БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ҲЕМОГЛОБИН - НОҚИЛИ ОКСИЖЕН

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино.

 

Ҳемоглобин (аз калимаи юнонӣ haima -хун ва калимаи лотинӣ globus - курра) сафедаест, ки дар хуни ҳамаи ҳайвоноти дорои системи хунгард вуҷуд дорад. Асоситарин вазифаи ин сафеда, интиқоли оксижен ва бофтаҳои бадан ба шумор меравад.

Ҳемоглобин ранги сурх дорад ва маҳз ба ҳамин хотир хун низ сурхранг менамояд. Шояд бисёриҳо огоҳ бошанд, ки 55% хуни одамиро плазма ташкил медиҳад ва 45% мобақӣ бошад ба ҳуҷайраҳои хун рост меоянд. Миёни ин ҳуҷайраҳо, зарраҳои сурхи хунӣ - эротроцитҳо бартарӣ доранд ва эретроцитҳо дар 95% аз ҳемоглобин иборатанд.             

Ҳамин тариқ ҳемоглобин дар бадан вазифаи ноқили оксиженро иҷро мекунад. Ин бофтаҳо ба иборате "маҳсулотро" дар шуш қабул мекунанд ва онро ба ҳуҷайраҳои махлуқи зинда интиқол медиҳанд. Аммо ин сафедаҳо, ду бора ба шуш низ ба иборате "холӣ" бар намегарданд ва бо худашон гози карбонро гирифта меоранд.           

Меъёри ҳемоглобин дар мардон 130-160 грамм/литр ва дар занонон бошанд 120-150 г/л -  ро ташкил медиҳад. Дар занони ҳомиладор бошад, рақиқшавии табии хун ба вуқуъ мепайвандад ва меъёри ҳемоглобинашон камтар мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир табибон-гинекологҳо меъёри ин сафедаро дар хуни модарони оянда ҷиддан назорат мекунанд ва дар ҳолати зиёд пастшудани ҳемоглрбин, ба занони ҳомиладор доруҳои махсус таъин мекунанд. Барои афроди меъёри ҳемоглобинашон паст, тавися мешавад бештар дар ҳавои тоза гаштугузор кунанд, афшураҳои мевагӣ (хусусан афшураи анор), тухми мурғ, моҳӣ ва маҳсулоти шириро бештар истеъмол намоянд.  Дар илми тибб инчунин поин рафтани сатҳи ҳемоглабинро дар бадани инсон камхунӣ (анемия) меноманд.

ФОТО