БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

14 Декабр 2012

Сактаи дил чист ? (инфаркт миокарда )

Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз раги хунрасони дил ( яъне раги иклилӣ –тоҷӣ ё коронарӣ ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад.

Муфассал...

Бемории ишемикии дил, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он

15-02-2014 Айни ҳол бемориҳои рагҳои хунгарди дил ба монанди бемории ишемикии дил, сактаи дил, бемории фишорбаландии шараёни (гипертоникӣ) ва ғайра барои саломатӣ хатари ҷиддӣ  маҳсуб шудаанд.

    Бемории ишемикии дил (БИД) – ин беморие мебошад, ки ҳангоми танг ё ба пуррагӣ баста шудани яке аз шараёнҳои хунгарди дил, дар натиҷаи ба мушаки дил нокифоя рафтани хуни бо оксиген ғанибуда ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии беморӣ – дарди сузишнок ё фишороварандаи хуруҷкунанда дар паси устуғони тӯш, ќафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап, байни шонаҳо интишор ёбад, хисси норасоии ҳаво, дилбеҳазурӣ, арақкунии зиёд ва ғ. ба шумор мераванд.

Муфассал...

Ангиоплаcтика чист?

  Бемориҳои рагҳои дил фаровонтарин иллати маргу мирро дар аксари кишварҳо ташкил медиҳанд. Илова бар ин бемориҳои рагҳои хунрасони мағзи сар як сабаби аслии сактаҳои мағзи сар ё инсулт мебошанд, ки сактаи мағзӣ ва инсулт яке аз иллати асосии маргу мир ва  корафтодагӣ     дар бисёре аз кишварҳост.

Муфассал...

Ангиография чист ?

Фаровонтарин сабаби маргу мир дар аксари кишварҳо бемории дил аст. Ва  ҳамчунин фаровонтарин сабаби бемориҳои дил танг шудани рагҳои хунгузари дил ё рагҳои конорарии дил аст. Вуҷуди бемории пурфишории хун ё диабети қанд ё боло бурдани низоми равғаннокии хун ҳамчун холестерин ё триглисиридҳо, истеъмоли тамоку (носу сигор), варзиш накардан ва беҳаракатӣ ва фарбеҳии зиёд омилҳои асосии пайдошавии бемории рагҳои дил ҳастанд.

Муфассал...

Пешгирӣ аз пайдо шудани санг дар гурда ва роҳҳои пешоб

Санги гурда- бемории мазкур дар минтақаҳои гарму хушк ва кӯҳистону шимол бештар дучор меояд. Санги гурда ва роҳи пешоб на танҳо дар одамон, балки дар ҳайвонот низ дучор меояд. Ин бемориест, ки аз қадим одамизодро заҳмат медиҳад ва -4 фоизи аҳолӣ, хурду калон ба он гирифтор мешаванд. Қариб 65-70 фоиз ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемории санги гурда ба ашхоси 20-55-сола рост меояд. Аз занон дида бештар мардон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Муфассал...

Фишорбаландӣ чист? Тавсия барои бемороне, ки мубталои бемории фишорбаландй шудаанд.

 

Фишорбаландӣ -яке аз маъмултарин бемориест, ки барои ҳаёт хатари ҷиддӣ дорад. Фишорбаландӣ дар Точикистон бештар ба назар мерасад. Аз ҳар 4 нафар як нафар ба он гирифтор мешавад. Дар сини боло аз 50-солагӣ низ аз ҳар 2 нафар   як нафар гирифтори бемории фишорбаландӣ  мешавад. Афзоиши фишори хун маъмулан беаломат аст. Ба ҳамин далел фишорбаландии шараёниро «қотили хомӯш» меноманд. Дар мавриди афзоиши шадиди фишори хун аломатҳои сардард, гиҷӣ ва дарди кафаси сина мумкин аст, пайдо шавад. Касе, ки гирифтори фишорбаландӣ аст, бояд доимо аз фишори хуни худ бохабар бошад

Муфассал...

ФОТО