БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

11 Ноябр 2013

Иваз кардани буғумҳои косу рон

Мушкил аст, вақте ки инсон аз ҳаракат кардан боз мемонад ва ба ёрии каси дигаре мӯҳтоҷ мешавад. Аммо тибби муосир имрӯз имконият дорад, ки ба дарди чунин ашхос низ дармон   бахшад. Роҳ рафтан барои онҳое, ки чанд муддат аз ҳаракат  монда буданд, он қадар хурсандие меорад, ки он хадду канор надорад. Инро пеш аз ҳама табибони шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино дарк мекунанд. Айни ҳол муштариёни зиёде ба ин шӯъба барои иваз кардани буғумҳои косу рон ва зону муроҷиат менамоянд. Табибони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо хамтоёни эронии худ зимни анҷоми чунин амалҳо аз муосиртарин методҳо кор мегиранд, ки барои бенуқс  мондани узви осбедида мусоидат мекунад ва бемор низ оҳиста –оҳиста ба холати пешинааш бармегардад. Ин амалҳо қабл аз ҳама  бо усулҳои навтарин ва бо ширкати маъруфтарин табибони эронӣ анҷом дода мешавад

Муфассал...

Имплантатсияи дандон

    Табобати дандон

Дар Бемористони Ибни Сино танҳо аз усулҳои муосири табобати дандон истифода мешавад. Ҳангоми табобат аз бедардкунӣ истифода бурда шуда, ба милки дандони бемор гели лидоксор е аэрозол молида мешавад, ки беҳискунии аввалияро таъмин менамояд.

 Ин амр имкон медиҳад, бидуни дард ба милки дандони бемор, тавассути сузандоруи махсуси дандонпизишкӣ, ки сӯзани хеле нозук дорад, доруи анестетик тазриқ карда шавад. Бедардкунии босифат ба пизишк имкон медихад табобатро низ босифат, бидуни он ки бемор дард бикашад, анҷом бидиҳад.

Зимни табобати дандон дар шӯъбаи дандонпизишкии мо танҳо васоил ва маводи аврупоӣ истифода карда мешавад, ки имкон медихад, табобати дандонҳо ҳам аз назари тиббӣ ва ҳам аз лиҳози зебоишиносӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

   Имплантатсияи дандон

Имплантатсияи дандон усули насби решаи маснуъии аз титан е сирконий тайёркардашуда ба орвораи боло ё поён мебошад. Имплантатсияи дандон ҳамчун сутунча, ки ба онҳо дандонҳои маснуъӣ (ки дандонҳои афтодаро иваз мекунанд) ё рӯйкашҳои гирифташаванда насб карда мешаванд, истифода мегарданд.

Пас аз афтодани як ё чанд дандон устухонҳои орвора нозук ва заиф мешаванд, к и бо мурури замон ба вайроншавии системаи орвораву чеҳра боис мегардад. Аммо имплантант ҳамчун решаи дандони табиӣ муттакои хубе барои устухони орвора мешавад. Ҳар одаме, ки ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла беморӣ ва харобшавии дандонҳо як ё якчанд дандонашро аз даст медихад, худ аз худ номзади билфеъл барои гузоштани имплантанти дандон мегардад. Одамони синну соли боло низ метавонанд имплантатсияи дандонро анҷом диҳанд, зеро омили муайянкунандаи гузотани имплантант на синну сол, балки вазъи саломатӣ аст. Ин ки оё анчоми имплантанти дандон мумкин аст, ки ё не, аз ҷониби мутахассис , пас аз муоинаи дақиқи фарди мушаххас ва ба хусус, вазъи дандонҳои вай муайян карда мешавад.

Афзалиятҳои имплантантсия:

-барқарор кардани вазифаҳои муҳими физиологӣ;

-эффекти хуби зебоӣ;

-пешгириӣ кардани оқибатҳои манфии афтодани дандонҳо.

Насби имплантанти дандон имкон медиҳад:

-дандони афтода бидуни зиён расонидан ба дандонҳои паҳлӯӣ барқарор карда шаванд;

-муттакии хуб эҷод карда ва рӯйкаши собит насб карда шавад.

Барои гузоштани рӯйкашҳои гирифташаванда, муттакии хуб эҷод карда шавад.

  Микрорӯйкашҳо

Ин усул имкон медиҳад бидуни даст расоснидан ба дандонҳои солим дар муддати кӯтоҳ рӯйкаш (протез) гузошта шавад

Ин усул зуд анҷом дода мешавад. Дар рӯзи аввал аз дандонҳо қолаб гирифта мешавад ва рӯзи дуввум рӯйкашҳо гузошта мешаванд.

Табобати решаи дандон

Табобати решаи дандон асоси дармони дандон ба ҳисоб меояд. Барои назорати сифати дандон дар Бемористони Ибни Сино аз визиограф (рентген) истифода мешавад. Ин дастгоҳ имкон медихад барои роҳатии бемор аз решаи дандонҳо дар курсии табобатӣ аксбардори карда шавад. Ҳамчунин визиограф ташаъшуъ (радиатсия) надорад ва истифодаи он безарар аст.

Муфассал...

Фейслифтинг

фейслифтинг-тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст

 

Муфассал...

Иваз кардани буғумҳои зону ва косу рон дигар мушкилие надорад

  11-11-2013 Мушкил аст, вақте ки инсон аз ҳаракат кардан боз мемонад ва ба ёрии каси дигаре мӯҳтоҷ мешавад. Аммо тибби муосир имрӯз имконият дорад, ки ба дарди чунин ашхос низ дармон бахшад. Роҳ рафтан барои онҳое, ки чанд муддат аз ҳаракат  монда буданд,

Муфассал...

ФОТО