БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсия барои беморони ангиопластикӣ

    -Истеъмоли доруҳои Плавикс ва Аспиринро  қатъ нанамоед

-Сатҳи фишори хунро 120/8- мм.ст.сим нигоҳ дошта, маводҳои фишорпасткунандаро бо машварати табиби кардиолог истеъмол намоед, парҳез ҳатмӣ буда, аз чумла аз истеъмоли намаки изофа худдорӣ намоед.

-Бояд сатҳи чарбуҳои хуни худро танзим намоед. Аз истеъмоли гӯшти равғаннок, зардии тухм, чигар ҳасибчаҳо,  қаймоқ, равғанҳои зарду маска худдорӣ

 намоед. Бар ивази он  қабули кабудӣ, моҳӣ, проатеинҳои гиёҳиро, ки дар таркиби нахуд, лўбиё бисёранд, зиёд намоед. Бахусус меваҳои сурхранг ба мисоли ангур, гелос, олуболу васеъ тавсия мешаванд. Кўшиш намоед, дар як ҳафта 5 маротиба моҳӣ  истеъмол намоед. Ғизоро бояд ҳатман дар равғани растанӣ -зайтун, гулзо (гули зард) тайёр намоед.

-Аз кашидани сигор ва нос парҳез намоед. Аз ашхосе, ки сигор мекашанд, канорачӯӣ  намоед.

-Агар дучори бемории диабети қанд бошед, бояд бо риояи парҳези ғизоӣ  ва масрафи маводҳо сатҳи  қанди худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доред.  Қанди хун бояд камтар аз 4,5 нигоҳ дошта шавад. Бо маслиҳати табиб  ба варзиши бадан машғул шавед! Аз чумла шиноварӣ , велосипедсаворӣ  ва пиёда роҳравиро дар 1 ҳафта 5 рӯз ба муддати 1 соат тавсия дода мешавад.

-Бояд вазни худро кам нигоҳ доред, аз истеъмоли ғизои калорийнок ва биринчӣ  парҳез намоед.

Бемории тангшавии рагҳо, бемории тўлонѝ  ва афзоишкунанда аст. Дар сурати риояи тавсияҳои зерин имкониятҳои ғалаба бар ин беморѝ  вучуд  дорад.

ФОТО