БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Табобати бемориҳои дилу рагҳо

Пизишк-интерн,

доктор Умед Муродов.

 

Бемориҳои дилу рагҳо тайи якчанд даҳсола аст, ки дар оморҳои ҷаҳонии бемориҳо ва фавти беморон дар радаи болост.

Ва албатта корбурди фанновариҳои ҷадид, маҳсулоти серғизо, камфаъолиятӣ ва фишори рӯҳию равонӣ омилҳои асосии сар задани бемориҳои дилу рагҳо ба шумор мераванд. Бар ин асос, мехостам якчанд қоидаи ахлоқиро дар бораи табобати доруии беморони дил махсусан зикр кунам, зеро маҳз дар ин марҳилаи табобат ва пешгирии беморӣ, беморон ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ медиҳанд, ки сабаби оқибатҳои нохуш мегардад.

1. Ба табобати худсарона роҳ надиҳед. Интихоби нодурусти дору ва андозаи он барои организми шумо метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Аксари вақтҳо чунин мешавад, ки шиносон ва дӯстон ба мо доруеро маслиҳат медиҳанд, ки ба онҳо боре кумак карда буд. Аммо бояд дар назар дошт, ки организми ҳар фард гуногун аст ва доруҳо дар ҳар фард таъсири яксон надоранд. Ҳангоми пайдоиши нороҳатиҳое дар мавзеи дил ва қафаси сина (монанди дамкутаҳӣ, дарди қафаси сина, баландшавии фишори хун) фавран бо қалбшинос (кардиолог) ё пизишки оилавӣ тамос бигиред. Қалб ҳаргиз беҳавсалагӣ ва бемасъулиятии шуморо намебахшад.

2. Аз пизишк ҳеч гоҳ бе сабаб хоҳони табобати қатрагӣ (капел) набошед. Табобати доруии беморони дил маҳз аз истеъмоли ҳабҳо (таблетка) иборат аст. Маҳлулҳои дохиливаридӣ (внутривенний) дар аксари ҳолатҳо дар марҳилаҳои дувум ва ҳатто севуми муолиҷа қарор мегиранд. Хусусан витоминҳо ва доруҳои метаболикӣ дар шакли маҳлулҳои дохиливаридӣ таҳия мешаванд. Доруҳои ҳаётан муҳим барои бемориҳои дил (муътадилкунандаи фишор, доруҳое, ки ғизо ва фаъолияти дилро беҳтар мекунанд, доруҳое, ки сарбориро барои дил ва рагҳои хунгард кам мекунанд) дар шакли ҳаб (таблетка) истеҳсол мешаванд. Аммо дар аксари ҳолатҳо нақши маҳлулҳо дар табобати беморӣ начандон муҳим аст, дар ҳоле ки қимати онҳо нисбат ба ҳабҳо хеле болост.

3. Доруҳои дохиливаридӣ (дохилирагӣ) ё худ маҳлулҳоро дар муассисаҳои тиббӣ ва дар ҳузури кормандони тиб истеъмол кунед. Ҳассосият ё дигар аксуламалҳо зуд ба амал меоянд ва хатари зиёдеро барои саломатиатон метавонанд эҷод кунанд.

4. Ба пизишк аз ҳама гуна мавриди бад шудани вазъиятатон, ки ҳангоми масрафи доруҳо ҳис кардед, хабар диҳед. Масъулиятшиносии шумо метавонад аз оқибатҳои зараррасони бархе доруҳоро сари вақт пешгирӣ кунад.

5. Аз ҳама муҳим, табобати бемориҳои дилу рагҳо 10-20-рӯза набуда, балки моҳҳо ва ҳатто солҳои зиёд тӯл мекашад. Қатъи масрафи доруҳо бе тавсияи духтур метавонад хавфи сар задани алоими манъи дору (синдром отмены) ва вокуниши манфии организм ба онро зиёд кунад.

Тавре ки мебинед, қоидаҳои табобат хеле одӣ буда, ҳамзамон масъулияти зиёдеро аз худи бемор талаб мекунад. Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки сабрро пеша кунед ва саломатиятонро ҳифз намоед. Саломатӣ на ҳама сарвати дунёст, аммо сарвати дунё бе саломатӣ ҳеҷ аст. Агар маслиҳатҳои мо ба шумо писанд омад, писанд (лайк) гузоред ва ин иттилоъотро ба дӯстонатон фиристед.

ФОТО