БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ОХИРИН СУПОРИШҲО ДАР МАВРИДИ ДИАБЕТИ ҚАНД

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Диабети қанд як бемориест, ки пас аз зоҳир шудан дар як кас аз ҷисмаш берун намеравад. Аммо бо диети (парҳез) начандон шадид, машқ, пиёдагардӣ  ва доруҳои на чандон  гаронарзиш,  ба хубӣ  назорат мешавад.

Шиори ҷаҳонӣ дар мавриди диабети қанд ин аст, ки диабети қанд як фоҷеа  дар зиндагӣ нест, балки тағйирот дар равиши зиндагӣ аст. Риояи дастурҳои парҳез, зиндагии фаъол ва пурҳаракат ҳамроҳ бо масрафи  дақиқи доруҳо ва албатта эҳтиёт аз бемориҳои мисли баландшавии фишори хун ва афзоиши холестерин як умри табиӣ барои шумо ҳадя хоҳад дод. Пас гирифтор шудан ба диабети намуди II охири зиндагӣ ва охири дунё нест.

Агар бо он канор биёед ва афсорашро ба даст бигиред ва фаромӯшаш накунед, диабет ҳеҷ коре ба ҷисми шумо нахоҳад  дошт. Аммо агар беморӣ чанд сол фаромӯш шавад ва барои контроли он иқдоми саривақт ба амал наояд, албатта зиндагиро мушкил хоҳад кард. 

Бидонед ва инро ба атрофиёну дӯстон ва хешу таборон низ расонед, ки аз байни ҳамаи доруҳои зидди диабети қанд ду дору ҳастанд, ки диабети намуди II-ро аз реша дармон мекунанд ва он ду дору Метформин аст ва дуввум Пиёглитазон мебошад. Бадани беморе, ки гирифтор ба диабети қанди намуди II гардидааст, камбудии ҷиддии инсулин надорад, балки инсулини мавҷуд  дар хунаш ба ҳуҷайраҳо таъсир накарда, ва қанд аз хун ба даруни ҳуҷайраҳои бадан ворид намешавад ва ба масраф намерасад.

Фақат ду доруи Метформин ва Глютазон ҳастанд, ки ин мушкилиро метавонанд бартараф кунанд. Дигар доруҳои зидди диабет инсулини баданро изофа мекунанд ва ба он мушкилии аслӣ, ки бемории қандро эҷод мекунад , таъсир намекунанд. Доруҳои Метформин ва Глютазон селюлҳои бета дар ғадуди зери меъдаро ором мекунанд ва бемор дертар ба тазриқи  инсулин ниёз пайдо мекунад. Бисёре аз  беморон мегӯянд, ки Метформин ғадуди зери меъдаро озор медиҳад ва гурдаҳоро вайрон мекунад. Ин сухан иштибоҳ аст, ки аз надонистани иллати аслии диабет сарчашма мегирад. Дар воқеъ Метформин, ҳам умри селюлҳои ғадуди зери меъдаро тӯлонитар мекунад ва ҳам гурдаҳоро дар муқобили диабет муҳофизат менамояд. Баръакс доруҳои мисли Глибенкломид, Гликлозид ва Амарил агар ба миқдори зиёд масраф шаванд, селюлҳои бетои ғадуди зери меъдаро хаста мекунанд ва бемор маҷбур мешавад аз инсулин истифода барад. Пас наҷоти бемории диабети қанд ташхиси сари вақт ва истифодабарии комил ва давомдор аз доруи Метформин ва дар канори он Пиёлглютазон аст.  Агар бо парҳез, машқ ва истифодабарӣ аз Метформин ва Глютазон қандҳои бемор ба миқдори дилхоҳ поён наомад, он вақт бо эҳтиёт аз миқдори ками доруҳои мисли Амарил, Гликлозид ё дар охир аз доруҳои ҷадид мисли Ситоглиптин ё Глифлозинҳо истифода мекунем.

Барои назорати қанд дар диабети намуди II лозим нест хеле зиёд аз дастгоҳи Глюкометр истифода барем. Дар воқеъ назорати қанд ба такрори зиёд барои беморе аст, ки инсулин истифода мебарад. Барои назорати қанд дар беморе, ки аз қурсҳои нӯшиданӣ истифода мекунад, супоридани як таҳлили хун қанди ношто ва қанди хуни 2 соат пас аз хӯрок ҳар 6 ҳафта то 2 моҳ кофӣ аст. Ёдатон бошад, ки барои анҷоми озмоиши қанди хуни ношто шикам бояд 8 соат холӣ бошад. Ёдатон бошад, ки барои анҷоми озмоиши 2 соат пас аз хӯрок, ҳамаи қурсҳои худро ҳамроҳи субҳона (завтрак) нӯшида бошад ва субҳонаи шумо мисли субҳонаи ҳамеша бошад. Яъне дақиқан ҳамон миқдор ва ҳамон намуд, ки дигар рӯзҳо мехӯрдед бошад.

Агар муддате доруҳои зидди диабетро истифода набурдед ва ё баъзе аз онҳоро нӯшида ва баъзе дигарро тамом кардаед, барои озмоиши хун муроҷиат накунед. Агар шумо муддате қурсҳоро нанӯшидаед ё номураттаб нӯшида бошед ва ба табиб инро нагӯед, табиб вақте ки озмоишҳоро баррасӣ мекунад бо ин фикр, ки шумо доруҳоро мураттаб нӯшидаед иқдом ба кам ё зиёд кардани доруҳо мекунад ва ин метавонад табибро бо иштибоҳи хатарнок биандозад.

Анҷоми озмоиши гемоглобини  гликозидӣ, ё ҳамон озмоиши миёнгини қанди чанд моҳи қаблро нишон медиҳад, дар Тоҷикистон хеле истифодабарӣ надорад. Барои анҷоми ин озмоиш дастгоҳи HPLC лозим аст, ки дар ин ҷо нест ва бо илова озмоишгоҳе, ки ин таҳлилро анҷом медиҳад бояд ҳар 6 моҳ ҳамаи озмоишҳои  анҷомшударо ба як анҷуман дар Амрико бо номи DCCT бифиристад то дуруст ё ғалат будани натиҷаҳо баррасӣ шавад. Ин кор ҳам қатъиян дар Тоҷикистон анҷом намешавад. Бинобар ин, назорат ва дармони диабети намуди II дар ин ҷо бояд бо анҷоми ҳамон озмоишҳои ҳамеша, яъне қанди хуни ношто ва қанди хуни 2 соат пас аз хӯрок анҷом шавад. Чунончи қанди хуни ноштои шумо бо масрафи комил ва давомдори доруҳо камтар аз 130 мг/дл (7mmol/L) ва қанди хуни 2 соат пас хӯроки шумо камтар аз 180 мг /дл (10mmol/L) бошад, табиби шумо аз дармони шумо розӣ хоҳад буд.

Агар диабети қанд дар солҳои аввал хуб назорат нашавад, селюлҳои бетои ғадуди зери меъда, ки вазифаи тавлиди инсулини мавриди ниёзи баданро ба ӯҳда доранд, хаста мешаванд ва тавоноии онҳо дар тавлид ё таҳсили инсулин  кам мешавад.

Дар ин ҳолат доруҳои нӯшидании зидди диабет оҳиста-оҳиста хосияти худашонро аз даст медиҳанд ва мисли гузаштаҳо қанди хунро хеле паст намекунанд. Чунончи таркиби Метформин бо миқдори комил  бо ҳамроҳи 15 мг Пиёглютазон ва як қурси 2 мг Амарил қодир ба контроли қанд набуданд, қурси Sitagliptin (Ziptin) 50 mg ба доруҳо изофа шавад. Дар чанд ҳолат Метформин бояд ба таври муваққат дода нашавад:

1) Аз 24 соат қабл аз амалиётҳои ҷарроҳӣ то 48 соат пас аз он.

2)  Аз 24 соат қабл аз ангиографӣ то 3 рӯз пас аз ангиографӣ.

3) Аз 24 соат қабл аз анҷоми IVP (аксбардорӣ аз гурдаҳо бо моддаи контраст) то 48 соат пас аз он.

4) Уфунатҳои (чирк) шадиди гурдаҳо, шуш ва талхадон, ки таб (температура) эҷод карда аст ва эҳтимоли сирояти чирк ва микроб ба хун (сепсис) матраҳ бошад.

Ҳамкорони табиб бояд бидонанд, ки дар ҳама ҷои дунё ҳанӯз инсулини - N (NPH) ва инсулини - R (регулёр) дар табобати диабети навъи 2 юм инсулинҳои асли ҳастанд, ки мавриди истифода қарор мегиранд. Инсулинҳои қалами худкори ҷадид (инсулинҳои аналог мисли Лантоs, Новорапид ва Апидро) дар намуди диабети навъи 1 ум корбурд доранд ва хеле кам дар диабети навъи 2-юм мавриди истифода қарор мегиранд, танҳо дар мавориди бисёр хос. Наҳваи истифода аз инсулин дар диабети навъи 2 юм ин аст, ки аввал аз инсулини - N  ё ҳамон NPН (инсулине, ки ширворист) бо танҳоӣ ва миқдори кам яъне ҳудуди 10 воҳид қабл аз субҳона зери пуст зада мешавад. Чанд рӯзи қандҳои ношто ва 2 соат пас аз субҳона  назорат шавад, агар поён наомада буд, 5 то 6 воҳид аз ҳамон инсулини NPH соати 9 шаб  зада шавад.

Чанд рӯз қандҳои пеш аз субҳона, 2 соат пас аз субҳона ва пеш нисфирӯзӣ  бо дастгоҳи Глюкометр бояд назорат шавад. Агар қанди ноштои аввали субҳ ҳанӯз боло аст 1 то 2 воҳид бо инсулини NPH охири шаб бояд изофа шавад.  Агар қанди хуни 2 соат пас аз субҳона ва пеш аз нисфирӯзӣ боло бошад, 4 воҳид аз инсулини R (регуляр, инсулини сафед ё обакӣ) ҳамроҳи инсулини NPH қабл аз субҳона дода шавад ва бо ҳамин шакл миқдори инсулинҳои NPH ва R хеле оҳиста танзим гардад. Инсулини  N ва R-ро  дар як сӯзандору махлут кардан мумкин аст.

Ёдатон бошад, ки УЗИ-и гурдаҳо дар диабет зиёд фоида надорад. Барои баррасии вазъи гурдаҳо дар диабет 2 озмоиш лозим аст:

Озмоиши вуҷуди сафеда (албумин) дар пешоб

Озмоиши хун аз назари миқдори мочевина ва креатинин

Озмоиши пешоб аз назари сафеда дар 1 сол 1 бор кофист, озмоиши мочевина  ва креатинин ҳам дар 6 моҳ басанда аст.

Ғадуди зери меъда ҳудуди 80 то 100г вазн дорад ва селюлҳои созандаи инсулин, ки дар ғадуд пароканда ҳастанд ҳаҷм ва вазни бисёр каме доранд. Аммо кам ё зиёд шудани онҳо дар диабети намуди II тағйироти назаррас дар УЗИ-и ғадуди зери меъда эҷод намекунад. Бинобар ин ҳеҷ вақт аз баъзе гузоришҳо, ки дар УЗИ –и ғадуди зери меъда навишта мешавад, хавотир нашавед. Дар воқеъ ташхиси диабети намуди II бо озмоишҳои хун анҷом мешаванд, на ин, ки бо УЗИ-и ғадуди зери меъда. Бисёр дида мешавад, ки дар УЗИ-и шиками беморони гирифтор ба диабет чизҳои аҷибу ғариб навишта мешавад, ки ин суханҳо бо тиб ва табобати ҷадиди дунё аслан ҳамхонӣ надорад ва қобили қабул намебошад.

Дар мутолиот ва таҳқиқот, бо такрор нишон дода шудааст, ки доруи Метформин бо шакли қурсҳои 850 мг ё 1000 мг аз қурсҳои 500 мг беҳтар асар мекунанд. Агар таркиби 4 дору, қанди ношторо ба камтар аз 130 мг/дл (7mmol/L) ва қанди пас аз хӯрокро ба камтар аз 180 мг (10mmol) паст накард, танҳо Метформинро нигоҳ дошта, дигар доруҳои нӯшиданиро канор гузоред ва инсулинро бо Метформин ба кор бигиред.

Иштибоҳи ҳамешагии ҳамкорон ин аст, ки ҳангоми шурӯъи инсулин дигар доруҳои нӯшиданиро низ қатъ мекунанд. Ёдатон бошад ва ба ҳамкорон низ бигӯед, ки пас аз шурӯъи инсулин боз ҳам ин метформин аст, ки дасти инсулинро гирифта ҷое мебарад, ки бояд он ҷо асар кунад.  Mиқдори қурси метформин 850 мг 3 бор дар як рӯз пас аз хӯрок ва ё қурси 1000 мг 2 то 3 бор дар як рӯз мебошад. Албатта дар шурӯи дармон ҳамеша метформин аз миқдори кам (нисфи таблет 500 мг пас аз ҳар хӯрок истифода мешавад ва пас аз 2 ҳафта ба 3 қурси 500 мг изофа мешавад. Aгар меъда дард ва азият накунад, дору ба 850 мг то 1000 мг 2 то 3 бор дар рӯз изофа мешавад.  

ФОТО