БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Таб чист?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Чаро бисёриҳо аз таб метарсанд?

    Таб аз нигоҳи илми пизишкӣ аксуламал ё вокуниши системи эмании бадан ба беморӣ ё таъсири авомили хориҷӣ дар бадан аст. Аммо на ҳама вақт бояд аз он ҳарос дошт. Ҳарорати меъёр асосан аз 36.6 то 37 дараҷа маҳсуб мешавад.

     
  • Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

    Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

    Фарзона Абдуллоева.

     

    Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

     
  • Ҳадафи мо мусоидат кардан ба беҳбуди саломатии борварии шумост!

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова. 

     

    Бахши гинекологии Бемористони Ибни Сино фаъолияти худро аз соли 2011 ба ин сӯ ба роҳ монда ва ҳоло даҳҳо нафар барои муоина, ташхис, дармон ва ҷарроҳиҳо ҳамарӯза муроҷиат мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: САТТОРОВ ОРИФҶОН!

Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.

Миёни қалбшиносони Бемористони Ибни Сино танҳо пизишки ҷавонест, ки ҷарроҳиҳои дилро бо равишҳои замонавӣ ва камзахму беосеб анҷом медиҳад. 

Сатторов Орифҷон Гафарович 12-декабри соли 1987 дар хонаводаи пизишкон ба дунё омадааст. 

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2008 хатм намуда, давраи ординатураро соли 2011 дар Академияи тиббии пас аз дипломӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба поён расондааст. 

Барои боло бурдани маҳоратҳои касбии худ ба кишварҳои зиёд сафар кардааст. Аз ҷумла, соли 2010 барои такмили ихтисоси кардиологияи интервенсионӣ ба Эрон, соли 2011 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, соли 2015 ба Русия ва барои омӯзиши ангиохирургияи интервенсионӣ ва ренгтгенхирургия борҳо ба Қазоқистон сафар кардааст.

Орифҷон Сатторов аз соли 2011 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун кардиолог-интервенсионист ва фаъолият намуда, дар коронароангиография (ангиографияи рагҳо), ангиопластика (стентгузорӣ ё пластикаи дохилӣ) катетеризатсияи ғурфаҳои дил, табобати консервативии (доруӣ) бемориҳои дил маҳорати баланд дорад. Мудирияти бахши бистарии ангиографияро низ бар зимма дорад. 

Рӯзҳои пазириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30

ФОТО