БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Декабр 2014

30 Декабр 2014

Иқдоми солинавӣ аз Бемористони Ибни Сино

Танҳо дар рӯзҳои аз 1-ум то 3-юми январ аз машварати мутахассиси варзидаи эронӣ, ҷарроҳи дил Маҳмудризо Сарзаим, ки дар рузхои аввали Соли Нав ба Бемористон ташриф меорад, КОМИЛАН РОЙГОН истифода баред. Нафароне, ки аз бемориҳои ишемикии дил ва дигар нуқсонҳои модарзодии қалб азият мекашанд ва ба ҷарроҳӣ ниёз доранд,

Муфассал...

26 Декабр 2014

Табрикоти солинавии Раёсати Бемористон

Ҳамватанони гиромӣ, хоҳарону бародарон! 

        Раёсати Бемористони Ибни Сино ҳамаи Шуморо аз самими қалб бо фарорасии соли мелодии 2015 табрику муборакбод мегӯяд! 

       Мутобиқи  пешгӯии ситорашиносон соли пурфайзу баракат, босамар ва некпай  ба остони  манзилҳои мо  қадам мениҳад.

Муфассал...

Ангиография дар Бемористони Ибни Сино

Беш аз панҷ сол аст, ки мутахассисони бемористон бо  роҳбарии профессор Сомӣ Алдубонӣ амали ангиография анҷом медиҳанд.  

Ангиографияи рагҳои хунгард

Муфассал...

19 Декабр 2014

Филиали Бемористони Ибни Сино дар ноҳияи Фархор кушода шуд

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино 17 декабари соли 2014 бо баргузории маросими бошукуҳ дар маркази ноҳияи Фархор ифтитоҳ гардид.

      Филиали Фархор, ки аз шуъбаҳои кардиологӣ, урологӣ, рентген, дорухона  ва озмоишгоҳ иборат аст, бо навтарин дастгоҳҳо  ва лавозими пизишкӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Муфассал...

15 Декабр 2014

Эндоуролог Мусавибаҳор ба Ибни Сино меояд

Нафароне, ки аз бемориҳои гурдаву роҳҳои пешоб ва сангҳои он азият мекашанд, боз имкон пайдо менамоянд ба қабули табиби барҷастаи эронӣ, эндоурологи ботаҷрибаву варзида Доктор Мусавибаҳор гузаранд. 

Муфассал...

Аббоси Бахтиёрӣ ба Бемористони Ибни Сино меояд

Рӯзи панҷшанбе, 25-уми декабр нейрохирурги барҷастаи эронӣ Аббоси Бахтиёрӣ ба қабули беморон дар Бемористони Ибни Сино шуруъ менамояд. Нафароне, ки аз бемориҳои чурраи сутунмӯҳра, беҷошавии мӯҳраҳои сутунмӯҳра ва ноустувории мӯҳраҳо азият мекашанд, метавонанд аз ин имконияти беҳтарин барои барқарорсозии саломатии худ истифода намоянд.

Муфассал...

10 Декабр 2014

Акнун дар Ибни Сино ҳама намуди гепатитҳо табобат карда мешаванд

Ба таваҷҷуҳи ҳама он нафароне, ки аз бемории узвҳои ҳозима ва гепатитҳо азият мекашанд! Акнун бо кушода шудани бахши гастроэнтерология дар Бемористони Ибни Сино имкониятҳои мо боз ҳам васеътар мешаванду аз ин ба баъд гастроэнтерологи варзидаи эронӣ, профессор Мансурӣ ба табобати беморони узвҳои ҳозима ва ҳама намуди гепатитҳо машғул мегардад.

Муфассал...

ФОТО