БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

НУҚТАҲОИ МУҲИМ ДАР МАВРИДИ СТЕОТОЗИ ҶИГАР

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Стеотози ҷигар ҷамъшавии миқдори зиёди равған дар дохили ҳуҷайраҳои ҷигарро меноманд. Стеотози ҷигар аз рӯи шиддати ихтилол ба 3 дараҷа, дараҷаи 1, 2 ва 3 тақсим мешавад.

Стеотози ҷигар ва дараҷабандии он бо ултрасонографияи шикам маълум мешавад.

Ҷигар бузургтарин корхонаи таҳлили протеинҳо, ферментҳо ва энзимҳои бадан аст. Ҳамчунин ҷигар бузургтарин корхонаи тозакунандаи бадан аз  заҳрҳои хӯрдашуда ё заҳрҳои ҳосилшуда дар бадан аст.

Дар стеотози дараҷаи 2 ва 3, беш аз 90 дарсади селюлҳои(ҳуҷайраҳои) ҷигар аз равған пур мешавад ва ба ҳамин далел амалиётҳои боло дар ҷигар ба хубӣ анҷом намешаванд ва кулли бадан ва ҷисми кас бемор мешавад.

Стеотози ҷигарро набояд касалии махсус ва маҳдуд ба ҷигар донист, балки ҷамъшавии равған дар ҷигар як аломат ва як нишонаи бисёр ошкор аз касалии доманадор ва дорои шаклҳои мухталиф аст.

Стеотози ҷигар бо диққати бисёр воло ба мо мегӯяд, ки ин кас барои намудҳои мухталифи бемориҳо тамоюлии гирифтор шудан дорад.

Касе, ки аз ноҳияи шикам фарбеҳ шудааст ултрасонография нишон медиҳад, ки ҷигараш равған ҷамъ кардааст,  қарор аст ба намудҳои мухталифи  бемориҳо гирифтор шавад. Баъзе аз ин бемориҳои хатарии ҷисм иборатанд аз:

Сангҳои талхадон ва ғавсшавии девораҳои талхадон;

Боло рафтани холестерин ва намудҳои дигари равғанҳо дар хун;

Пешрафти ором ва давомдори стеотози ҷигар ба гепотити стеотози ҷигар ва дар марҳалаҳои бад, серози ҷигар ва саратонҳои он;

Баландшавии фишори хун;

Калоншавии хушсифат ва бадсифати ғадуди простот дар мард;

Эҳтимоли гирифтор шудан ба саратонҳои бачадон, гарданаки бачадон ва тухмдонҳо;

Бештар шудани эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемории саратони пистон;

Гирифтор шудан ба касалии қанди ошкор дар ояндаи наздик;

Гирифтор шудан ба бемории баста шудани рагҳои дил ва сохтаҳои муқаррари дил;

Ҳоло савол ин аст, ки чаро як кас ба стеотози ҷигар гирифтор мешавад?

Ҷавоби ин савол имрӯз бисёр шаффоф ва равшан  аст.

Агар касе гени бемории  диабети қандро аз падар, модар ё аҷдоди худ ба таври наслӣ ба ирс бурда бошад, ин кас хоста ё нохоста, хӯроки бештар мехӯрад ва аз як синну соли хос ором - ором фарбеҳ мешавад ва ин фарбеҳии бештар дар ноҳияи шикам маълум мешавад.

Андозаи даври шиками ин кас вақти аз як шумораи хос бештар шавад, равғанҳои дохили шикам ва дохили ҷигар сироят мекунад ба ҷигар аз равған пур мешавад.

Вақте ки ҷигар табдил шуд ба як анбори калони пур аз равған, амалиётҳои аслии ҷигар таътил мешаванд.

Аз ин марҳала он гирифториҳое, ки номбар шудаанд, яке пас аз дигар пайдо мешавад.

Дар ин ҳепотити стеотозӣ ферментҳои ҷигар дар хун зиёд мешаванд. Вақте ки ферментҳои ҷигар дар хун зиёдтар аз меъёр ҳастанд, яъне ҷигар илтиҳоби ҷиддӣ пайдо кардааст. Бинобар ин ташхис кардани стеотози ҷигар бо ултрасонография аст, аммо ташхис кардани ҳепотити стеотоз бо анализи хун мебошад.  Зиёдшавии ферментҳои ҷигар дар анализи хун, яъне ҷигар ба таври хатарнок вайрон мешавад ва селюлҳои(ҳуҷайраҳои)  худро аз даст медиҳад.

Ҳоло бо ин стеотози ҷигар, ки 30% аз кулли аҳолии дунёро гирифтор кардааст, чӣ бояд кард ва тавсияҳои аслӣ кадом ҳастанд?

Аввалин кор ин аст, ки тамоми одамҳое, ки аз қисмати шикам фарбеҳ шудаанд ва дар авлод ва хешу табор собиқаи касалии қанд доранд, як ултрасонографияи ҷигар анҷом диҳанд, то ташхиси стеотози ҷигар дақиқ шавад. Пас аз он як анализи субҳ дар шиками гурусна анҷом шавад, то миқдори қанд, холестерин, хомизи пешоб (мочевая кислота) ва ферментҳои ҷигар андозагирӣ шаванд. Фишори хун ҳам дар муоина ташхис мешавад. Сипас дар ҳар бемор баста ба шароитҳои махсуси он бемор, дармони дарозмуддат ва пешгиркунанда бо парҳез, варзиш ва доруҳо шурӯъ мешавад.

Ва дар охир: чунончӣ ташхис ва дармони стеотози ҷигар дар вақташ анҷом шавад, роҳи пешрафти тамоми он гирифториҳое, ки гуфта шуд, баста мешавад ва як зиндагии пур аз беморӣ ва фалокат ба як ҳаёти солим ва бонишот табдил мегардад.  

ФОТО