БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

5 амали ҷарроҳии пластикӣ дар Бемористони Ибни Сино 21.12.2012

Дар таърихи 19 –уми декабр дар бахши ҷаррроҳии пластикӣ ва зебоии Бемористони Ибни Сино 5 амали ҷарроҳии пластики зебоӣ анҷом дода шуд. Аз онҳо дар 2 нафар бемор амали ҷарроҳии ринопластӣ (пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ,

бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ) ;

дар 1 нафар ҷарроҳии мамопластикӣ (пластикаи синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг) ва калонкунии синаи зан; дар 1 нафар ҷарроҳии блефоропластикӣ (пластикаи пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофи чашмон, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи пилки чашмон );ва дар як нафари боқимонда ҷарроҳии тармими пешонӣ  бо гузоштани силикон амалӣ гардид.

Шахси ҷарроҳии маммопластикӣ шуда, аз сабаби он ки синаҳои бисёр бузургчусса дошт, аз он изҳори нороҳатӣ  менамуд ва ин ҳолат боиси хамидагии қомати ӯ гардида буд. Ҳамчунин бемор дар вақти интихоби либос ва пӯшидани он низ азият мекашид. Чунин амали ҷарроҳиро пизишкон бо назардошти бузургҳачмии синаҳо нодир арзёбӣ намуданд. Ҳамаи амалҳои ҷарроҳӣ  бомуваффақият анҷом ёфта, беморон аз сатҳи касбияти мутахассисон изҳори қаноатмандӣ  намуданд. Амали ҷарроҳӣ аз чониби мутахассиси варзидаи эронӣ, чарроҳ Беҳрӯзи Муҳаммадӣ анҷом дода шуд. Номбурда дар соҳаи ҷарроҳии пластикӣ ва тармими зебоӣ 20 сол собиқаи корӣ дорад.

ФОТО

 

ВИДЕО