БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/tamozhnya_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/tamozhnya_2.jpg'

Воридоти таҷҳизоти муосир, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ барои иншоотҳои стротегӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда хоҳанд шуд

7-уми декабр Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд. Дар тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси гумрук, ки аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онҳоро рӯзи 7-уми декабр пазируфт, ҳамчунин гуфта мешавад, шумораи санадҳои гумрукӣ барои воридот ва содирот, аз даҳ ба панҷ коҳиш хоҳад ёфт.


Муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Неъмат Раҳматов, ки тарҳро ба вакилон шинос мекард, ин навгониҳоро омили рушди бозор дар кишвар номид. Вай гуфт, ки коҳиши асноди расмиёти гумрукӣ бешубҳа ба рушди бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин воридоти таҷҳизоти муосир, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ барои иншоотҳои стротегӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда хоҳанд шуд." парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумурки ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ афзуд, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади такмили маъмурикунонии соҳаи гумрук, содда гардонидани расмиёти гумрукӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар хусуси кам кардани теъдоди ҳуҷҷатҳо барои ба расмиятдарории гумрукӣ ба андозаи то 30% таъкид шуда буд.

ФОТО

 

ВИДЕО