и маҳватаи шикам, ФГДС ва ЭКГ)

 

6. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

 

7. Тавсияи табобат(навиштани дорухат)

 

8. Додани маълумотнома (справка) барои мактаб, муъоинаи тиббӣ, справка барои ҳавзи шиноварӣ.

 

9. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

 

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.

 

Пизишки умумӣ доктор Дилором Ахмедова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули беморон машғул аст. Утоқи пизишки умумӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир аст. Пизишки умумӣ аввалин мутахассисест, ки бемор бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Чи тавре, ки аз номаш бармеояд, пизишки умумӣ ҳамаи бемориҳоро мешиносад ва ташхис дода метавонад.

Зиёда аз навад дар сади беморон аз тарафи пизишки умумӣ ташхис ва дармон шуда, камтар аз даҳ дар сади онҳо бо тавсияи ӯ ба муоинаи мутахассиси дахлдор равон карда мешаванд.

Утоқи кории ӯ бо фишорсанҷ, негатоскоп, стетоскоп ва асбобҳои санҷишу баррасии аввалия муҷаҳҳаз кунонда шудааст:

Дар ҳолатхои зарурӣ ӯ метавонад аз хидмати озмоишгоҳ, ки 24 соат фаъолият мекунад, истифода кунад:

Инчунин аз ташхиси ултрасадо барои баррасии узвҳои дохилӣ кор мегирад:

 Утоқи рентгени бемористон низ дар гузоштани ташхис ба пизишки умумӣ кӯмак мекунад:

 Пизишки умумӣ чиро муолиҷа мекунад?

Пизишки умумии бемористон ба ҳамаи маризон метавонад ёрии аввалия расонад.

Маризиҳои зеринро худаш табобат мекунад:

-самохӯрдагӣ, орвӣ,

-дармони доругии маризиҳои гӯшу гулӯву бинӣ ва чашм;

-маризиҳои дохилӣ, шушу роҳи нафас;

- узви ҳозима;

-маризиҳои роҳҳои пешобгузар;

-дардҳои андом ва ғайра

 Дорухонаи бемористон бо доруҳои баландсифат, ки худи бемористон ворид кардааст таъмин мебошад. Ин доруҳо низ кафили табобати хуби таъиноти пизишки умумии бемористон мебошанд:

 Пизишки умумии Бемористони Ибни Сино сохибихтиёр аст аз имконоти фаровони дигари бемористон барои ташхису дармон истифода кунад:

-машварати мутахассисони гуногун;

-клиникаи қалб;

-физиотерапия;

-томографи компютерӣ:

 

 

ФОТО

 

ВИДЕО