БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши ҷарроҳии пластикӣ


Дар ин бахш мутахассисони ватанӣ ва хориҷии пуртаҷриба амалҳои гуногунро дар соҳаи зебоӣ ва тармимӣ анҷом медиҳанд. Барои дар сатҳи зарурѝ амалӣ намудани ин амалҳо  бахши мазкур бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Дар ин бахш амалҳои зерин гузаронида мешаванд:

кошти мӯйи сар –кошти (аутотрансплонтатсияи) мӯй дар сурати рехтани мӯйҳо;

 

 

 

 

 

кошти абрӯвон - барқарор кардани абрувон бо роҳи  кошти мӯй; 



 

 

 

 

 

маммопластика- пластикаи синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг) ва калонкунии синаи зан;

 

 

 

 

 

 

- блефаропластика- пластикаи пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофии чашмон, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи пилки чашмон;

                              

 

 

 

 

 фейслифтинг - тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст;


 

 

 

 

- ринопластика - пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ;

 

 

 

 

 

 

Отопластика –  пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш, рафъи деформатсияи суфраи гӯш;. 

 

 

 

 

 

 

абдоминопластика - пластикаи шикам, бартараф кардани изофаи пӯстҳо ва чарбуи овезони шикам, мустаҳкам кардани девори пеши шикам;
 

 

 

 

 

 

 

-липосактсия-гирифтани чарбуи изофаи қитъаҳои алоҳидаи бадан ба воситаи дастгоҳи махсус бе буридани пӯст;

 

 

 

 

 

 

- тазриқи ботокс ва гел;

- мезотерапияи сару мӯй (тақвият додани сару мӯй); 

 

 

 

 

 

 - плазмодармонӣ. 

Ин амалҳо бо тарҳу усули нав барои зебо  ва ҷавон сохтани симои шумо,

барҳам додани чини пешонӣ, қисматҳои рӯй ва дигар амалҳое,

ки барои устувории зебогии шумо мусоидат мекунад, дар сатҳи аврупоӣ

анҷом дода мешаванд. 

ФОТО