БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ташрифи Доктор Мусавибаҳор ба Бемористони Ибни Сино

Аз ҳафтаи оянда мутахассиси баландпояи бахши эндоурология, олими барҷаста ва ботаҷриба Доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор ба қабул, муоина ва муолиҷаи беморон дар Бемористони  Ибни Сино шуруъ менамояд. Ин мутахассиси варзидаи риштаи урология таҷрибаи 13-солаи гузаронидани ҷароҳиҳои урологӣ дошта, ин гуна амалҳоро дар сатҳи баланд ва бобарор анҷом медиҳад. 

Мусавибаҳор ҳатто нуқсонҳои модарзодиро дар узвҳои гурдаю роҳҳои пешоб бартараф месозад. 

Аз имконияте, ки Бемористони Ибни Сино барои шумо фароҳам меорад ва чунин табиби пуртаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ доштаро ба шумо пешниҳод менамояд истифода намоед. Агар Шумо аз мушкилоти санги гурда, шамолхӯрӣ, бемориҳои роҳҳои пешоб ва дигар намуд бемориҳои урологӣ азият мекашед, метавонед худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис кунед.

Маълумоти муфассал бо телефони 44-640-01-02 ё дар сомонаи www.ibnisino.tj

ФОТО