БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ноябр 2013

29 Ноябр 2013

Мехоҳед «Оилаи хушбахт» дошта бошед?

  29-11-2013Ширкати «Суғуртаи миллӣ» барномаи нави хешро арномаи «Оилаи хушбахт») пешкаши шаҳрвандон гардонидааст. Ин барнома имкон медиҳад, ки  шахсони суғурташудаи  иборат аз 2 ва ё  бештар узви як  оила  бо

Муфассал...

27 Ноябр 2013

Тавсия барои беморони гирифтори диабети қанд

  27-11-2013 Диабети қанд бемориест, ки метавонад тамоми рагҳои баданро осеб диҳад. Барои мисол, метавонад бо иллатнок кардани рагҳои гурда боиси норасогии фаъолияти гурдаҳо гардад ё бо вайрон кардани рагҳои хунгарди дил сабаби пайдошавии бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) ё марги нобаҳангом шавад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккулёбии сактаи мағз мегарданд. Вайроншавии рагҳои пой бошад сабаби пайдоиши гангрена ё тахрифи худи пой шуда метавонад.

Муфассал...

26 Ноябр 2013

Ринопластика

Ринопластика- пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ ;

 

Муфассал...

25 Ноябр 2013

Доктор Сомӣ дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ намуд

  25-11-2013 Дар Бемористони Ибни Сино  мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиолог-интервенсионист -Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй) ба қабули беморони дил, тангии рагҳо ва бемориҳои модарзордии дил шурӯъ намуд. Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй) -мутахассиси бемориҳои дил,  мутахассиси боз кардани тангии рагҳо ва дармони бемориҳои модарзод

Муфассал...

14 Ноябр 2013

Барои он ки табобат камхарҷ шавад, бояд аз беморӣ пешгирӣ кард!

  14-11-2013 Эндоурологи маъруфи эронӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи улумпизишкии Ҳамадон ва Анҷумани урулуҷии Аврупо ва Эрон -  Амирҳасани Шаҳриёр, ки тӯли 4 сол бо Бемористони Ибни Сино ҳамкорӣ дорад, тӯли ин ҳафта дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул

Муфассал...

11 Ноябр 2013

Иваз кардани буғумҳои косу рон

Мушкил аст, вақте ки инсон аз ҳаракат кардан боз мемонад ва ба ёрии каси дигаре мӯҳтоҷ мешавад. Аммо тибби муосир имрӯз имконият дорад, ки ба дарди чунин ашхос низ дармон   бахшад. Роҳ рафтан барои онҳое, ки чанд муддат аз ҳаракат  монда буданд, он қадар хурсандие меорад, ки он хадду канор надорад. Инро пеш аз ҳама табибони шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино дарк мекунанд. Айни ҳол муштариёни зиёде ба ин шӯъба барои иваз кардани буғумҳои косу рон ва зону муроҷиат менамоянд. Табибони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо хамтоёни эронии худ зимни анҷоми чунин амалҳо аз муосиртарин методҳо кор мегиранд, ки барои бенуқс  мондани узви осбедида мусоидат мекунад ва бемор низ оҳиста –оҳиста ба холати пешинааш бармегардад. Ин амалҳо қабл аз ҳама  бо усулҳои навтарин ва бо ширкати маъруфтарин табибони эронӣ анҷом дода мешавад

Муфассал...

Имплантатсияи дандон

    Табобати дандон

Дар Бемористони Ибни Сино танҳо аз усулҳои муосири табобати дандон истифода мешавад. Ҳангоми табобат аз бедардкунӣ истифода бурда шуда, ба милки дандони бемор гели лидоксор е аэрозол молида мешавад, ки беҳискунии аввалияро таъмин менамояд.

 Ин амр имкон медиҳад, бидуни дард ба милки дандони бемор, тавассути сузандоруи махсуси дандонпизишкӣ, ки сӯзани хеле нозук дорад, доруи анестетик тазриқ карда шавад. Бедардкунии босифат ба пизишк имкон медихад табобатро низ босифат, бидуни он ки бемор дард бикашад, анҷом бидиҳад.

Зимни табобати дандон дар шӯъбаи дандонпизишкии мо танҳо васоил ва маводи аврупоӣ истифода карда мешавад, ки имкон медихад, табобати дандонҳо ҳам аз назари тиббӣ ва ҳам аз лиҳози зебоишиносӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

   Имплантатсияи дандон

Имплантатсияи дандон усули насби решаи маснуъии аз титан е сирконий тайёркардашуда ба орвораи боло ё поён мебошад. Имплантатсияи дандон ҳамчун сутунча, ки ба онҳо дандонҳои маснуъӣ (ки дандонҳои афтодаро иваз мекунанд) ё рӯйкашҳои гирифташаванда насб карда мешаванд, истифода мегарданд.

Пас аз афтодани як ё чанд дандон устухонҳои орвора нозук ва заиф мешаванд, к и бо мурури замон ба вайроншавии системаи орвораву чеҳра боис мегардад. Аммо имплантант ҳамчун решаи дандони табиӣ муттакои хубе барои устухони орвора мешавад. Ҳар одаме, ки ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла беморӣ ва харобшавии дандонҳо як ё якчанд дандонашро аз даст медихад, худ аз худ номзади билфеъл барои гузоштани имплантанти дандон мегардад. Одамони синну соли боло низ метавонанд имплантатсияи дандонро анҷом диҳанд, зеро омили муайянкунандаи гузотани имплантант на синну сол, балки вазъи саломатӣ аст. Ин ки оё анчоми имплантанти дандон мумкин аст, ки ё не, аз ҷониби мутахассис , пас аз муоинаи дақиқи фарди мушаххас ва ба хусус, вазъи дандонҳои вай муайян карда мешавад.

Афзалиятҳои имплантантсия:

-барқарор кардани вазифаҳои муҳими физиологӣ;

-эффекти хуби зебоӣ;

-пешгириӣ кардани оқибатҳои манфии афтодани дандонҳо.

Насби имплантанти дандон имкон медиҳад:

-дандони афтода бидуни зиён расонидан ба дандонҳои паҳлӯӣ барқарор карда шаванд;

-муттакии хуб эҷод карда ва рӯйкаши собит насб карда шавад.

Барои гузоштани рӯйкашҳои гирифташаванда, муттакии хуб эҷод карда шавад.

  Микрорӯйкашҳо

Ин усул имкон медиҳад бидуни даст расоснидан ба дандонҳои солим дар муддати кӯтоҳ рӯйкаш (протез) гузошта шавад

Ин усул зуд анҷом дода мешавад. Дар рӯзи аввал аз дандонҳо қолаб гирифта мешавад ва рӯзи дуввум рӯйкашҳо гузошта мешаванд.

Табобати решаи дандон

Табобати решаи дандон асоси дармони дандон ба ҳисоб меояд. Барои назорати сифати дандон дар Бемористони Ибни Сино аз визиограф (рентген) истифода мешавад. Ин дастгоҳ имкон медихад барои роҳатии бемор аз решаи дандонҳо дар курсии табобатӣ аксбардори карда шавад. Ҳамчунин визиограф ташаъшуъ (радиатсия) надорад ва истифодаи он безарар аст.

Муфассал...

Фейслифтинг

фейслифтинг-тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст

 

Муфассал...

Иваз кардани буғумҳои зону ва косу рон дигар мушкилие надорад

  11-11-2013 Мушкил аст, вақте ки инсон аз ҳаракат кардан боз мемонад ва ба ёрии каси дигаре мӯҳтоҷ мешавад. Аммо тибби муосир имрӯз имконият дорад, ки ба дарди чунин ашхос низ дармон бахшад. Роҳ рафтан барои онҳое, ки чанд муддат аз ҳаракат  монда буданд,

Муфассал...

07 Ноябр 2013

Эндоурологи маъруфи эронӣ, Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор 10-уми ноябр дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ мекунад

  07-11-2013 Доктори маъруфи эронӣ Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор , ки яке аз   эндоурологи собиқадор буда,  дармони ҳама намуди беморихои гурда ва роҳҳои пешобро бо маҳорати баланд анҷом медихад, шурӯъ  аз 10 ноябр ба қабули беморон оғоз менамояд. Номбурда дар анҷом додани амалҳои  PCNL ( сангшикании  зерипӯстӣ), TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона) ҳамто надорад.

Муфассал...

ФОТО