БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дармони санги гурда

Санги гурда бо се  равиш дармон мешавад: доруӣ, обзорӣ (дастгоҳӣ) ва ҷарроҳӣ.

Агар санги гурда хурд бошад,  метавон бо роҳи дорудармонӣ, гиёҳдармонӣ ва парҳездармонӣ онро берун кард. Истеъмоли хӯроки солим, доруҳо ва витанминҳои махсус ба пастшавии сатҳи асиди пешоб оварда мерасонанд, мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд ва инчунин сангҳоро бо роҳи пешоб берун мекунанд.

Аммо сангҳои бузургро бошад, танҳо бо роҳи абзорӣ ва амали ҷарроҳӣ метавон гирифт.  Бо имконоте, ки имрӯз пизишкони Бемористони Ибни Сино дар даст доранд, сангҳои бузурги гурдаро метавон бо амали ҷарроҳӣ бо кумаки дастгоҳҳои лапороскоп ва уретероскоп бисёр камосебу безахм берун кард. Шарҳи бештарро дар бораи ташхис ва табобати санги гурда метавонед ин ҷо дарёфт кунед.

Дар мавриди сабабҳои пайдоиши санги гурда ин пайвандро боз кунед.

Нархҳои табобат дар Бемористони Ибни Синоро дар ин ҷо бубинед.

ФОТО