БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Имплантатсияи дандон

    Табобати дандон

Дар Бемористони Ибни Сино танҳо аз усулҳои муосири табобати дандон истифода мешавад. Ҳангоми табобат аз бедардкунӣ истифода бурда шуда, ба милки дандони бемор гели лидоксор е аэрозол молида мешавад, ки беҳискунии аввалияро таъмин менамояд.

 Ин амр имкон медиҳад, бидуни дард ба милки дандони бемор, тавассути сузандоруи махсуси дандонпизишкӣ, ки сӯзани хеле нозук дорад, доруи анестетик тазриқ карда шавад. Бедардкунии босифат ба пизишк имкон медихад табобатро низ босифат, бидуни он ки бемор дард бикашад, анҷом бидиҳад.

Зимни табобати дандон дар шӯъбаи дандонпизишкии мо танҳо васоил ва маводи аврупоӣ истифода карда мешавад, ки имкон медихад, табобати дандонҳо ҳам аз назари тиббӣ ва ҳам аз лиҳози зебоишиносӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

   Имплантатсияи дандон

Имплантатсияи дандон усули насби решаи маснуъии аз титан е сирконий тайёркардашуда ба орвораи боло ё поён мебошад. Имплантатсияи дандон ҳамчун сутунча, ки ба онҳо дандонҳои маснуъӣ (ки дандонҳои афтодаро иваз мекунанд) ё рӯйкашҳои гирифташаванда насб карда мешаванд, истифода мегарданд.

Пас аз афтодани як ё чанд дандон устухонҳои орвора нозук ва заиф мешаванд, к и бо мурури замон ба вайроншавии системаи орвораву чеҳра боис мегардад. Аммо имплантант ҳамчун решаи дандони табиӣ муттакои хубе барои устухони орвора мешавад. Ҳар одаме, ки ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла беморӣ ва харобшавии дандонҳо як ё якчанд дандонашро аз даст медихад, худ аз худ номзади билфеъл барои гузоштани имплантанти дандон мегардад. Одамони синну соли боло низ метавонанд имплантатсияи дандонро анҷом диҳанд, зеро омили муайянкунандаи гузотани имплантант на синну сол, балки вазъи саломатӣ аст. Ин ки оё анчоми имплантанти дандон мумкин аст, ки ё не, аз ҷониби мутахассис , пас аз муоинаи дақиқи фарди мушаххас ва ба хусус, вазъи дандонҳои вай муайян карда мешавад.

Афзалиятҳои имплантантсия:

-барқарор кардани вазифаҳои муҳими физиологӣ;

-эффекти хуби зебоӣ;

-пешгириӣ кардани оқибатҳои манфии афтодани дандонҳо.

Насби имплантанти дандон имкон медиҳад:

-дандони афтода бидуни зиён расонидан ба дандонҳои паҳлӯӣ барқарор карда шаванд;

-муттакии хуб эҷод карда ва рӯйкаши собит насб карда шавад.

Барои гузоштани рӯйкашҳои гирифташаванда, муттакии хуб эҷод карда шавад.

  Микрорӯйкашҳо

Ин усул имкон медиҳад бидуни даст расоснидан ба дандонҳои солим дар муддати кӯтоҳ рӯйкаш (протез) гузошта шавад

Ин усул зуд анҷом дода мешавад. Дар рӯзи аввал аз дандонҳо қолаб гирифта мешавад ва рӯзи дуввум рӯйкашҳо гузошта мешаванд.

Табобати решаи дандон

Табобати решаи дандон асоси дармони дандон ба ҳисоб меояд. Барои назорати сифати дандон дар Бемористони Ибни Сино аз визиограф (рентген) истифода мешавад. Ин дастгоҳ имкон медихад барои роҳатии бемор аз решаи дандонҳо дар курсии табобатӣ аксбардори карда шавад. Ҳамчунин визиограф ташаъшуъ (радиатсия) надорад ва истифодаи он безарар аст.

ФОТО