БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БЕМОРИҲОИ ДАСТГОҲИ ГУВОРИШ

Дастгоҳи гувориш (системаи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

 1. Сурхрӯда. Ин узви дастгоҳи гувориш вазифаи расонидани хӯрок ба меъдаро иҷро мекунад. Аммо хусусиёти ҷойгиршавии ин узв сабаб мегардад, ки ҳар иллат ё илтиҳоби девораҳои он ба ҳолати шуш ва дил мунъакас гардида, барои ин ду узв метавонад пасомадҳои басо вазнин ба бор орад. 

2. Меъда. Ин узв бевосита дар ҳазми хӯрок ширкат мекунад. Халалдор гаштани кори меъда дар тамоми организм ва махсусусан узвҳои ҳамсоя таъсиргузор хоҳад буд. Сабаби халалдор гаштани кори ин узв, метавонанд бемориҳои гуногун аз қабили, гастрит, диспепсия, гастродуоденит, ва захми меъда гарданд.   

3. Ғадуди зери меъда. Ин узв гарчанде чандон бузург нест, аммо аҳамияти вежа дорад. Ин ғадуд ҳормонҳо ва энзимҳои (фермент) барои ҳазми хӯрок зарурӣ ва барои фаъолияти кулли бадан муҳимро коркард мекунад. Халал дар кори ин ғадуд ба бемории панкреатит мунҷар мегардад ва он дар навбати худ, қодир аст инсонро ба диабети қанд мубтало гардонад.

4. Ҷигар. Ин узви бениҳоят муҳим танҳо дар 12 солагии инсон комилан шакл мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир ба кӯдакон тавсия мегардад, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин парҳез кунанд. Вазоифи ҷигар бениҳоят зиёд аст. Ғайр аз тавлиди энзимҳои зарурӣ, ҷигар баданро аз маводи самъӣ поккорӣ мекунад. Тамоми маводи доруӣ, алкул ва дигар моддаҳои хатарнок маҳз аз тариқи ҷигар вориди бадан мегарданд ва ин ба ин узв таъсири манфии зиёд мерасонад. Ҷигар метавонад ба ҳепотит, сероз ва дигар бемориҳои хатарнок мубтало гардад ва ин ба тамоми бадан таъсиргузор хоҳад буд.   

5. Заҳрадон (кисаи сафроӣ). Вазифаи асосии ин узв захираи энзимҳои барои ҳазми хӯрок зарурӣ ба шумор меравад. Ин узв метавонад мубтало ба бемории холетсестит гардад ва дар ин сурат, норасоии энзимҳо ба халал дар ҳазми моддаҳои ғизоӣ оварда мерасонад ва инсон гирифтори норасоии витаминҳо, халал дар хӯрокҳазмкунӣ, пастшавии нерӯи дифоии бадан ва ғ. мегардад.                               

6. Рӯда. Маҳз дар ин узв, ҷазби тамоми моддаҳои ғизоӣ иттифоқ меуфтад. Ҳатто бемории соддае монанди дисбактериоз, ки рӯда ба он мубтало мегардад, метавонад боиси паст гардидани миқдори витаминҳо ва моддаҳои дигари муфид дар бадан гардад.     

Аммо агар бемориҳои зикр гардида, бисёр вақт дар шакли музмин ҷараён пайдо кунанд, ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки боиси бистарӣ гардидани бемор мешаванд ва метавонанд аворизи хатарноке барояш дошта бошанд. Маъмултарини онҳо аппендитсит ба шумор меравад. Имрӯз ин иллат ҳатто дар кӯдакони навзод ҳам вомехӯрад. Дар ҷои дуввум чурра қарор дорад. Аммо аворизи аз ҳама хатарнок перитонит (илтиҳоби сифоқ) ба шумор меравад. Ин иллат ҳамеша тариқи амали ҷарроҳӣ табобат мешавад. Перитонитро ҳамаи бемориҳои дар боло зикр гардида ва инчунин ҷароҳатҳо метавонанд ба бор оранд.       

Бемориҳои дастгоҳи гувориш ҳамеша бо аломатҳои мушаххас ҷараён меёбанд. Дар бештари маврид ин аломатҳо иборатанд  аз: дилбеҳузурӣ, дард дар қисмати шикам, зардаҷӯш, қайкунӣ ва дарунравӣ. Барои пешгирии ин авориз муроҷиаи саривақтӣ ба мутахассис нақши вежа дорад ва табибон аз рӯи ин аломатҳо бемориҳои дастгоҳи гуворишро зуд ва дақиқ ташхис медиҳанд.                           

ФОТО