БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Пешгирӣ аз пайдо шудани санг дар гурда ва роҳҳои пешоб

Санги гурда- бемории мазкур дар минтақаҳои гарму хушк ва кӯҳистону шимол бештар дучор меояд. Санги гурда ва роҳи пешоб на танҳо дар одамон, балки дар ҳайвонот низ дучор меояд. Ин бемориест, ки аз қадим одамизодро заҳмат медиҳад ва -4 фоизи аҳолӣ, хурду калон ба он гирифтор мешаванд. Қариб 65-70 фоиз ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемории санги гурда ба ашхоси 20-55-сола рост меояд. Аз занон дида бештар мардон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.


Санг метавонад ҳам дар як гурда ва ҳам дар ду гурда пайдо шавад. Тақрибан 20-30 фоизи беморон дар ҳарду гурда санг пайдо карда метавонанд.
Дар баъзе ҳолатҳо беморӣ бе ягон нишона мегузарад ва санг аз худ дарак намедиҳад. Танҳо зимни гузаронидани ташхиси ултрасадо маълум мешавад, ки дар гурда санг пайдо шудааст. Баъди ошкоршавии санг ҳатман томография, ташхиси лабораторию ренгенӣ зарур аст.

Роҳҳои пешгирӣ ва табобат

 Миёни сабабҳои экзогении пайдошавии санги гурда пеш аз ҳама иқлим, оби нӯшокӣ ва ғизоро номбар кардан мумкин аст. Табобати санги гурда дар шароити имрӯза комплексӣ ва давра ба давра буда, усулҳои консервативӣ, хирургӣ ва табобати осоишгоҳиро дар бар мегирад.
Зимни табобати комплексии санги гурда чунин вазифаҳо дар мадди аввал гузошта мешаванд:

боздоштани дарди гурда,

дур кардани саривақтии ғурӯшаҳо

ва пешгирии минбаъдаи сангпайдошавӣ.

Табобати санги гурдаи занони ҳомила маҳдудиятҳои муайян дорад. Зани бемор ва пизишк бояд пеш аз ҳама дар фикри комил кардани замони ҳомиладорӣ ва хуб ба анҷом расонидани он бошанд. Баъди таваллуд кардан бояд бемор мудом зери назорат гирифта шавад.
Табобати хирурги (ҷарроҳи)-и санги гурда як ҳадафи асосӣ дорад: кӯшиш бояд кард, ки то бидуни расондани камтарин зарар сангу қумҳо аз роҳи пешоб ва гурда дур карда шавад. Ғайр аз ҷарроҳии кушод санги гурдаро бо роҳи метотрипсия низ дур мекунанд. Яъне, тавассути таҷҳизоти махсус – метотриптор санг майда карда мешавад.

Тавсия

Тӯли 5 сол барои беморони санги гурдаро аз сар гузаронида зарур аст, ки дар ҳар се моҳ пешобро ташхис намуда, аз назорати дастгоҳи ултрасадо гузаранд.

 Ба бемор тавсия дода мешавад, ки дар як шабонарӯз то 2-2,5 литр моеъ (об) бинӯшад.

Обро дар вақти ғизо ва ду соат баъди ғизо нӯшидан беҳтар аст. Зеро, дар ин лаҳзаҳо миқдори оби ҷисми инсон кам мешавад.

пеш аз хоб низ нӯшидани як миқдор об (чой) муфид аст. Чунки шабонгоҳ ҷамъшавии пешоброниро пешгирӣ мекунад.
Беморе, ки зуд-зуд ба уролог муроҷиат намуда, тибқи тавсияҳои ӯ амал менамояд, ба дубора пайдошавии санг хеле кам дучор меояд. Бемор бояд донад, ки дар сурати пешгирӣ накардани беморӣ ва ба тавсияҳои уролог эътибор надодан, хавфи дубора пайдошавии санг дар зарфи 10 сол 50% ва дар тӯли 20 сол бошад, 80% зиёд мешавад.

ФОТО