БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,             

доктор Мунира Нуъмонова.

 

Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

Баъд аз 50 солагӣ бошад, баланд гардидани фишори дохили шарёнӣ дар 60% одамон дида мешавад.   

Ин, ки бемории гипертонӣ чи хатароте дорад ва метавонад ба бемориҳои ҷиддии дилу рагҳо оварда расонад аз касе пӯшида нест. Аммо дар бобати сабабҳо ва омилҳои барангезандаи фишори баланди дохили шарёнӣ на ҳама иттилоъ доранд.         

Мутахассисиони соҳа бар ин назарнад, ки бемории гипертонӣ солҳои охир хеле "ҷавон" гардидааст ва имрӯз афроди нисбатанг ҷавон ҳам ба ин беморӣ гирифтор мегарданд.

Фишори муносиби дохили шарёнӣ, нишондодҳои 120/80 мм сутуни симобӣ ё 130/85 мм сут. сим. ба шумор мераванд. Нишондодҳои 130 -139/ 85-89 . сут. сим. - ро бошад кардиологон, чун фишори баланди муътадил тасниф мекунанд ва фишои аз ин боло бошад, аллакай аз вуҷуди бемории гиперонӣ гувоҳӣ медиҳад. 

Бемории гипертонӣ мароҳили гуногун дорад ва вобаста аз нишондодҳои фишори дохили шарёнӣ, аз нарм то вазнин мебошанд. Ҳангоми нишондоди фишори дохили шарёнии  боло ба сурати мудовим, бемор бояд ҳатман дар назорати духтури дил қарор гирад  ва чораҳои танзими фишори дохили шарёниро риоя намояд.

Нишондодҳои ченкунии фишори дохили шарёнӣ бо ду адад ифода мегарданд: адади бузургтар - фишори дохили шарёнии систоликӣ (болоӣ) ва адади худтар бошад - фишори дохили шарёнии диастоликӣ (поинӣ) - ро нишон медиҳад. Ҳангоми чен кардани фишор, дар назаргирифтани ҳар ду нишондод бисёр муҳим аст, чаро ки баъзан танҳо фишори болоӣ баланд мегардад.                     

Ин ҳолатро гипертензияи систоликии шарёнӣ меноманд ва он бояд табобат гардад. Дар ҳолати баланд гардидани ҳар ду нишондоди фишори дохили шарёнӣ, бемор метавонад ба ҳолатҳоии вазнин, монанди  буҳрони фишорбаландӣ, стенокордӣ, сакта ва инсулт  дучор гардад. Ба ҳамин хотир, дар ҳар синну сол назорат аз болои фишори дохили шарёнӣ аҳамияти вежа дорад. Тибби муосир имрӯз асбобҳои қулай ва соддае барои чен кардани фишор пешниҳод мекунад, ки онҳоро ҳар нафар метавонад  дастрас  намояд.

Омилҳои асосии рушди фишори баланди дохили шарёнӣ иборатанд аз: халал дар сохтмони гардиши хун дар организм; ихтилол дар кори гурдаҳо; ирсият (яке аз омилҳои асоси дар рушди гипертонӣ ба шумор меравад); вазни изофӣ ва фарбеҳӣ; истеъмоли зиёди намак; тамокукашӣ ва алкул; ҳиподиномӣ - тарзи ҳаёти нишаста ва камбуди кори ҷисмонӣ; норасоии витаминҳо ва аносури дигари муфид; тағзияи номутаъодул; ва синну соли аз 50 боло (дар одамони ин синну сол бештар дучори атеросклероз мегарданд  ва ин боиси халалдор гардидани гардиши хун да рагҳо мешавад).                           

Дар рушди фишорбалании дохили шарёнӣ, омилҳои равоншинохтӣ низ нақши муҳим доранд. Исстресҳои доимӣ ва эҳсосоти манфӣ дар натиҷа ба бемории гипертонӣ мунҷар мегарданд. Асоситарин омилҳои равоншинохтӣ, ки боиси рушди фишори баланди дохили шарёнӣ мегарданд иборатанд аз: хашми зиёд, тундмизоҷӣ ва хушунат, одати фурӯ бурдани эҳсосот ва нигаҳдории ихтилоф дар худ, андӯҳ ва тарс, хастагии музмин, норасоии доимии вақт, ноустувории эҳсосотӣ ва тамоюл ба ғаш кардан ба шумор мераванд.  Ба ҳамин хотир, дар бисёр ҳолат мо худамон метавонем рушди бемории гипертониро пешгирӣ кунем. Барои ин кор танҳо лозим аст, тағзия ва тарзи ҳаётамонро  дуруст намуда, аз одатҳои бад даст кашем. Фаъолияти доимии ҷисмонӣ бошад ҳам барои поин бурдани ҳолатҳои истрексси кумак мекунад ва ҳам кори системи дилу-рагҳоро беҳтар мегардонад.                                                                                        

ФОТО