БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАҚНАЗАРОВ МЕҲРОҶ

Онҳое, ки аз мушкилоти гурда, талха, ҷигар, меъда, ғадуди зери меъда ва ғадуди простат ранҷ мебаранд, ҳамарӯза барои анҷоми ташхиси ултрасадоӣ назди ӯ меоянд. Бемороне, ки ошуфтаву беҳоланд, гоҳо аз шӯхиҳояш дарди худро фаромӯш мекунанд. Меҳроҷ Ҳақназаров бо ҳазлу шӯхиҳои худ миёни пизишкони Бемористони Ибни Сино маъруф аст.

Ҳақназаров Меҳроҷ Шаҳобович, мутахассиси сонографӣ (УЗИ) бо беш аз 30 сол собиқаи корӣ, дорои тахассуси дараҷаи олӣ ва номзади илмҳои тиб мебошад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1987 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ то соли 1996, яъне ба муддати даҳ сол дар Бемористони рақами 2-и шаҳри Душанбе ва сипас аз соли 1998 то 2009 дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамчун мутахассиси ултрасадо фаъолият кардааст. 

Доктор Меҳроҷ Ҳақназаров, барои боло бурдани маҳорати касбии худ борҳо ба кишварҳои Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардааст. Аввалин бор соли 1997 барои гирифтани такмили ихтисос ба шаҳри Боулдери иёлати Колорадо дар ИМА сафар кардааст. Соли 2011 дар донишгоҳи Фотимаи Заҳрои Бушеҳр ва соли 2015 дар бахши радиолоҷии Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадони Эрон омӯзиш дида, соҳиби тахассуси «сонографии андоми пешобронӣ» шудааст.

Аз соли 2009 ба ин сӯ ба дар Бемористони Ибни Сино  фаъолият мекунад.

Дар ташхиси ултрасадоии гурда, масона, ғадуди зери меъда, бачадон ва тухмдон, ғадуди сипаршакл, ҷигар, талхадон, ғадуди простат бо муайян кардани пешоби боқимонда, испурч ва ғадуди адренал бисёр дақиқу корозмуда аст.

Ҳифзу нигоҳ доштани тамоми маълумоти ташхис ва аксҳои соногрофии беморон дар бойгонии бемористон аз бартариҳои кори ин мутахассиси варзида аст. Меҳроҷ Ҳақназаров мегӯяд: «Дастгоҳи ултрасадоии Бемористони Ибни Сино ба ҷуз он ки тасвири ранга мегирад, ҳамчунин қудрати ҳифзу нигаҳдории иттилоъоти чандинсолаи беморонро дорад ва ҳар нафар метавонад пас аз чандин сол ҳам маълумоти ташхиси ултрасадоии худро аз Бемористони Ибни Сино дарёфт кунад. Ба гуфтаи доктор Ҳақназаров нигаҳдории маълумот барои муқоиса кардани кору фаъолияти узвҳои ташхисшудаи беморон қабл ва баъд аз муолиҷа кумак мекунад ва чунин имконият низ дар Бемористони Ибни Сино фароҳам шудааст.

Доктор Меҳроҷ Ҳақназаров аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 17:00 ва рӯзҳои шанбе аз 8:30 то 12:00 бо чеҳраи боз ва бо дастгоҳи ултрасадоии тавонмандаш омодаи пазироӣ аз беморон аст.

ФОТО