БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши дандонпизишкӣ

Таи 2 сол мешавад, ки сокинони кишвар аз хизматрасонии бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино истифода мебаранд. Дар ин муддат теъдоди зиёди сокинон ба сатҳи хизматрасонӣ  ва касбияту дарки масъулиятшиносии мутахассисони ин соҳа баҳои баланд додаанд. Сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст,

ба он мусоидат менамояд, ки таваҷҷўҳ ва муроҷиати шаҳрвандон ба ин бахш рўз аз рўз зиёд гардад. Беҳуда нест, ки сокинони кишвар Бемористони Ибни Синоро ҳамчун  маъруфтарин ва муосиртарин даргоҳи тиббии Тоҷикистон ном мебаранд. Кормандони он низ мекӯшанд ба ин боварии шаҳрвандон сазовор бошанд. Барои ин бахши дандонпизишкии бемористон низ бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз гардида, дар он аз навтарин усули кори соҳа бо такя аз таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ кор бурда мешавад.Стоматология

ФОТО