БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ОН ЧӢ, КИ ҲАМА ДАР БОРАИ БЕМОРИИ ДИАБЕТ БОЯД БИДОНАНД

Ассистенти бахши эндокринологии бемористон,

Доктор Маҳмадёров Диловар.

 

Бемории диабети қанд, фишорбаландӣ, баландшавии холестерин дар хун, ҳама бемориҳое хастанд, ки насли ва генетикӣ мебошанд. Бисёр муҳим аст, ки бидонед ин бемориҳо вақте ташхис шуданд то охири умр дар бадани бемор мемонанд.

Бинобар ин тавсияҳои диет, варзиш ва маводи дорувориҳо бо назардошти вазъи беморӣ то охири умр истифода мешаванд то мушкилоти вазнин,  ки зиндагиро вайрон месозад ба амал наояд. Натиҷа ин, ки доруҳо ва тавсияҳо ҳангоми табобат набояд қатъ карда шавад ва бе танаффус идома ёбад.

Имрӯза табибон  ба иттифоқ бовар доранд, ки диетаи хеле маҳкам ва ҷиддӣ дар бемoрони гирифтор ба бемории қанд лозим нест. Дар асл, диети ин беморон аз чанд нуктаи муҳим бештар намебошад:

Яъне ҷинси хӯроки одамони гирифтор ба диабет бо бақия фарк надорад, фақат миқдори он дар як навбат зиёд набояд бошад. Нон, оши палав, картошка ва гӯшт манъ нестанд, балки миқдори масрафи онҳо нисбат ба дигарон бояд камтар бошад.

Салад ва кабудӣ бояд як асли асосӣ дар диетаи ин одамҳои диабетӣ бошад. Миқдори сабзавот ва кабудӣ бояд зиёд ва пешу пас аз хӯрок хӯрда шавад.

Миқдори намаки қазоҳо хело мухим аст, дар диабети қанд бояд то ҳадди мумкин бенамак бошад.

Равғанҳо зиёд муҳим нестанд. Он қадар, ки  диетаи камнамак муҳим аст, диетаи камравған муҳим нест.

Хӯрдани миқдори ками шакар бо чой ё қаҳва қанди хунро зиёд баланд намекунад.

Торт,  кулчақандхо ва нӯшокиҳои ширини  газдор ба мисоли RC соlа аз диета ҳасб шавад.

Меваҳо беҳтарин маводи хӯрокие ҳастанд, миқдори ками онҳо бахусус дар фосилаи хӯрокҳои аслӣ бисёр муфид аст. Фақат ангур дар як дафъа зиёд истеъмол кардан қандро баланд мекунад. Сигор кашидан дар шахсони диабет боиси баста шудани рагҳои қалб мегардад. Дар диабети қанди навъи 2, ки тавассути қурсҳо табобат мешавад, пас аз назорати муносиби қанд озмоиши қанди хун ба муддати ҳар 2 моҳ як бор кофист. Андозагирии қанди хун тавассути глюкометр  зарурат надорад.  Озмоиши хун ҳатман дар 2 маврид: аввал пеш аз субҳона ва баъд 2 соат пас аз хӯрдани субҳона ва доруҳои қанд бояд анҷом дода шавад. Қанди хуни ношто пас 8 соати хӯрок ва бидуни доруҳои кандӣ анҷом дода мешавад. Пас аз он, ки бемор қанди хуни ношторо супорид бояд мисли ҳаррӯза субҳона кунад, доруҳои қандиро нӯшад ва пас аз 2 соат барои анҷоми озмоиши қанд ба озмоишгоҳ биёяд. Андозагирии гемоглобини гликозидӣ 2 то 3 бор дар сол кофист.

Теъдоди озмоишҳои лозим барои беморони диабети навьи 2: 

Қанди хуни ношто ва 2 соат пас аз хӯрок ҳар 2 моҳ.

Гемоглобини гликозидӣ соле 2-3 маротиба.

Андозагирии холестерин ва равғанхои хун 6 моҳ як бор.

Тестҳои баррасии фаъолияти гурдаҳо 6 моҳ як бор.

Озмоиши пешоб аз ҷиҳати сафеда (албуминурия) дар сол 1 маротиба.

Муоинаи каъри чашм аз назари гирифтории таги чашм ба бемори қанд  соле як маротиба.

Диққат: Тамоми доруҳои дар дорухат навишташуда бояд то рӯзи озмоиш бе танаффус истифода шавад. Агар яке аз доруҳо кабл аз анҷоми озмоиш қатъ шуда бошад ва шумо табибро хабардор накунед, табиб ба иштибоҳ меафтад. Як чанд рӯз қатъи доруҳои диабет метавонад қандро баланд кунад ва табиб ба иштибоҳ афтида, миқдори давоҳои шуморо зиёд мекунад. Хатоҳои дар боло зикр шуда метавонанд дар беморони фишорбаландӣ ҳам рух диҳанд.

Ҳаргиз ба доруҳои навишташудаи  дар дорухат аз пеши худ доруҳои гиёҳӣ илова накунед, чунки мумкин аст ин ду намуди табобат бо хам созгорӣ нишон надиҳанд. Равишҳои дигар мисли тиббӣ сузанӣ ва магниотерапия метавонад таъсири доруҳои диабетиро кам ё зиёд намояд ва қанди хунро ба таври хатар паст намояд.

ФОТО