БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ноябр 2014

29 Ноябр 2014

Профессор Мансурӣ аз 11 декабр ба Ибни Сино меояд

Аз санаи 11 декабр мутахассиси барҷастаи бахши гастроэнтерология профессор Мансурӣ  дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва муоинаи беморони узвҳои ҳозима шуруъ мекунад. Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи гестроэнтерологияи Бемористони Ибни Сино бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, дар ин бахш

Муфассал...

25 Ноябр 2014

Ҷарроҳи пластикӣ Муҳаммади Беҳрӯз ба Ибни Сино меояд

Барои нафароне, ки мехоҳанд ба симои зоҳирияшон ислоҳоте ворид созанду аз хизмати ҷарроҳи пластикӣ, мутахассиси варзидаву пуртаҷрибаи хориҷӣ Муҳаммади Беҳрӯз, ки аз санаи 30-юуми ноябр, рӯзи якшанбе ба қабули беморон ва ҷароҳиҳои пластикӣ шуруъ мекунад,

Муфассал...

19 Ноябр 2014

Қабули беморон аз ҷониби Доктор Сомии Алдубонӣ

Мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиологи барҷаста Алдубонй Амирҳусейн аз санаи 4-уми май дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил, тангии рагҳо ва бемориҳои модарзодии дил шурӯъ менамояд.  Доктор Сомӣ-мутахассиси бемориҳои дил,  боз кардани тангии рагҳо, дармони бемориҳои модарзод ва даричаи дил бидуни ҷарроҳӣ мебошад.

Муфассал...

17 Ноябр 2014

Доктор Мусавибаҳор ва ташрифи навбатии ӯ ба Ибни Сино

Бори дигар нафароне, ки аз бемории гурдаву роҳҳои пешоб ва сангҳои он азият мекашанд, имкон доранд аз муоинаи табиби барҷастаи эронӣ, эндоурологи ботаҷрибаву варзида Доктор Мусавибаҳор гузаранд. Доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор таҷрибаи бою ғании гузаронидани амалҳои эндоҷарроҳӣ ва табобати ҳама гуна бемориҳои гурдаву

Муфассал...

12 Ноябр 2014

Дар Бемористони Ибни Сино бахши гастроэнтерология таъсис меёбад

Дар Бемористони Ибни Сино, ки пайваста баҳри расонидани хизмати босифати тиббӣ барои мардум мекӯшанд, ба наздикӣ бахши гастроэнтерология кушода мешавад. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима ташхис ва табобат хоҳанд ёфт. Шуъбаи навтаъсис бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, 

Муфассал...

10 Ноябр 2014

Гастроэнтерология

Бо кушодашавии бахши гастроэнтерология дар Бемористони Ибни Сино имкониятҳо барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва гепатитҳо фарохам оварда шуд. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхруда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо анҷом дода мешаванд. Ба табобати беморон бошад гастроэнтероги барҷастаи эронӣ доктор Сиёвуш Мансурӣ машгул аст, ки мутахассиси варзидаи ин соҳа мебошад. Бояд илова намуд, ки бахши гастроэнтерология бо беҳтарину муосиртарин таҷҳизот аз қабили эндоскоп ва клоноскоп муҷаҳҳаз буда, табобат бо кор гирифтан аз усулҳои навтарин сурат мегирад.   

 

  

 

 

 

Муфассал...

03 Ноябр 2014

Ташрифи Доктор Мусавибаҳор ба Бемористони Ибни Сино

Аз ҳафтаи оянда мутахассиси баландпояи бахши эндоурология, олими барҷаста ва ботаҷриба Доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор ба қабул, муоина ва муолиҷаи беморон дар Бемористони  Ибни Сино шуруъ менамояд. Ин мутахассиси варзидаи риштаи урология таҷрибаи 13-солаи гузаронидани ҷароҳиҳои урологӣ дошта, ин гуна амалҳоро дар сатҳи баланд ва бобарор анҷом медиҳад. 

Муфассал...

ФОТО