БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ РЕЗИШИ МӮЙ БА ВАСИЛАИ ФИЗИОТЕРОПӢ

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино.

    доктор Каримов Муҳибуллоҳ.

     

    Физиотерапӣ – ҳангоми рехтани мӯй. Давомнокии ҳаёти мӯйи инсон бисёр кӯтоҳ буда, танҳо 3 солро ташкил медиҳад. Ҳаррӯз мо тақрибан 50-150 мӯи кӯҳнашударо гум мекунем ва ин як раванди физиологии муқаррарӣ аст.

     
  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

01 Декабр 2012

Бемористони Ибни Сино

Бемористони "Ибни Сино" моҳи сентябри соли 2009  бо ҷалби пизишкони ботаҷриба аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва Точикистон  ба фаъолият шуруъ намуд. Дар расми ифтитоҳи Бемористон Президенти кишвар Эмомалй Раҳмон ва сафири Чумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алиасъари Шеърдуст ширкат ва суханронй намуданд. Ин бемористон дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти Точикистон бино шудааст ва шомили бахшҳои ҷаррохии дил, ангиографӣ, ҷаррохии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъчилӣ, амрози занон, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ, дандонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгох, рентген ва дорухона мебошад.Бемористони "Ибни Сино" бо стандарти тибби аврупоӣ таъсис шуда, бо таҷхизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва пизишкони эронӣ ва тоҷик аз методхои дакики ташхиси дастгоҳию озмоишгоҳӣ ва усулҳои навтарини дармону ҷарроҳӣ истифода мекунанд..

Аз оғози фаъолият то кунун беш аз 17940 ниёзманд ба Бемористони "Ибни Сино" муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 2872 нафарашон бистарӣ гардиданд. Тайи ин муддат 1582 нафар беморон ҷарроҳӣ шуданд, ки аз ин теъдод 334 нафар ҷарроҳии бози дил ва 1050 нафар амали ҷарроҳии урологӣ шуданд. Бештари амалҳои ҷарроҳии урологӣ бо истифодаи эндоҷарроҳӣ анҷом шудааст.

Муфассал...

Бахши ёрии таъҷилӣ

Пизишкон ва мутахассисони бахши ёрии таъҷилӣ дар тамоми соатҳои шабонарўз ва рўзҳои таътил омодаи хидматрасонӣ ба беморон ҳастанд.Стационар

Муфассал...

Дармонгоҳи тахассусӣ

Дар ин бахш мутахассисон бо истифода аз навтарин дастгоҳҳои эхокардиографӣ, тести варзиш, ултрасадо ва ECG ибтидо ба баррасии аввалияи беморони дилу рагҳои хунгузар мепардозанд ва сипас роҳҳои мухталифи дармонро ба беморон ироа медиҳанд.Стационар УЗИ  Рентгенография

Муфассал...

Шӯъбаи ҷарроҳии дил

Шӯъбаи ҷарроҳии дили бемористон бо кўмаки ҷарроҳони моҳир аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва бо истифода аз ҳуҷраи ҷарроҳии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта қавитарин шӯъбаи ҷарроҳии дил дар Осиёи Марказӣ мебошад. Номгӯи хизматрасониҳо дар шӯъбаи ҷарроҳии дил Кардиохирургия

Муфассал...

Бахши амрози занона

Табибони гинекологи бемористони мо -  мутахасиссони дараҷаи олӣ  ва ботаҷрибаи бисерсолаи корӣ, ки дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, интихоби фаровони озмоишот, ТУС  ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба Шумо кафолати табобати оҷилӣ  ва бомуваффақият медиханд. 

Қабул аз тарафи табибони гинеколог гузаронида мешавад

Табибон ихтисоси гинекологияи эндокринологӣ

Муфассал...

Бахши ангиографӣ

Дар бахши ангиографии бемористон бо истифода аз навтарин дастгоҳи олмонии сохти ширкати «Siemens» аз ҳама рагҳои хунгузари бадан тасвирбардорӣ шуда ва дар сурати ниёз ба равиши ҷарроҳии баста (ангиопластӣ) рагҳои бастаи дилро тавассути стент боз менамоянд.

Муфассал...

Бахши урологӣ

МАШВАРАТИ УРОЛОГ

Қабули уролог 83 сомонӣ арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор.

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои лозим.

4. Баррасии озмоишҳо (таҳлили умумии хун, таҳлили биохимияи хун, таҳлили умумии пешоб, кишти пешоб, баррасии ташхиси ултрасадо, КТ, рентгенографияи гурда ва роҳҳои пешобрав).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Бахши урологӣ яке аз бахшҳои муҳими бемористон буда, рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 фаъолият мекунад. Дар бахши урологӣ  мутахассисони зерин фаъолият мекунанд: докторон Аминов Мубин, Нусратов Абдураҳим, Абдувоҳидов Абдусамад, Азизов Умар. Хидматрасонихои бахши урология: машварати мутахассис, табобати доруги, статционари, ҷарроҳии гурда, роҳҳои пешоб, гузоштани стент, гирифтани стент, гирифтани санг бидуни кушодани мавзеъи гурда, сангшиканӣ ва эндоурологӣ, аз ҷумла:

- Шикастани санги гурда бо равиши пневмотик ва ултрасон PCNL;

- Шикастани сангҳои гурда бо равиши ҷарроҳии баста (нефроскопӣ) TWC;

- Тарошидани простата TUR.P - Тарошидани омоси масона TUR. B;

Муфассал...

Озмоишгоҳ

Озмоишгоҳ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст ва бе истироҳат 24 соат фаъолият мекунад. Мутахассисони озмоишгоҳи бемористон, докторон Набиева Хуросон, Азизқулова Шифо, Бозоров Фазлиддин, Назаров Даврон ва Сангалиева Миҷгона. Дар озмоишгоҳи бемористон ташхису озмоишҳои гуногун аз қабили:

- таҳлили умумии хун (CBC)

-  таҳлили умумии пешоб (UIA)

Муфассал...

Дорухона

90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва маводи тиббии аълосифати Амрико, Олмон, Туркия, Испания ва чанд мамолики дигар низ аз ҷумлаи шарикони мо мебошанд. Мо мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолият анҷом медиҳем ва ҳам дору, ҳам маводи тиббии масрафӣ, ки ворид мекунем, ҷавобгўйи стандартҳои байналмилалӣ  мебошанд!

Васоил ва маводе, ки дар шикастабандиҳо ва амалҳои дигари ортопедӣ, ҷарроҳиҳои гинекологиву урологӣ истифода  мешаванд, низ аз Олмону Испания ворид карда мешаванд.

Шарикони бемористони мо ба мо эътимод доранд ва дар сатҳи меъёрҳои роиҷи  байналмилалӣ бо мо муносибат мекунанд. Бештар мо аз тариқи шабакаи интернет табодули назар карда, ба тавофуқ мерасем ва шартнома мебандем. Дар баробари ҷиддӣ будан, онҳо хеле ҳассос ҳам ҳастанд. Як ҳарфи зиёдатӣ, як калимаи беҷо метавонад ба кори мо халал ворид созад. Ба ҷуз донистани забону назокатҳои муошират, боз каме дипломат будан ҳам лозим аст.

Интихоби дору 

Аз анбори махсуси нигаҳдории доруҳо ба мо хабар медиҳанд, ки захираи кадом номгўи доруҳо  камтар боқӣ мондааст. Ҳамчунин  мудирони шўъбаҳо супориш медиҳанд, аз бахшҳои бемористон дар Панҷакенту Хуҷанду Фархор омори лозимаро мегирем, пас аз ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ, бо ширкатҳои ҳамкорамон тамос мегирем ва дар доруҳои лозимаро супориш медиҳем ва онҳо бароямон ирсол  мекунанд.

Нархи доруҳо

Нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгўи дору, ки камёфту гаронарзишанд, аз нархи бозори дохилӣ фарқ намекунад.  Вале бартарии доруҳои мо дар он аст, ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнҷиҳо дастрас карда мешавад! Бо итминон  гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло ва хеле муассир мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи пизишкон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиъа карданд. Агар мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан  бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору! Чунонки гуфтам, доруҳои мо пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда,  бо тавсияи духтурон фурўхта мешаванд,

Доруҳои мавсимӣ 

Мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин фасл хурӯҷ мекунанд низ дору ворид месозем. Ду –се моҳ пешакӣ супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон  доруҳоро бароямон  мефиристонанд. Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти баландсифати хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ҷониби Хадамоти фарматсевтии кишварамон сертефикати лозима доранд. Рўйхати  тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурўхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода  мешавад. Тамоми ҷаҳду кўшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору  камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем!



Нархномаи Дорухона

Муфассал...

Маҳбуба Ҳафизова: Бемористони ибни Сино фарзандамро наҷот дод!

Маҳбуба Ҳафизова як тан сокини пойтахт, ки ба наздикӣ фарзанди хешро дар Бемористони ибни Сино муолиҷа намуд, ҳамин тавр миннатдории хешро ба аҳли кормандони беморхона баён намуд.

Муфассал...

ФОТО