БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУСОЕВА МАРҶОНА

Пизишкон табиатан инсонҳои хушқалбу меҳрубоне ҳастанд, аммо хушқалбии ӯ аз нигоҳи гарм ва табассуми поку беолоишаш бештар ҳувайдост.

Бо чеҳраи боз ва самимияту табъи болидаи худ пеш аз ҳама мекӯшад, ки дили беморонашро таскин бахшад.

«Вақте бемор ошуфтаву рӯҳафтода ба наздам меояд, орому рӯҳбаланд кардани ӯро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам, зеро шифо ёфтани бемор пеш аз ҳама ба муносибати пизишк бо ӯ ва баъд ба тавсияҳои доруӣ вобаста аст», - ин ҳарфест, ки Марҷона Мусоева, пизишки қалби (кардиологи) Бемористони Ибни Сино мегӯяд.

Вай меафзояд, фаъолияташ ба унвони пизишки хонаводагӣ ба ӯ кумак кардааст, ки бо кӯдакон низ хеле осону роҳат робита барқарор кунад ва бо ҳар дармонҷӯи хурдакаки худ  зуд унс бигирад.

Доктор Марҷона Мусоева таҳсилоти олии худро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 2013 бо тахассуси пизишки муолиҷавӣ ба поён расонд. Баъд аз он як сол давраи интернатураро дар заминаи қалбшиносӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил гузаронд.

Аз соли 2014 то 2016 бо тахассуси пизишки қалб дар Маркази тиббии шаҳрии рақами яки шаҳри Душанбе фаъолият кард. Дар солҳои 2018-2019 барои боло бурдани маҳоратҳои пизишкии худ дар Маркази давлатии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб барои дарёфти тахассуси тибби оилавӣ таҳсил кард.

Баъд аз анҷоми давраи такмили тахассус ба муддати як сол дар Маркази тиббии шумораи 13 ҳамчун пизишки умумӣ фаъолият кард.

Аз моҳи июни соли 2019 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино аввал ба унвони пизишки умумӣ ва сипас ҳамчун пизишки қалб (кардиолог) ба муолиҷаи беморон машғул аст.

Дар табобати тамоми бемориҳои дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемории мушаки дил, ҳамчунин табобати бемориҳои марбут ба пизишкии умумӣ (кӯдакону бузургсолон) маҳорати баланде дорад.

Рӯзҳои пазириш:

Душанбе то ҷумъа: 8:30 то 16:30

Шанбе: 8:30 то 12:00

ФОТО