БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Октябр 2014

27 Октябр 2014

Барномаи «Амал» пардохти 80 дарсади маблағи табобатро кафолат медиҳад

Комрон Ҳамроев:

 Чанде пеш барномаи суғуртавии «Амал»-и ташкилоти «Суғуртаи миллӣ»  ба марҳалаи иҷро омад, ки масъулонаш мегӯянд,  дар чаҳорчӯби он   то 80 %-и маблағи дармон ва ҷарроҳии  муштариёнро  пардохт хоҳанд кард. Дар кишвари мо, ки мардум аз таҷрибаҳояшон медонанд, то кисаашон пур набошад, бояд дардро таҳаммул кунанду рӯйи ниёз ба пизишкон наоваранд,

Муфассал...

24 Октябр 2014

Ҷарроҳи чашм Аҳмадалии Фирдавсӣ ба Бемористони Ибни Сино меояд

Рӯзи панҷшанбе, 30-уми октябр табиби ботаҷрибаву баландихтисоси эронӣ Аҳмадалии Фирдавсӣ, ки мутахасиси бемориҳои чашм мебошад, ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Лозим ба тазаккур аст, ки Доктор Фирдавсӣ ҷарроҳи варзидаест ва бо иштироки ин мутахассис дар шуъбаи бемориҳои чашм амалҳои зиёде муваффақ анҷом дода шуданд.

Муфассал...

23 Октябр 2014

Бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб (уролитиаз)

Ин бемориест, ки санг дар гурда (чомчаҳо, лоханка) ва роҳҳои пешоб (уретра, обдон) пайдо мешавад. Андозаи ин сангҳо баробар бо  регреза то тухми мург аст. Ин сангҳо дар гурда пайдо мешаванд ва бо мачрои пешоб метавонанд ба поён ҳаракат кунанд. Ҳангоми  ҳаракат метавонанд боиси  дарди шадид шаванд.  Аҳёнан ин ҳаракот метавонад бедард низ бошад.

Сабаби пайдошавии сангҳо гуногунанд.

Сабаби якум ирсият мебошад. Дар хуни баъзеҳо  ирсан калтсий аз меъёр зиёд аст ва азбаски  санги гурда аксаран  аз калтсий иборат аст, чунин одамон  ба он мубтало мегарданд. Ғайр аз ин табодули ғизоӣ низ ирсан метавонад нақз дошта бошад, ки ин омил  ҳам сабаби пайдоиши санг мешавад. 

    Сабаби дувум омили ҷуғрофӣ мебошад. Дар чойҳои гарм инсон бисёр арақ мекунад ва камтар пешоб мекунад, ки низ сабаби пайдоиши санг мегардад. Ҳамчунин  таркиби оби ошомиданӣ низ, агар  микроэлементҳои зиёд дошта бошад,  метавонад боиси эҷоди  санг шавад.  

     Сабаби дигар таркиби ғизоӣ мебошад. 

Намудҳои санги гурда оксалатҳо, фосфатҳо ва уратҳо мебошанд. Вобаста ба  таркиби санг пизишк метавонад табобати пешгирикунанда  таъмин намояд. 

     Аломатҳои беморӣ.

Асосан ин беморӣ бо дард дар миён аз худ хабар медиҳад. Бештар, ҳаракат кардани санг дарди шадидро дар роҳҳои пешоб эҷод мекунад. Санг ҳангоми ҳаракат  гурда ё роҳи пешобро мехарошад ва ё маҷрои пешобро баста, дард эҷод мекунад. Дарде, ки дар гурда эҷод мешавад мисли дарди  роҳҳои пешоб сахт нест. Аксар вақт дарди санги гурда ва роҳҳои пешоб, дарди халамонандест, ки ногаҳон ва хеле шадид пайдо мешавад. Ин дард гоҳе то ба ҳадде шадид аст, ки боиси дилбеҳузурӣ ва қай кардан мешавад. Ранги пешоб хунолуд мешавад. Пешобкунӣ бо дард ва сӯзиш  анҷом мешавад. 

   Пешгирӣ.

Дар сурати мавҷуд будани  ин омилҳо ба пизишки уролог муроҷиат кунед. Вобаста аз омилҳои сангсоз пизишк тавсияи лозимаро медиҳад, ки хатари пайдоиши сангро кам мекунад. Таҷҳизоти мавҷуда имкон медиҳад, ки пизишк бемории шуморо дуруст ва фарогир ташхис бикунад.

     Агар дар гурда ва роҳҳои пешоб санг пайдо шавад,  чӣ бояд кард? 

Сангҳои хурд ва баъзе сангҳои нармро пизишк метавонад бо дармони доруӣ рафъ кунад. Агар санг дар ҷойҳои безарари гурда истода бошад, ки маҷрои пешобро набандад ва дарде ҳам надошта бошад,  ниёз ба коре надорад. Вале агар санг дар ҳоли ҳаракат  бошад ё дар  маҷро ҷой дошта бошад,  онро метавон  аз тариқи сангшикани дохиландомӣ бо видео-рентген контрол намуда гирифта берун овард. Агар санг дар уретра ё обдон ҷойгир шуда бошад, онро бо нефроскоп аз тариқи сурохии табиии бадан дармеоваранд. 

 

Муфассал...

22 Октябр 2014

ДОСТОНИ ИНФАРКТИ ОҚОИ РУСТАМ

Доктор Ҳусейн Сомии АЛДУБУНЙ

Оқои Рустам марди миёнсоли хушхулқ ва аёлдорест, ки хеле фарбеҳ буда, сурати сурху сафед дорад. Одатан ҳамаи рӯзҳо, субҳ то шаб машғули кор ва пайдо кардани ризқу рӯзӣ буда, барои дамгирӣ вақт надорад. Субҳ то шом дунболи ёфтани ризқу рӯзӣ ва таъмин намудани оилааш аст. Ҳарчанд пизишкон ба ӯ чанд сол пеш гуфта буданд, ки фишори хунаш баланд аст ва бояд дору истеъмол намуда, фишорашро дар меъёри муътадил нигоҳ дорад, аммо ӯ эътиное накарда, бо худ мегуфт: «Ҳоло, ки мушкиле эҷод намекунад, чаро бояд  доруи химиёӣ  бихӯрам?»

Бархе мегуфтанд, чарбу (холестерин)-и хунаш болост, аммо ӯ зиёд ба ин ҳарфҳо бовар нодошт, ҳарчӣ дилаш мехост, мехӯрд, ҳаргиз парҳез ва диэтаро риоя наменамуд ва доруи зиддичарбӣ ҳам истеъмол намекард. Шояд қанди хунаш ҳам боло бошад (охир зиёд ташна мешуд, зуд-зуд ба ҳоҷатхона мерафт).  Росташ, окои Рустам сигару носро ҳам хеле нағз мебинад ва доим дар вақти истироҳатҳои кӯтоҳмуддат дар давоми рӯзи кориаш сигор ё нос мекашид.

Дар яке аз рӯзҳое, ки акои Рустам сахт дар ҳоли давидан ва пайи касби рузӣ буд, эҳсос кард, ки синааш дард гирифтааст. Чанд дақиқае нагузашта буд, ки дардаш бисёр сахт шуд ва оқои Рустам дид, ки арақи сарде бар пешонӣ ва баданаш нишастааст. Дард дигар қобили таҳаммул набуд, дӯстонаш бо аҷала Ёрии таъҷилиро хабар карданд ва оқои Рустами бечора бо ҳоли низор ба бемористон расонида  шуд.

                                                        ДАР БЕМОРИСТОН

Дар беморисгон пизишкон оқои Рустамро мавриди муоина қарор доданд. Пас аз таҳияи навори дил (электрокордиограмма) ба ӯ гуфтанд, ки дучори инфаркг (сактаи дил) шудааст. Пас аз он оқои Рустами бечора таҳти дармон қарор гирифт, чанд соате баъд дардаш кам шуд. Пас аз чанд рӯз, ки аз бемористон мураххас шуд, дучори инфаркт шуданашро ба ӯ гуфта таъкид карданд, ки бояд дору истеъмол бикунад. Бо каме роҳ рафтан оқои Рустам дучори тангнафасӣ мегардид ва маҷбур мешуд, ки биистад, пойҳояш ҳам кам-кам варам карданд. Пизишкон мегуфтанд, ки дили ӯ дучори норасоӣ шудааст ва эҳтимол хатари марг дам ӯро таҳдид мекунад. Бо ин вазъият оқои Рустам наметавонисг дигар корҳои рӯзонаашро ба хубӣ анҷом диҳад. Маҷбур буд, ки ба истироҳат пардозад ва бар сари кор наравад. Дигар аз оқои Рустам, дӯсти фаъоли мо, як оқои Рустами бемор бар ҷо мондааст. Акнун таъминоти модии хонаводааш низ мушкил гардидааст. 

БЕМОРИИ ОҚОИ РУСТАМ ЧЙ БУД?

Чаро оқои Рустам ба ин гирифториҳо дучор шуд? Чунки дили солими ӯ дучори инфаркт (сактаи халб) шуда буд, Чаро сакта карда буд? Чунки авомили хатар, яъне фишори хун, бемории қанд (диабет), афзоиши чарбии хун, сигору нос, фарбеҳӣ рагҳои хунрасони дили ӯро бемор карда буд. Сактаи қалб вақте эҷод мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз paги хунрасони дил (яъне раги иқлилӣ - тоҷӣ ё коронарӣ) хун мегирад бо баста шудани paг ба далели ташкили  лахта дар дохили paг мемирад ва аз байн меравад.

Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати бист дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шуруъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тиллоӣ мономанд, Яъне дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ зудтар хун ба мушак бирасад, қисмати камтаре аз мушак аз байн меравад.

ЧЙ  РОҲҲОЕ  БАРОИ  ДАРМОНИ  ИНФАРКТ  ВУ ҶУД  ДОРАНД?

Асоси дармони инфаркти дил-беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ барои раги дал барқарор карда шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосй ин аст, ки бемор ҳарчи зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиография (яъне тасвирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи кататеризм (катлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз балонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф ба номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта саъй бар он аст, ки бо роҳандозии хидматрасониҳои ёрии таъҷилӣ ва бемористонҳо ин имкон ба вуҷуд ояд, ки беморон ҳарчӣ зудтар ба бемористонҳои дорои ангиографй ва имкони ангиопласти (яъне боз кардани раги дил бо балон ва стент) бира- санд. Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хидмати 24 - соатаи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои ҳафта ва ид вуҷуд дошта бошанд ва имкони расонидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад.

Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре бояд онро барои худ тарроҳӣ кунад. Асоси дармони беморони сактаи қалб ва ин, ки дучори аворизе чун маргумир ё сарнавиште чун дӯсти мо Рустам надошта бошанд, бо эҷоди ин шабака аст.

Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта (ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муаваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50 - 60 %  аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ, собиқаи сактаи мағзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, намотавонанд аз ин равиш истифода кунанд.

БЕМОРОНИ САКТАИ ҚАЛБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА АТРОФРО ЧЙ БОЯД КАРД?

Дар ҳоли ҳозир Шабакаи аигиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва аксари шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо дар пойтахти Тоҷикистон аз панҷ соли пеш бо мусоидати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ-Бемористони бемориҳои дилу гурдаи ба номи Ибни Сино дар маркази шаҳр эҷод шудааст. Ин Бемористони муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта ва мутахассисони варзида омода аст беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати шабонарӯз барои дармони фаврӣ бипазирад.

Ин, ки бемороне чун оқои Рустам метавонанд аз ин имконот истифода кунанд ё не, бастагӣ ба эҷоди Шабакаи ангиопластии аввалия дар шаҳри Душанбе ва атроф ва муроҷиаю фиристодани беморон ба суръат барои дарёфти ин хидмат ба ягон маркази мавҷуд дар шаҳр дорад.

Иттилоърасонӣ ва муталлеъ кардани беморон ва кадрҳои пизишкӣ аз хатари сак­таи қалб ва роҳҳои модерни дармони он би­сёр муҳим аст.

Умед аст, ки бо иттилоърасонии ҳарчӣ бештар ва эҷоди Шабакаи ангиоаластӣ ва истифода аз Бемористони Ибни Сино беморони камтаре ба сарнавишти бародарамон Рустам дучор шаванд.

Бо орзуи саломатии шумоҳамшаҳриён ва ҳаммеҳанони азиз!

 

 

 

 

 

 

Муфассал...

«Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат»

   Дар урфият мегӯянд: «Арзон бе иллат нест, гарон бе ҳикмат».

Ин мақол дар мисоли ироаи хадамоти тиббӣ мафҳуми  хос  пайдо мекунад.

Бештари мардуми мо бовари  ғалате доранд, ки  хадамоти тиббӣ бояд ройгон  ё ҳадди аққал арзон бошанд.

           Дар ин амр, ки хадамоти босифати тиббӣ бояд ба ҳама дастрас бошад, шакке нест.

Муфассал...

21 Октябр 2014

Сактаи дил (инфаркт миокарда)

Бемории хатарнокест, ки аксаран бо марг меанҷомад. 50 дарсади  беморон ҳатто ба бемористон намерасанд. Аз 50 дарсаде, ки ба бемористон  мерасанд

25-30 % мефавтанд. 

Ин беморӣ бештар ба мардон хос буда, ба занҳои то панҷоҳсола нисбатан камтар таҳдид мекунад. Вале баъд аз 50- солагӣ ба занҳо низ таҳдиди ин беморӣ бештар мегардад.

Омилҳои пайдоиш ва инкишофи сактаи дилро ба ду гуруҳ ҷудо мекунем.

Муфассал...

18 Октябр 2014

Ташрифи навбатии урологи эронӣ ба Бемористони Ибни Сино

Аз рӯзи душанбе, 20-уми октябр мутахассиси баландпояи бахши урологии эронӣ ба қабул, муоина ва муолиҷаи беморон дар Бемористони  Ибни Сино шуруъ менамояд. Нафароне, ки аз мушкилоти санги гурда, шамолхӯрӣ, бемориҳои роҳҳои пешоб

Муфассал...

08 Октябр 2014

Тармимӣ (пластика)

Номгӯи хидматрасониҳо Арзиш бо сомонӣ (бо назардошти ААИ)
Бахши тармимӣ (пластика)
Тармими бинӣ, тағйир додани шакл ва андозаҳои он I 13000
Тармими бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои он  II 19659 
Тармими пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофи онҳо, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи  пилки чашмон I 5617 
Тармими пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои атрофи онҳо, рафъи варам, овезонии пӯст ва чарбуи пилки чашмон II 8425 
Таранг кардани пӯсти пешонӣ I 13240 
таранг кардани пӯсти пешонӣ II 16048 
Тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст I 13641 
Тарангкунии пӯсти рӯй бо бартараф кардани ожангҳои пӯст II  23671 
Тармими шикам, бартараф кардани изофаи пӯстҳо ва чарбуи овезони шикам, мустаҳкам кардани девори пеши шикам 20060 
Тармими шикам, бартараф кардани изофаи пӯстҳо ва чарбуи овезони шикам, мустаҳкам кардани девори пеши шикам 26479 
Тармими синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг) ва калонкунии синаи зан 13641 
Тармими синаҳо, хурдкунӣ, тарангкунӣ  (лифтинг) ва калонкунии синаи зан 23671 
Протези синаҳо бе васила I 10832 
Протези синаҳо бе васила II 19659 
Тишэкспендер  11234 
Тармими гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш, рафъи деформатсияи суфраи гӯш 9228 
Тармими гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш, рафъи деформатсияи суфраи гӯш  II 13240 

Муфассал...

Дармонгоҳ

Номгӯи хидматрасониҳо Арзиш бо сомонӣ (бо назардошти ААИ)
Дармонгоҳ
Машварати табиби умумӣ бо ЭКГ 50
Машварати кардиолог бо ЭКГ 85
Машварати табиб - д.и.т проффесор 120 
Муоинаи табиб (мутахассис)-ЭКГ пас аз ҷарроҳии дил бо назардошти таҳлили лахташавии хун 65
Даъвати табибони беморхона ба хона   208
ЭХО-КГ 180

Тести добутамин бо ЭХО + нархи масрафии дору

413
Сабти барқи дил бо даъват дар хона (берун аз бемористон) 105
ЭКГ  18
Санҷиши тредмилӣ (тести варзишӣ) 180
Спирометрия  50 
Сивороткаи зидди бемории кузоз 60
Доругузаронии дохили мушакӣ ё пӯст 15
Доругузаронии дохили варидӣ 20
Хунгузаронӣ 20
Бандинабандии ҷарроҳати тоза  35
Бандинабании ҷарроҳати фасоднок  60
Духтани ҷарроҳат (ҳар як кук) 20

Муфассал...

Ташхиси фаросавтӣ

Номгӯи хидматрасониҳо Арзиш бо сомони (бо назардошти ААИ)
Ташхиси фаросавтӣ
Гурда  50
Масона  30
Ғадуди зери меъда 35
Узвхои моядон 50
Муайян намудани ҳомиладорӣ 60
Бачадон ва тухмдон 60
Ғадуди сипаршакл 40
Чигар 35
Талхадон 35
Ғадуди простата  40
Ғадуди простата бо муайан кардани пешоби бокимонда  50
Испурч (селезенка) 35
Гадуди руи гурдахо 40
Аппендисит 40
Буғумҳо (зону) 60

Муфассал...

ФОТО