БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРОВА СИТОРА

Касе беҳтар аз ӯ занҳоро дарк намекунад. Танҳо пизишкест, ки дар Бемористони Ибни Сино ҳамарӯза машғули машварат ва гӯш додан ба мушкилоти бонувон аст. Даҳҳо бонуи бефарзандро модар карда ва садҳо зани дигарро бо анҷом додани ҷарроҳии пластикии узвҳои занона андоми зебо бахшидааст.

Қодирова Ситора Исрофиловна, пизишки занон ва ҷарроҳи дараҷаи аввали Бемористони Ибни Сино дар бахши амрози занона.

Ситора Қодирова мутахассисони бисёр фаъол, донишманду ботаҷрибаи Бемористони Ибни Сино аст ва дар кори худ ҳирфаиву муваффақ. Ҳамеша дар ҳоли ҷустуҷӯву омӯзиши навгониҳои пешаи худ аст. Бо навиштани матолиби ҷолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бонувонро бо кору фаъолияти худ ошно месозад ва бо беморони худ пайваста дар иртибот аст.

Доктор Ситора мегӯяд, зебоӣ ва солимии репродуктивӣ дар хушбахтии занон нақши калидӣ дорад.

Дониши хуби забонҳои англисӣ ва олмонӣ ба ӯ имкон дода, ки дар ҳамоишу тренингҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кунад.

Ситора Қодирова соли 2007 бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва соли 2009 магистратура бо тахассуси пизишки занона ва зоймон (акушерство и гинекология)-и ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.

Соли 2014 дар Донишгоҳи улуми пизишкӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон, соли 2017 дар Донишгоҳи пизишкӣ дар шаҳри Венаи Австрия ва чандин бор дар Амрико таҳсил кардааст. Дорандаи гувоҳиномаҳои бешумори дараҷаи аъло ва  узви Бунёди пизишкони Амрико ва Австрия мебошад.

Ситора Қодирова яке аз мутахассисони барҷастаи Тоҷикистон дар гузарондани амали ҷарроҳии миомектамияи консервативӣ мебошад. Бо  равиши миомектамӣ омоси хушсифат бартараф ва бачадон нигаҳ дошта мешавад. Ҳамчунин дар гинекологияи эндокринӣ ва репродуктологӣ таҷрибаи баланд дошта, беш аз 50 зани ноборварро фарзанддор кардааст.

Тамоми бемориҳои аъзои таносулии занона, аз ҷумла: бемориҳои уфунати коси хурд, кисти тухмдонҳо, миомаи бачадон, поликистози тухмдонҳо, вайроншавии назми ҳайз ва безурриётиро табобат мекунад. Ин мутахассиси ҷавон ҳачунин, дар анҷом додани амали ҷарроҳии коси хурд тариқи кушодан ва ё бо роҳи лапароскопӣ, дар бартараф кардани нуқсонҳои модарзодии духтарон бо равиши гистероскопӣ, инчунин дар гузарондани ҷарроҳиҳои пластикӣ ҳирфаӣ аст. 

Рӯзҳои пазириш: Душанбе то ҷумъа аз 8:00 то 16:30

Рӯзи шанбе: 8:30 то 12:00

ФОТО