БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Барои он ки табобат камхарҷ шавад, бояд аз беморӣ пешгирӣ кард!

  14-11-2013 Эндоурологи маъруфи эронӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи улумпизишкии Ҳамадон ва Анҷумани урулуҷии Аврупо ва Эрон -  Амирҳасани Шаҳриёр, ки тӯли 4 сол бо Бемористони Ибни Сино ҳамкорӣ дорад, тӯли ин ҳафта дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул

аст.   Дар ин муддат беморони зиёде барои қабул ва табобат ба назди ин мутахассис муроҷиат намудаанд. Тавре ӯ мегӯяд, дар шароити кунунии Тоҷикистон бештари беморон аз пайдоиши санги гурда шикоят мекунанд. Маълум гардид, ки   аксарияти онҳо дар марҳилаҳои авали пайдоиши санги гурда ва бемориҳои роҳи пешоб бо муроҷиате ба пизишкони маҳаллӣ ва истеъмоли ду се номгуи доруворӣ қаноат мекарданд ва чун мушкилашон боло мерафт, танҳо дар марҳилаҳои баъдӣ,  вақте ки вазъи саломатиашон бадтар мешуд, ба мо (Бемористони Ибни Сино) муроҷиат мекарданд. Албатта дар чунин ҳолат табобати чунин бемориҳое ба монанди санги гурда, ки агар аз пайдоиши он пешгирӣ нашавад, калонтар  гардида дармони он меҳнати зиёдеро талаб менамояд. Дар Бемористони Ибни Сино чун ҳама шароит ва таҷҳизоти муосир муҳайёст, дар ин самт мушкиле ҷой надорад, аммо агар беморон хоҳанд, ки хароҷоташон барои беҳдошти вазъи саломатӣ камтар бошад, пас бояд аз он пешгирӣ кунанд. Барои пешгирӣ намудан аз ин бемориҳо аксарияти бемористонҳои маҳаллӣ ҳоло имконият надоранд, зеро барои ин таҷҳизоти навтарин ва мутахассисони соҳибтаҷриба лозим аст, ки  Бемористони Ибни Сино мисоли беҳтарини он аст. Ба ғайр аз ин суғурта намудани саломатии худ, роҳи аз ҳама камхарҷ ва мусоид  барои пешгирии саломатӣ дар замони имрӯз аст, ки аз он аксарияти  кишварҳои мутараққӣ  ба ғайр аз чанд кишвари минтақаи Африқо ва чанд кишвари кафомонда аз он истифода мебаранд.  

ФОТО