БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахшҳо

Бахши урологӣ

Бахши урологии Бемористони Ибни Сино  яке аз се бахши аввалини бемористон аст, ки аз оғози  роҳандозии он ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар ин бахш маризони мубталои бемориҳои гурда, роҳҳои пешоб ташхис ва табобат карда мешаванд.  Дар ин бахш низ ағлаби  беморон бо табобати доругӣ фаро гирифта мешаванд. Беморон саравввал аз тариқи ултрасадо ташхис шуда,

тангиҳои мавҷуда дар роҳҳои пешоб, санг ва намак дар гурдаву масона, омосҳо, варам ва дигар нуқсонҳо ошкор карда мешаванд.

Дар ҳолати пайдо гаштани чунин маризиҳо пизишк метавонад аз рентген бо ранг истифода кунад ва андозаву ҷойгиршавии маризиро мушаххас намояд.

Инчунин таҳлилҳои озмоишгоҳи  бемористон ба пизишк имкон медиҳад, ки норасоии кори гурдаро муайан намояд.

Таҷҳизоти бемористон имкон медиҳад, ки беморӣ дақиқ ташхис карда шавад. Барои дармони маризҳои урологӣ пизишкони бемористон аз таҷҳизоти муосир ва технологияи навтарин истифода мекунанд.

Шикастан ва гирифтани санги гурда метавонад бо дастгоҳи сангшикани (литотриптор) берунандомӣ:

анҷом шавад.

Бемористон дорои утоқи амали тахассусии урологӣ мебошад:

Ин утоқ бо дастгоҳи беҳушӣ:

 -рентгени C ARM:

 -дастгоҳи видеоконтроли амал:

-чароғи martin:

-мизи ҷарроҳӣ:

-васоили амали эндоскопӣ

 

 

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад. Хусусияти амалҳое, ки дар ин ҷо анҷом мешаванд, ин аст, ки дохил шудан ва рафъ кардани мушкил аз маҷрои табиӣ ё аз тариқи бурриши хурде дар пӯст анҷом дод  мешавад.

Тамоми ин процесс аз тариқи видеомонитор ва рентгени махсус назорат карда мешавад ва муваффақияти амалро таъмин мекунад.Рафт ва натиҷаи амал сабт мешавад ва ба бемор низ сабти СД дода мешавад. Одатан бемор баъд аз ду-се рўз ба хона ҷавоб дода мешавад.

ФОТО