БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ПАСТ ШУДАНИ ҚАНДИ ХУН ДАР БЕМОРОНИ ДИАБЕТИ ҚАНД, КИ ДАВО МЕНӮШАНД

Эндокринологи бемористон,                           

Доктор Аббоси Таваккулиён.

 

Ҳар гоҳ дастгоҳи глюкометр миқдори қанди хунро аз адади “2.8” ё камтар аз 50 млг  децилитри хун камтар нишон диҳад ва бемор ҳолаш ба таври ногаҳонӣ дигаргун шуда бошад, мегӯем қанди хуни бемор паст шудааст.

Ташхиси паст шудани воқеии қанди хуни бемор вақте дақиқ мешавад, ки бемор пас аз нӯшидани миқдори обмеваи табиӣ ё оби меваҳои маснуӣ ва ё аз ҳама беҳтар  ҳолаш хело зуд беҳтар шавад.

Паст шудани қанди хун дар тӯли дармони бемории қанд мумкин аст такроран пеш биёяд ва ин ҳеҷ аҷибе нест ва ҳамеша хатарнок намебошад. Доруҳои нӯшидании зидди диабет ва ҳамчунин  инсулин, миқдори инсулини дар хун мавҷудро давомдор боло мебарад, ва агар бемор фосилаи хӯрокҳоро зиёд кунад ё кам хӯрок бихӯрад ва ё зиёдтар машқу пиёдагардӣ кунад, мумкин аст қандаш паст шавад. Бинобар ин, барои ин ки қанди хун дар ҳадди меьёр бимонад ва қанд зиёд паст нашавад ин корҳо бояд риоя шаванд:

Замони хӯрок хӯрданро  дар тӯли рӯз (субҳона, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом) хеле иваз нашавад ва ҳар хӯрок дар соати хоси худаш хӯрда шавад.

Миқдори хӯрок хеле каму зиёд нашавад ва дар як меьёри муайян нигоҳ дошта шавад. Агар бемор ҳабҳои зидди диабетии худро бинӯшад ва ё сӯзандору иинсулини тавсияшударо бигирад, аммо хӯроки кофӣ нахӯрад, маьлум аст, ки дар 3 то 4 соати пас аз он қанди хун мумкин аст паст шавад.

Агар миқдори фаъолияти рӯзонаи шумо ва миқдори машқу пиёдагардие, ки мекунед кам ва зиёд шавад, он ҳам боиси паст ва баландшавии қанди хун мегардад. Агар машқ ва пиёдагардӣ мекунед, ҳар рӯз бояд  иҷро кунед, агар наметавонед ҳар рӯз ин корҳоро анҷом додан, ҳамон беҳтар, ки аслан анҷом надиҳед.

Агар мавридҳои дар  боло зикр шударо риоя мекунед ва боз ҳам ҳолати паст шудани қанд дар шумо такрор шавад, бояд сари вақт ба табиби худ муроҷиат намоед ва миқдори доруҳои нӯшиданӣ ё инсулини шуморо камтар кунад.

Як кори бисёр муфид аст, ки метавонад аз паст шудани қанд пешгирӣ кунад ва ин хӯрдани миқдори ками мева ё як пиёла шир бо як адад бисквит дар  ду - се соат пас аз субҳона ва хӯроки нисфирӯзӣ мебошад. Ба ин хӯроки каме, ки байни вақтҳои аслии хӯрок мехӯранд ба истилоҳ миёнваьда ва ё снак гуфта мешавад ва бояд ба унвони як  қоида дар дармони диабет ба он амал шавад.

Ташхиси паст шудани зиёд аз меъёри қанд аз рӯи аломатҳои он ва сипас бо анҷоми озмоиши хун бо дастгоҳи глюкометр анҷом мешавад. Аломатҳои паст шудани шадиди қанд ҳамеша як хел ҳастанд. Бемор ногаҳон эҳсоси заъф ва хастагӣ мекунад, дастҳо, пойҳо ва баданаш аз дарун меларзад.  Тапиши дил зиёд мешавад ва эҳсоси гуруснагии шадид мекунад ва гоҳе дар атрофи даҳон ва забонаш эҳсоси беҳисӣ ва карахтӣ пайдо мешавад. Агар дар ҳамин марҳилаи аввал дармони пастшавии қанд босурьат анҷом нашавад, бемор мумкин аст аз ҳол биравад, беҳуш шавад ва гоҳе ҳолати ташаннуҷ низ пайдо кунад.

Дармони як ҳамлаи паст шудани қанд:

Асли аввал дар дармони паст шудани қанд ин аст, ки аз пеш омадани он пешгирӣ ба амал ояд, яъне ба тавре ғизо бихӯрем, ки паст шудани қанд пеш наояд. Яъне он  се нуктаи бисёр муҳиме, ки қаблан гуфта шуд, ҳатман риоя кунем. Аммо чунончи бо риояти он ҳамаи дастурот боз ҳам қанди хун паст шуд чӣ бояд кард? Агар бемор ҳуш ва ҳавоси кофӣ дорад, яъне гиҷ ва беҳуш нест ва метавонад чизе бихӯрад, беҳтарин чизе, ки дар ин замон дар дастраси шумо аст ва аз ҳама зудтар ҷазби бадан мегардад, нӯшидани як пиёла (ҳудуди 100мл) RC cola ё обмева мебошад, ки беҳтар аз ҳама ҳамин RC cola-и мавҷуд дар бозор мебошад. RC cola дар ин ҷо ба унвони як доруи олӣ ба ҳисоб меравад. Метавонед аз оби меваҷот ё ҳал кардани қанд ва ё шакар дар об ҳам истифода кунед, аммо омода кардани онҳо замони зиёд мебарад ва дармони паст шудани қанд дер мешавад. Пас дар яхдони манзил ва ҳамчунин дар кифи бемори диабетӣ вақти берун рафтан аз хона  як RC cola-и кӯчак мавҷуд бошад. Ҳеҷ вақт аз шоколад, нон ва ё торт барои дармони паст шудани қанд истифода накунед. Чун дер ҷазб мешавад ва агар бемор беҳуш шавад мумкин аст дар гулӯяш гир кунад ва боиси хафагии бемор шавад, бинобар ин се асли асосӣ дар дармони паст шудани қанд инҳо ҳастанд.

Зуд ташхис шавад ва хеле зуд ва бидуни таъхир дармон шурӯь шавад.

Агар бемор ҳушёр аст, беҳтарин чиз барои нӯшидани бемор як пиёла RC cola мебошад.

Пас аз нӯшидани RC cola як чанд дақиқа бояд сабр кунад. Агар ҳоли бемор беҳтар шуд, барои ин ки дубора қанди бемор паст нашавад, як ё  ду адад бисквит хӯрда шавад.

Агар бемор ба ҳолати иғмо ё беҳушӣ биравад, яьне додани нӯшиданӣ ба бемор иштибоҳти бузургест. Дар ин ҳолат бояд бемор ба бемористон интиқол шавад.

Як бор ё ду бор паст шудани қанд далели зиёд будани миқдори доруҳо ё инсулин намебошад. Агар паст шудани қанд такрор шавад ва бахусус дар соатҳои хос такрор шавад дар ин сурат бо табиби Эндокринолог тамос гирифта шавад ва доруҳо ва миқдори инсулин танзим гардад.

Чанд доруи зидди диабет ҳастанд, ки ҳеҷ вақт қандро ба таври хатари паст намекунанд. Хуб аст, ки исми ин доруҳоро ба хотир гиред:

Метформин ё Глюкофаж

Пиоглютозон ё Глютозон

Янувия ё Зептин (Ситоглиптин), Зипмет

Галвус, Галвусмет (Вилдоглиптин)                                                                                        

Доруҳое, ки метавонанд  дар шароити хос қанди хунро ба таври ҷиддӣ паст кунанд иборатанд аз:

1. Глибенкломид; ин дору аз ҳама бештар қандро паст мекунад

2. Гликлозид

3. Амарил (Глимепрайд)

4. Анвои инсулинҳо

Бинобар ин, лозим аст номи доруҳоеро, ки менӯшем бо диққат мутолиа кунем. Баьзе аз доруҳое ҳастанд, ки таркибашон аз якчанд доруи зидди диабетӣ ташкил мешавад. Лозим аст, ки ба пушти қуттиҳои қурсҳои зиддидиабетӣ диққат кунем ва бибинем, ки аз чи доруҳое сохта шудаанд. Агар дар таркиби доруҳои шумо доруе вуҷуд дорад, ки хатари паст шудани қанд  дар он ҳаст, бештар ба вақти хӯрок бояд диққат дод.

Ба ҳамин далел аст, ки доруҳое мисли Метформин, Глютозон, Зептин ва Зипметро беҳтарин доруҳои зидди диабети қанди медонанд, аммо ба хотир дошта бошед, ки ба баьзе беморон доруҳои дар боло зикр шуда барои контроли қанд кофӣ намебошанд. Ба ҳамин хотир табиб маҷбур аст, ки доруҳои қавитар, ки таъсири инсулинро дар бадан изофа мекунанд истифода кунад. Бинобар ин, паст шудани қанд дар як бемори гирифтор ба бемории қанд  ба ин маънӣ намебошад, ки доруҳояш хуб нестанд ва бояд партофта шавад.  

ФОТО