БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

«Суғуртаи миллѝ» ташкил шуд

   ҶСП «Дили солим» ( Бемористони Ибни Сино)  ба манзури мусоидати иҷтимоѝ  ба мардуми кишвар ширкати «Суғуртаи миллѝ » ташкил дод, ки чанд рўз пеш соҳиби шаҳодатнома шуд.

Бино ба қоидаҳои суғурта шаҳрвандон ва муассисаву корхонаҳо  метавонанд бо имзои Шартнома, интихоби Барномаи суғурта  ва пардохти ҳаққи суғурта ва муоинаи аввалияи тиббѝ   дар давоми як сол аз хидматҳои тиббѝ  дар Бемористони Ибни Сино баҳравар шаванд.

 

Ҳаққи суғурта мутобиқи Барномаи якум 500 (панҷсад) сомонѝ   ва  мутобиқи Барномаи дуюм 1000 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳол мутаносибан ба интихоби барномаҳо маблағи суғурта  5000 (панҷ ҳазор) ва 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Яъне суғурташудагон ҳақ доранд,  дар сурати гирифтор шудан ба бемориҳое, ки дар Барнома зикр мешаванд,  дар давоми як сол  аз таърихи имзои Шартномаи суғурта  ба  Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунанд ва баробар бо маблағи суғуртаи худ хидматҳои тиббии баландсифат гиранд. Дар сурати бештар аз маблағи суғурта шудани нархи хидматрасониҳои тиббѝ (ҷарроҳиҳо) суғурташудагон фарқи байни ҳадди ниҳоии мабалаѓи суғурта ва нархи воқеии дармону ҷарроҳиро худ пардохт мекунанд.

Тамоми хоҳишмандони суғурта қабл аз имзои Шартнома бояст дар Бемористони Ибни Сино аз муоинаи аввалияи тиббѝ  гузаранд. Нархи муоинаи тиббѝ , ки амалан ташхиси муфасали  озмоишгоҳѝ  ва дастгоҳѝ  аст, барои суғурташавандагон бо тахфифи 70 дар садѝ  пешниҳод мешавад ва бояд аз ҳисоби худи онҳо пардохт карда шавад.    

Ширкати «Суғуртаи миллѝ » сайти электронии худро таъсис додааст, ки  рўзҳои наздик фаъол мешавад ва дар он  тамоми қоидаҳо ва шартҳои суғурта бо тафсил  ҷой дода хоҳад шуд.

«Суғуртаи миллѝ » дар назар дорад бо анҷоми бархе  омодагиҳои муқаддамотѝ  қабл аз соли нави мелодѝ  ба инъиқоди шартномаҳои суғурта оғоз намояд.  

ФОТО

 

ВИДЕО