БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ВИТАМИНИ ""D" ВА РОҲҲОИ ҶУБРОНИ ОН ДАР ФАСЛИ САРМО

Витамини "D" яке аз аносури калидӣ дар организми одамӣ ба шумор меравад ва барои солим нигоҳ доштанӣ устухонҳо, пӯст, мӯи сар ва узвҳои дигар нақши вежа дорад. Мутаассифона имрӯз одамони зиёде дар сайёраи Замин ба камбудӣ ин унсури муҳим мувоҷеҳ гардидаанд.

Организми инсон ба таври табиӣ таҳти таъсири нури офтоб бо ин витамин худашро ғанӣ месозад, аммо бо фарорасии фасли сармо ин имконият рӯз ба рӯз камтар мегардад. Витамини "D" дар организм барои ҷамъоварии калтсий ва фосфор ҷавобгӯст ва ҳангоми норасоии он, инсон ба ду бемории ҷиддӣ мубтало мегардад.

Дар кӯдакон норасоии витамини "D" боиси сар задани бемории рахит ва дар калонсолон муъҷиби бемории остеомалатсия (варам ва пукии устухон) мегардад. Дар натиҷаи рахит, ҷараёнҳои мубодилавӣ дар организми кӯдакони хурдсол халалдор гардида, шаклгирии бофтаҳои устухониашон ноқис мемонад. Дар калонсолон бошад, бемории остеомалатсия боиси заъф ва сустии устухонҳо мегардад. 

Витамини "D" инчунин фаъолияти мағзи сарро беҳтар мегардонад, ҷараёнҳои илтиҳобиро дар организм паст мекунад ва нерӯи дифоъии баданро афзои дода, ба фаъолияти солими дил ва рагҳо мусоидат мекунад. Ҳангоми зуком ва сармохурдагӣ бошад, миқдори витамини "D" дар бадан боз ҳам поин меравад. Бинобар ин, дар сатҳи зарурӣ нигаҳдории ин унсур дар организм, барои пешгирии бемориҳои сармохӯрдагӣ ва роҳҳои нафаскашӣ низ нақши бориз дорад.   

Миқдори истеъмоли шабонарӯзии витамини "D" барои ҳар фард гуногун  буда, аз ҷинс, синну сол, вуҷуди ин ё он беморӣ ва ҳатто навоҳии сукунат вобастагӣ дорад. Витамини "D" (кальциферол) бо ду роҳ ба оранизми инсон ворид мегардад.  Витамини "D2" таҳти таъсири нурҳои ултрабунафш (офтоб) дар худи организм коркард мешавад ва  витамини "D3" бошад тавассути маҳсулоти ғизоӣ ба бадан ворид мегардад.   

Камбуди  витамини "D" дар бадан метавонад бо аломатҳои зерин буруз кунад: арақкунии пӯсти сар; беҳолӣ; сармохӯрии тез тез; ҳолати исстресӣ ва бад гардидани ҳолати дандонҳо.               

Дар фасли тирамоҳ ва зимистон, вақте рӯзҳои офтобӣ камтар мегарданд, роҳи асосии таъмини миқдорӣ зарурии витамини "D", истеъмоли маҳсулоти ғизоии бо ин аносур бой ба шумор меравад. Витамини "D" бештар дар таркибӣ моҳии равғанини баҳрӣ, афшураи афлесун, зардии тухм ва гӯшти сурх (гов, гӯсфанд) мавҷуд аст. Аммо ба пуррагӣ таъмин кардани организм бо витамини "D" танҳо аз маҳсулоти ғизоӣ ба андешаи мутахассисон имконпазир нест. Чун инсон наметавонад ҳар рӯз нимкилло моҳии равғанин ё 10-20 дона тухм истеъмол намояд. Бинобар ин, дар фасли тирамоҳу зимистон мутахассисон истеъмолӣ печидаҳои витаминиро тавсия мекунанд. Ин печидаҳо имрӯз дар дорухонаҳо фаровон мавҷуданд. Аммо истеъмоли онҳо, танҳо баъди супоридани таҳлили хун ва мушовира бо пизишк бояд амалӣ гардад.          

ФОТО