БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ҷарроҳи чашм Аҳмадалии Фирдавсӣ ба Бемористони Ибни Сино меояд

Рӯзи панҷшанбе, 30-уми октябр табиби ботаҷрибаву баландихтисоси эронӣ Аҳмадалии Фирдавсӣ, ки мутахасиси бемориҳои чашм мебошад, ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Лозим ба тазаккур аст, ки Доктор Фирдавсӣ ҷарроҳи варзидаест ва бо иштироки ин мутахассис дар шуъбаи бемориҳои чашм амалҳои зиёде муваффақ анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар шуъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино табобат ва ҷарроҳии бемориҳое аз қабили ҷарроҳии узвҳои ашк, ҷарроҳии қарния (птерегиум), ташхис ва муоинаи пайвастаи  астигматизм бо интихоб намудани оинаҳои сферикӣ ва силиндрӣ, олусӣ (страбизм) (модарзодӣ) ва оризаҳои асабӣ, оризаҳои эндокринологии кӯдакон ва наврасон, табобати консервативии доғҳои дегенеративӣ ва дистрофия, таъғироти синусолӣ дар қисмҳои пеши курраи чашм, ретинопатияи дибетикӣ, оризаҳои ҷоғари заҳролудшуда ва ғайра анҷом дода мешаванд.  Хоҳишмандон метавонанд худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

Телефон барои маълумот ва тамос 44-640-01-02.

 

 

 

ФОТО