БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Феврал 2015

28 Феврал 2015

Дӯстони азиз!

Илми тибб ва табобат дар дунё рӯз ба рӯз тавонотар, муҷаҳҳазтар  ва сифати хаёти одамиро беҳтар мегардонад.

Хушбахтона,  навовариҳое,  ки дар кишварҳои пешрафтаи дунё  бо маблағгузорӣ  ва омӯзишҳои гаронқимат ба даст меоянд,  аз тариқи Бемористони Ибни Сино ба мардуми кишвари мо низ  дастрас мешаванд.

Агар қаблан  ҳама абзори пизишкӣ дар   ҷомадончае мегунҷид  ва  ин абзор ба воситаи ҷӯшонидан дар об  безарар гардонида мешуд, ҳоло феҳристи васоили масрафии як бахш ба хазорхо  номгӯй  мерасад!

Муфассал...

27 Феврал 2015

Кафолат

Аҳолии Тоҷикистон аз Бемористони Ибни Сино интизорӣ ва умедҳои зиёд доранд. Дар миёни мардум, ба хусус корафатодагон, қавле машҳур аст, ки агар дар хеч ҷое дардат даво нашуд, ба Ибни Сино бирав, шифо меёбӣ.  Мо ҳам пайваста талош мекунем, ин интизориҳоро бароварда кунем ва мардумро ноумед барнагардонем. 
Аммо гоҳе беморе ва ё пайвандони ӯ чун тасмим мегиранд, ки ҷарроҳӣ бикунанд, аз пизишкон кафолати шифои комилро талаб мекунанд.

Муфассал...

26 Феврал 2015

Доктор Нилуфархон Қозихонова: Безурётиро бо усули нав табобат мекунем!

    Бемористони Ибни Сино соли дуввум мешавад, ки бахши худро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, ҳамарӯза ба кулли мардуми вилояти Суғд хидматҳои аввалиндараҷаи тиббӣ мерасонад.

     Роҳбарии ин бахшро доктор Нилуфархон Қозиева ба зимма доранд, ки худ мутахассиси дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи гинекология мебошанд. Зимни сӯҳбат бо он кас айён гардид, ки бемористон бо доштани таҷҳизоти мудерни аврупоӣ ва ҷалби мутахассисони беҳтарин, аллакай сазовори боварӣ ва эътимоди мардуми вилоят гардида аст.

Муфассал...

Ёрии таъҷилӣ дар Бемористони Ибни Сино 24 соат ва бе истироҳат фаъолият мекунад

    Бештари маризони бемористони Ибни Сино аз хидмати бахши Ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд.

    Бештар беморони сармохӯрдагӣ, дорои фишори баланд, нафарони маҷрӯҳ ва шахсоне, ки таби баланд доранд ё аз ғизо заҳролуд шудаанд, дар муддати то 6 соат дар Ёрии таъҷилӣ ташхису табобат гирифта, мувофиқи тасмими пизишк ба бахшҳо мунтақил ва ё мураххас мешаванд.

Муфассал...

25 Феврал 2015

Фархор: 1000 нафар аз хизматрасонии Бемористони Ибни Сино баҳраманд гардидаанд!

«Дар ин минтақаи дурдасти кишвари маҳбубамон ифтитоҳ гардидани бахши Бемористино Ибни Сино, сараввал аз нуфузу обрўи пайдо кардани ин бемористон гувоҳѝ диҳад, сониян шаҳодати ҳамкориҳои судманди соҳибкорони ватанѝ бо шарикони хориҷѝ мебошад. Фазои  орому мусоиди иқтисодиву сиёсѝ, заминаҳои мустаҳкаме барои боз ҳам беҳтару босифаттар зиндагѝ намудану табобат гирифтани мардуми азизи ватанамон гардида аст» - дар ибтидои сўҳбат  иброз намуд директори иҷроияи ин бахш, ҳамзамон кардиологи шинохташуда Фирдавс Ҷамолов.

         Тавре ба ҳамагон маълум аст, бахши минтақавиии Бемористони Ибни Сино охири соли гузашта, дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз карда буд.

Муфассал...

Эҳтиёт- инфаркт!

Сактаи дил (инфаркт) ҳини қатъ ё шадидан танг шудани раги хунрасони дил иттифоқ меафтад.

         Нишонаҳои инфаркт инҳо мебошанд:

-       сузиши қафаси сина;

-       дарди ҷонкоҳи қафаси сина, ки ба дасти чап, гардан интишор ёфта 10-15 дақиқа давом меёбад ва такрор мешавад;

-       нафастангӣ, бо тапиши ғайриоддӣ дар сина;

-       сустӣ, арақи часпак, баъзан таби баланд;

-       дарди шадиди меъда, бо дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ;

         Мариз ё ҳамроҳи мариз бояд як лаҳзаро ҳам аз даст надода, ба ёрии таъҷили занг зананд!

Ёрии аввали:

-       мариз хобонда ва ҳавои тоза таъмин карда шавад;

-       як дона қурси нитроглицерин зери забонаш гузошта шавад, агар дард таскин наёбад, қурси дуввум низ дода шавад, вале бояд назорат кард, ки фишори хуни ӯ аз ҳад поён наравад;

-       як қурси аспирин хоида хурад;

         Ангиопластии аввалия:

Амали фаврӣ барои бозкардани рагҳои хунрасони дил мебошад, ки аворизи инфарктро нест мекунад. Бемористонҳои дорои дастгоҳи ангиограф, ки 24 соат, 7 рӯз бо мутахассис таъминанд, метавонанд ба таври инвазивӣ бо гузоштани стентҳои махсус роҳи хунро боз кунанд, ва ҳаёти беморро наҷот диҳанд. Хушбахтона, Бемористони Ибни Сино дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чунин имкониятро доро мебошад ва дар ҳоли расонидани бемор дар соатҳои аввали сакта метавонанд ин амалро гузаронанд.

Муфассал...

23 Феврал 2015

Ҷашни Рӯзи Артиши Миллӣ муборак бод!

Артиши мамлакати азизамон, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамояд. Имрўз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрўз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф

Муфассал...

21 Феврал 2015

Vivid3 таҷҳизоти муъҷизаофар!

Vivid3 –беҳтарин таҷҳизоти ташхисии дил аст, ки Бемористони Ибни Сино онро аз кишвари  Амрико харидорѝ намудаст. Тавассути ин таҷҳизоти нодир тамоми қисматҳои дилро алоҳида –алоҳида метавон дид ва ташхиси аниқро ба даст овард! Заработ ва тапиши қалби ошиқро низ бо ин дастгоҳ метавон мушоҳида кард! Истифода аз ин таҷҳизот осону қулай буда, ҳатто суратҳои ранга гирифтан имкон дорад ва  ба таври муфассал  мизоҷро аз ҷарраёни табобат огаҳ намуд. Ин усули табобат –яъне фаҳмонидану маълумотдор намудани  бемор, басо муфиду  қабулшуда дар пешрафтатарин мамолики дунёст, ки Бемористони Ибни Сино ҳампою ҳамқадами онҳост!

Таҷҳизоти дигаре, ки муъҷиза нишон медиҳад, дастгоҳи GE Vivid 3 мебошад, ки барои ташхису табобат нигаронида шудааст. Дар шароити амбулаторѝ ин дастгоҳ ба тадқиқоти рагҳои қалб истифода мешавад. 

Муфассал...

Доктор Нозим Шодиев : Худдармонӣ метавонад оқибатҳои нохуш дошта бошад!

       Беморонеро, ки  аз дарди  гӯш,  бинӣ ва  гулӯ  шикоят доранд, ҳарораташон баланд аст, ё аз тариқи димоғ бо душворӣ нафас мегиранд,  духтурони умумӣ  ҳам  метавонанд табобат бикунанд.  Пас  чӣ зарурате ба духтури  ЛОР аст? Муроҷиат  ба ин мутахассис чӣ манфиат дораду чӣ бартарӣ? Дар  ин маврид  суҳбате доштем бо доктор  Нозим Шодиев  мутахассиси   гӯшу бинию гулӯи Бемористони Ибни Сино.

- Бигӯед, ки бахши шумо ба ташхис ва дармони кадом намуди бемориҳо тахассус дорад  ва бартарияш аз дармони  табиби умумӣ чист?

Агар худи калимаи ЛОР-ро тасриф кунем, аз калимаи лотинии ларинго-ото-рино гирифта шуда, маънояш ҳамон  гулӯву гӯшу бинӣ аст.

Воқеан, бештарини одамҳо фикр мекунанд, ки ин бемориҳо он қадар диққати хосро талаб намекунанду муҳим ҳам нестанд.

Муфассал...

20 Феврал 2015

Наримон Дахте: Дандонпизишки муосир метавонад муъҷиза эҷод кунад!

Таи 2 сол мешавад, ки сокинони кишвар аз хизматрасонии бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино истифода мебаранд. Сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст, ба он мусоидат намуда аст, ки таваҷҷуҳ ва муроҷиати шаҳрвандон рўз аз рўз зиёд гардад.

Бахши  дандонпизишкии бемористон бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз гардида, дар он аз навтарин усули кори соҳа бо такя аз таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ кор бурда мешавад. Наримон Дахте, мутахассиси ин шуъба ба TojNews бартариҳои фаъолияташон ҳарф зад:

-Сараввал тамоми таҷҳизоти мо замонавѝ ва босифат буда, усули табобати мо низ нав мебошад. Мо  аз доруҳое истифода мекунем, ки дар Аврупову Амрико истеҳсол мешаванд.

Муфассал...

ФОТО